Нашрияи Омӯзгор

Вазъияти проблемавӣ дар дарсҳои таърих

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 187        Шарҳ: 0

 

Яке аз ҷанбаҳои муҳими таълими муосир зарурати пайваст намудани дониши хонандагон бо дунёи воқеӣ ва ҳаёти имрӯза мебошад. 

Мақсади омӯзиши фанҳои равияи гуманитарӣ на танҳо аз бар кардани маълумоти муайян, балки ҳамчунин, дақиқ фаҳмидани мазмуни донишҳои нав мебошад.    

Воситаи асосии корҳои  методӣ бояд муколама дар шакли тағйирёбии гуногун бошад. Омӯзиши муколамавӣ ба ҳалли масъалаҳои проблемавӣ ёрӣ мерасонад. Ҳам ҳангоми омӯзонидани мавзӯи нав, ҳам дар вақти такрори маводи гузашта аз усули проблемавии таълим истифода бурдан манфиатовар аст.

Методи таҳлил кадани вазъияти проблемавӣ аз ҷиҳатҳои зерин муфид аст:

- ҷалб кардани хонанда ба дарк кардани ҷаҳони иҳотакарда ва рафтори худ дар он;

-  ёд гирифтани таҳлили воқеаҳо ва аз он ба худ сабақи ҳаёт гирифтан;

- дарк кардани қобилияти худ дар бунёди ҷомеае, ки дар он худаш зиндагӣ мекунад;

- инкишоф додани фикрронии мантиқӣ ва танқидии хонанда, баровардани хулоса ва ғ.

Моҳияти вазъияти проблемавӣ ба вуҷуд овардани муҳитест, ки дар хонандагон мушкилии зеҳнӣ -психологиро ба амал меорад. Паси сар кардани ин мушкилӣ дониш ва муносибати навро барои ошкор кардани баҳои шахсӣ дар масъалаи проблемавӣ талаб мекунад.

Барои ба вуҷуд овардани вазъияти проблемавӣ омӯзгор бояд маводи дарсро тавре пешкаш намояд, ки дар хонандагон тааҷҷуб, ҳавас пайдо шуда, саволҳои «Чаро ин тавр?», «Барои чӣ?», «Охир, бояд дигар хел бошад-ку?» ба миён оянд.

Методи номбаршударо омӯзгор истифода бурда, бояд ба шартҳои зерин диққат диҳад:

- муҳим будани ҳодисаҳои рӯйдодаро хонандагон дар дарс фаҳманд;

- муҳайё сохтани муҳити боварии ҳамдигарӣ ҳангоми  баён кардани фикри худ.

Методи кор бо вазъияти проблемавӣ зинаҳои зеринро дар бар мегирад:

 1.Давраи тайёрӣ

2. Тасаввур кардани вазъият

3. Ҷудо кардани проблемаҳо

4.Таҳлили вазъият

5. Ҳалли проблемаҳо, хулосаҳо

6.Ҷамъбаст.

Шарҳи давраҳои кор ба таври  мухтасар:

1.         Давраи тайёрӣ.

Омӯзгор ҳангоми тайёрӣ дидан ба дарс вазъиятеро интихоб мекунад, ки ба муҳокимаи хонандагон пешкаш карда тавонад. Ӯ бояд маводеро интихоб кунад, ки дар он саволҳои проблемавӣ пайдо шаванд ва дар хонандагон ҳисси кунҷковӣ ҳосил шуда,  фаъолияти ояндаи худро далелнок намоянд.

2. Тасаввур кардани вазъият.

Баъд аз бо тарафҳои аниқи вазъият шинос шудан хонандагон ба як чанд савол ҷавоб медиҳанд:

- Ҳолати аниқи рӯй додани чунин вазъият чӣ гуна аст?

-Кӣ иштирокчии он ба ҳисоб меравад?

-Кадом ҳолат барои фаҳмонидани вазъият асосӣ мебошад? Барои чӣ?

-Ҳамаи тарафҳо ба ҳисоб гирифта шудааст ё ягон чизи муҳим намерасад?

Аз рӯи ҷавобҳои хонандагон муаллим мефаҳмад, ки шогирдони ӯ вазъияти проблемавиро чӣ тавр сарфаҳм рафтааст. Ин ҳолат барои гузаштан ба даври дигар муҳим аст.

2.         Ҷудокунии проблемаҳо

Дар ин зина хонандагон бояд проблемаро фаҳманд. Саволҳои иловагӣ дода фаъолияти хонандагонро ба самти даркорӣ равона карда,  фикрҳои гуногунро оид ба проблема ба миён меорем.

4.Таҳлили вазъият. Дар ин давра хонандагон фикру ақидаҳои худро аз рӯи далелҳои шахсии худ баён мекунанд. Барои гузаштани ин давра саволҳои зерин кумак мерасонад:

-Иштирокчиёни вазъият чӣ гуна фикрҳоро баён мекунанд?

-Онҳо кадом далелҳои «тарафдор» ва «муқобил»-ро пешниҳод мекунанд?

-Оқибатҳои вазъият барои иштирокчиён чӣ гуна аст?

 5. Ҳалли проблемаҳо. Хонандагон вазъияти проблемавиро бо вариантҳои гуногун ҳал карда метавонанд. Ба онҳо саволҳои зерин ёрӣ мерасонанд:

- Ба фикри шумо, вазъияти проблемавӣ бо чӣ анҷом ёфт? Барои чӣ ҳамин хел фикр кардед?

-Барои чӣ ҳамин тавр ҳал кардан даркор буд?

-Аҳамияти вазъияти ҳалшуда барои иштирокчиён ва ҷамъият чӣ гуна аст?

    6. Ҷамъбаст. Дар вақти ҷамъбасти дарс муаллим метавонад шогирдони худро пурсад: Оё вазъият ба хонандагон барои хубтар омӯхтани одамон, қадру қимати онҳо, ҷамъияте, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, ёрӣ расонид ё не? Аз бар кардани усули мазкур яку якбора натиҷа намедиҳад. Онро бояд дар давоми таҷрибаи корӣ бо зинаҳо тараққӣ дод. Вақте ки хонандагон таҳлили вазъияти проблемавиро меомӯзанд, он вақт метавон проблемаҳои душвортарро пешниҳод намуд.

Бозоргул РАҲМАТОВА,

омӯзгори  таърихи

мaктаби байналмилалӣ дар

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш