Нашрияи Омӯзгор

Интихоби касб аз мактаб оғоз мешавад

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 132        Шарҳ: 0

 

Шакли кори роҳнамоии касбӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ тавсия карда мешавад, ин, пеш аз ҳама, ташкил намудани синфхонаи «Интихоби касб» мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайнро ба он водор мекунад, ки фарзандонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ тарбия намуда, барои  гирифтани маълумоти пурраи онҳо мусоидат кунанд.

Раҳнамоии касбӣ  яке аз қисматҳои фарҳанги умумибашарӣ буда, дар шакли ғамхории ҷамъият барои ташаккули касбии насли наврас, дастгирӣ ва инкишофи истеъдодҳо инчунин, гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои махсуси психологию педагогӣ, психофизиологӣ, тиббӣ ва давлатии мусоидат ба шахс дар худмуайянкунии касбӣ ва интихоби намуди мувофиқтарини касб бо дарназардошти шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилият, ҳолати иҷтимоию иқтисодии бозори меҳнат ва талаботи ҷамъият ба касбҳо зоҳир мегардад.

Дар машваратҳои гурӯҳӣ, семинар – машварат, вохӯрӣ бо собиқадорони меҳнат, ҳафтаи интихоби касб ва роҳнамоӣ ба касбҳои замонавӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ аз аҳамият холӣ нест.

Волидайн, омӯзгорон, мураббиён ва фаъолони ҷамъиятиро зарур аст, ки роҷеъ ба интихоби касби кӯдакон ва наврасон, бо дарназардошту баҳисобгирии талаботи бозори меҳнат, ҳанӯз аз синни томактабӣ кор баранд. Дуруст аст, ки мақсаднок бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ оид ба интихоби касб ба ҷаҳонбинӣ, маълумотнокӣ ва истеъдоди муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, бахусус, боғчаву мактаб ва мураббиёну омӯзгорон, аз ҷумла, роҳбарони синф вобастагии зиёд дорад.

Аввалан, мураббиёни боғчаҳо ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ, бо таҷрибаи зиёд, солҳои тӯлонӣ бо хислат, дарку ҷаҳонбинӣ ва қобилияту истеъдоди шогирдони худ шинос гашта, оид ба касби интихобнамудаи онҳо бо падару модари шогирдон машварат намоянд.

Бинобар ин, зарурате пеш меояд, ки оид ба интихоби касб дар муассисаҳои таълимӣ нақшаи корӣ таҳия намуда, чорабиниҳои банақшагирифтаро дар давоми соли хониш пайваста ва зина ба зина амалӣ намоянд.

Бисёр хуб мешуд, ки ҳанӯз аз оғози дарс мо барои ҳар як хонанда дафтари алоҳида кушоем ва хоҳишу дарки дар оянда, кӣ шудани шогирди хешро қайд намоем. Дар синфҳои минбаъда майлу рағбат ва орзуи ҳар як хонандаро то хатми муассиса дар дафтари номбурда сабт кунем. Албатта, мақсад ва ташкили ин кор танҳо барои ном ва ба таври таваккалӣ пур кардани ин дафтар нест.  Мақсад он аст, ки муаллим ва роҳбари синф, новобаста аз он ки хонанда дар кадом синф таҳсил менамояд, ба умеди дарки майлу хоҳиш, маҳорату қобилият ва орзуву омоли хонандагон ҳамкорӣ намоянд. Аз тарафи дигар, ташкилу гузарондани соатҳои тарбиявӣ оид ба интихоби касб (агар мо ба чунин дарсҳо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ, истеҳсолот, илм,  тиб ва дигар идораҳои қудратиро даъват намоем), боиси муассирии кор мегардад.

Содир намудани иштибоҳ ҳангоми касбинтихобкунӣ хонандагони боистеъдодро аз мадди назар дур намуда, ба сарфи беҳудаи маблағҳои давлатӣ оид ба тайёр намудани мутахассисон оварда мерасонад.              

 

Акобир Риоев,

корманди ДҶТИБКСМ,

Гулчеҳра Хоҷаева,

директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии

№55-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш