Нашрияи Омӯзгор

Муборизаро пурзӯр бояд кард

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 164        Шарҳ: 0

 

Ҳар як фард бояд дарк намояд, ки коррупсия кирдори  номатлубест, он пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси коста гардидани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон ва  тавозуни он низ аз байн меравад.

Барои  пешгирии ҳама навъи ҷинояту ҷинояткорӣ  ва мубориза бо коррупсия 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия  қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси байналмилалӣ зиёда аз 100 давлати дунё, аз он ҷумла, ҷумҳурии мо низ зери ин конвенсия имзо гузоштаанд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф  намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии  давлатӣ, таъмини шаффофият  ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати  давлатии молиявӣ  ва мубориза бо  коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун  мақоми махсусгардонидашуда  таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, ,,Стратегияи  мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва  ,,Стратегияи  муқовимат ба коррупсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардидааст.

Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст.

Бо мақсади пурзур намудани  мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, аз ҷониби  кормандони сохторҳои мухталифи ҷомеа  чораҳои зарурӣ  андешида шудааст, вале ин кифоя нест. Дар мубориза бар зидди коррупсия тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошанд. Танҳо дар ҳамин  сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем

Фирӯза Раҳмонова,

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи

мактаби № 100,

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш