Нашрияи Омӯзгор

Ҳам бо бӯр, ҳам бо қалам

Сана: 2020-03-12        Дида шуд: 131        Шарҳ: 0

 

Ёд дорад, падараш, амаки Маҳмадҷон рӯйи кат биншаста буду пандаш медод, ки  ба таҳсил идома бидиҳад. Навакак имтиҳоноти хатми мактаби миёнаро супурдаву шаҳодатномаи баҳоҳо дар даст дар баҳри хаёлот ғарқ шуда буд.

Ба кадом мактаби олӣ ҳуҷҷат бисупораду донишҷӯ шавад? Вай, ки ба навиштани хабару мақола ва лавҳаю ҳикоятҳои хурд машғул мешуду эҳсоси ширину марғуби қаламкаш шудан ҳамвора қалбашро ба ангезишу изтироб меовард, назди падар шармгину андешаманд меистод. Ҳанӯз дар синфи чорум таҳсил мекард ва навиштани мақолаю лавҳаро машқ мекард. Ниҳоят, мақолае иншо намуд бо номи «Писархонд», ки дар бораи Рустам ном писараке нақл мекард. Рустамро иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳон, бобои Мардон  фарзанд хонда, ба тарбияи худ мегирад. Мақоларо навишта, ба лифофа андохт Зулфия ва ба суроғаи маҷаллаи «Машъал» ирсол намуд. Бо дастгирию маслиҳатҳои корманди маҷалла, журналисти варзида Насибҷон Амонӣ оқибат чоп  шуд мақола дар маҷаллаи «Машъал». Шодию хурсандии Зулфияро интиҳо набуд. Ба  вай аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ хонандагони таълимгоҳҳо нома менавиштанд.

Ҳамин тавр, мукотибаи хонандагон бо вай оғоз гардид. Зулфия ҷиддан ба таълифи мақолаю лавҳаҳои хурди лирикӣ шурӯъ кард. Дар синфҳои болоӣ навиштаҳояш дар рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон» зуд-зуд чоп мешуд. Бо нашрияи мазкур ҳамкории густурда ба роҳ монд. Бо маслиҳату пешниҳоди қиблагоҳаш ба коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил гардид. Аз он ки  бародарбузург  ва апааш низ  омӯзгор буданд, падар (омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик) талқинаш кард, ки вай низ оянда муаллим шавад. Зулфия ба таҳсил идома доду коллеҷро бомуваффақият хатм кард, вале дар ин муддат ҳеҷ аз навиштан худро канор нагирифт.

-Оташи шавқу рағбати  чизе навиштан муттасил дар дилам шуъла мезад ва  наметавонистам ором бинишинам. Ҳатман лавҳа ё ҳикояи хурде иншо мекардам,-мегӯяд Зулфия ва меафзояд, ки баъди коллеҷро ба итмом расондан ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил шудам ва доираи  ҳамкорию робитаам бо нашрияҳои ҷумҳуриявӣ васеъ гардид. Дар нашрияҳои «Омӯзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Шамъи ирфон» (нашрияи раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат) мақолаҳоям чоп мешуданд ва маро ин ҳолати нишотангезу фараҳафзо бештар ба навиштану эҷод кардан илқо менамуд.  Чун дар мактаб фаъолият мекунам,  асосан дар мавзӯъҳои рушди соҳаи маориф тайи солҳои  соҳибистиқлолӣ, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, усулу шеваҳои навини дарсӣ, заҳмати ҳамкорон ва амсоли инҳо мақолаҳо менависам, ки аз ҷониби устодону  омӯзгорон хуш пазируфта мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки Зулфия Султонова ибтидо дар мактаби №3-и шаҳри Ваҳдат ба пешаи омӯзгорӣ машғул гардида, ба хонандагони синфҳои поёнӣ сабақ меомӯзонд.

-Рӯзҳои аввали фаъолиятам дар мактаб, воқеан ҳам, ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидам,- изҳор медорад З.Султонова. Дар синфи 1, ки ба ман бовар карда супурда буданд, дарс мегузоштам ва азоб мекашидам. Ба хонандагони ин синф омӯзондани ҳарфу ҳиҷо, талаффузи дурусти овозҳои нутқ, калимасозӣ ва ҳамбаста ба ин, рӯҳияву психологияи   ҳар як хонандаро донистану дарк кардан, «ноз»-и иддае аз онҳоро таҳаммул намудан, ростӣ, амали саҳлу содае набуд. «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд»,- гуфтаанд. Устодону омӯзгорон ба дарсҳоям даромада, ҳусну қубҳи машғулиятҳоямро хотиррасон мекарданд, дилсӯзона маслиҳатҳои дӯстона медоданд. Дар навбати худ, ман ҳам ба дарсҳои ҳамкорони таҷрибаманд ворид гардида, усулу шеваҳои вижаи методии онҳоро меомӯхтам, дар дарсҳоям аз он ҳама истифода мекардам. Оҳиста-оҳиста «сирр»-и корро омӯхтаму дарёфтам. Ба андешаи ман, ҷавҳари фаъолияти омӯзгори асилро дар таълимгоҳ танҳо заҳмату ранҷ кашидан ва баҳри ояндаи дурахшони шогирдон шабҳои зиёдеро бо бедорхобӣ ба субҳ расонидан ташкил медиҳад. Зулфия Султонова айни ҳол дар мактаби №16-и пойтахт дар синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. Натиҷаҳои бадастовардааш назаррас  мебошанд. Аз ҷумла, шогирди муаллима Фотима Мирзоева дар озмуни шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» фаъолона иштирок намуда, бо Сипосномаи Сарраёсати маориф қадрдонӣ гардид. Хонанда Самира  Султонова бошад, дар озмуни «Хушнависӣ» дар муассиса ғолиб баромада, ба даври  ноҳиявӣ роҳхат гирифт…

Гуфтем,  ки Зулфия Султонова ба эҷоди ҳикояву қиссаҳо ва дастуру васоити методӣ низ шуғл меварзад. То ин дам муаллима дастурҳои методии «Ҳарфҳои сухангӯ», «Афсонаҳои кайҳон»-ро барои хонандагону омӯзгорони синфҳои поёнӣ ба табъ расондааст. Ҳамчунин, ҳикояву қиссаҳои муаллима – «Розҳои нуҳуфта» ва «Корвони ишқ» чоп гардидаву мухлисону хонандагони зиёде пайдо кардааст. Муаллима ният дорад, ки аз таърихи таъсиси мактаби №25-и деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор асаре иншо намояд.

Феълан, вай маҷмӯаи нави ҳикояву қиссаҳои худро ба чоп омода намудааст.

…Зулфия аз хона берун мебарояд. Роҳ ба сӯйи дабистон мегирад. Якбораву нохоста дар оинаи хаёлаш ҳамон айёми дури талабагияш ба пайдо меояд.

Падараш дар кат нишаста, ба ӯ менигарад. Ҳолпурс аст нигоҳаш. Зулфия дар даст шаҳодатномаи хатми мактаб банди хаёлот аст. Таҳсилро бояд идома дод…

Дар воқеъ, бонуи саодатманду хушрӯзгорест муаллима, ки ҳам бо қалам сару кор дорад, ҳам бо шогирдони мактаб. Ҳеҷ гоҳ хасташавиро ҳис накардааст.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш