Нашрияи Омӯзгор

Суннатулло зебоӣ меофарад

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 168        Шарҳ: 0

 

Суннатулло Файзуллоев яке аз ҷавонони фаъоли ноҳияи Файзобод ба ҳисоб меравад. Аз овони хурдӣ   дар дилаш завқи зебоипарастӣ бедор гардида, аввалан ба тасвири манзараҳои диёр ва баъдан ба эҷоди шеър пардохта, то имрӯз дар пайи омӯзиш ва эҷоду зебоиофарӣ мебошад. 

Дар баробари эълон гардидани  солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Суннатулло дар рӯйи тангаҳои гаҷӣ иншооти рамзии ноҳияро тасвир намудааст, ки диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Яке аз ҷолибтарин маҳсули дастони Суннатулло  ин намунаи мақбараи Ҳоҷаи Ҳотам мебошад. 

Гаҷкорӣ яке аз ҳунарҳои  маъмул дар санъати меъморӣ ба ҳисоб меравад. Ҳунармандони гаҷкор вобаста ба замон ба тарзу усулҳои ба худ хос асарҳо офаридаанд, ки аз ҳамдигар тафовут доранд. Дар минтақаҳои Осиёи Миёна ҳунармандони гаҷкор бештар нақшҳои миллиро истифода бурдаанд, ки дар санъати меъмории ҷаҳон мавқеи намоён дорад.

Ба андешаи Суннатулло, усули гаҷкорӣ – қолабрезӣ нозукиҳои хоси худро дошта, асосан ба минтақаҳои Осиёи Миёна ва кишварҳои Шарқӣ мансуб мебошад.

- Гаҷкорӣ нозукиҳои хос дорад, ки бояд ҳар як гаҷкор аз рӯйи амали иҷрошаванда эҳтиёткорона кор кунад. Роҳ додан ба хатои кӯчак метавонад боиси аз байн рафтани заҳмати чандинрӯзаи гаҷкор гардад. – мегӯяд Суннатулло. Дар тамоми дунё гаҷкориро ҳамчун усули меъморӣ истифода баранд ҳам, гаҷкори ҷавони файзободӣ бо истифода аз ҳунари худ тавонистааст армуғонҳои гуногун омода намояд. Маҳсули дастони Суннатулло дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия ба намоиш гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб менамояд.

 

Хушдил БЕГОВ,

ходими илмии Осорхонаи

таъриху кишваршиносии

 ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш