Нашрияи Омӯзгор

Омили рушди касбияти омӯзгор

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 458        Шарҳ: 0

 

Мусаллам аст, ки баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва дониши хонандагон ба малакаю маҳорати омӯзгор вобастагии зич дорад.

Тибқи «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» омӯзгорон бояд аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаранд ва савияи донишу маҳорати касбии худро боз ҳам баланд бардоранд.

Зеро пайваста омӯхтани навигариҳои илму технологияи ҳозиразамон ва такмили ихтисос дар баланд бардоштани неруи зеҳнии омӯзгор нақши муҳим дорад.

Ба андешаи ман, хуб мешуд, ки муҳлати аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла, омӯзгорон ба мисли аттестатсия аз 5 сол ба 3 сол тағйир дода мешуд. Чунки дар муддати 5 сол дар соҳаи маориф санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии зиёд қабул карда мешавад, усулҳои навтарини гузаштани дарсҳо пайдо шуда, барномаҳои нави таълимӣ ва китобҳои дарсӣ нашр мегарданд, ки омӯзгор аз омӯхтани онҳо қафо мемонад.

Қобили зикр аст, ки бештари курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон 30 рӯзро ташкил дода, дар мавсими тобистон ба давраи рухсатии меҳнатии онҳо рост меоянд.

Қисми дигари курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар давраи таътили байни чорякҳои сол (14-16 рӯз) ташкил карда мешаванд, ки дар натиҷаи он омӯзгорони баъзе фанҳо аз машғулиятҳои фаннӣ дар канор мемонанд ва барномаи таълимӣ пурра иҷро намегардад. Аз ин лиҳоз, дар давраи таътилҳои байни чорякҳои соли таҳсил ва дар фасли тобистон ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии сайёр барои омӯзгорон дар маркази шаҳру ноҳия ба мақсад хеле мувофиқ аст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар филиалҳои ДҶТИБКСМ, ки дар маркази минтақаву вилоятҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, мутахассисони варзидаю баландихтисос намерасанд.

Омӯзгороне, ки ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мераванд, оид ба навгониҳои соҳаи маориф, усулҳои нави таълим, тағйироти китобҳои дарсию барномаҳои таълимӣ бардошти зарурию дилхоҳ гирифта наметавонанд.

Албатта, ҳамаи ин ба сифати таҳсили хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд.

 

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор     


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш