Нашрияи Омӯзгор

Рӯзгори ибратбахш

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 131        Шарҳ: 0

 

Модар фарди дарёдилесту хоҳони бо меҳри бекаронаш лабрез намудани оламу одам. Ӯ дунёро орому осоишта, тифлонро хандон, чеҳраҳоро шод ва чашмонро дурахшон,дилҳоро соф ва инсонҳоро соҳибмаърифат дидан мехоҳад.

Яке аз чунин модарони фарҳехта Зубайда Раҷабова мебошад. Ӯ модарест, ки нуҳ фарзанд тарбия намуда, ба камол расонидааст ва ҳамаи фарзандонаш дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мавқеи шоистаи худро ёфтаанд, ҳамагӣ соҳиби маълумоти олианду саъй ба созандагиву бунёдкорӣ менамоянд. Зубайда Раҷабова дар водии Зарафшон ҳамчун  тарбиятгари варзида ва бону ҳунарманд номвар мебошад.

Ӯ ҳамсари генерали шодравон  Олмуҳаммади Раҷаб аст. Зубайда ва Олмуҳаммад кӯшидаанд,то фарзандони худро накуному накурой, худогоҳу худшинос ва хоксору  маърифатманд ба воя бирасонанд ва ба ин комёб ҳам шудаанд. Ҳамсари Зубайда -  Олмуҳаммади Раҷаб бо аҳли илму адаб - Лоиқ Шераливу Убайд Раҷаб, Камол Насруллову Гулназар Келдӣ, қутбӣ Кирому Султон Сафар ва даҳҳо дигарон дӯст буду  бародарвор робита дошт.  Ин бузургон тез-тез бо ҳам меомаданд ва нишастҳои хуби шеъру шоирӣ баргузор менамуданд. Дар ин нишастҳо суҳбатҳои пурмуҳтавое аз мазмуни ашъори бузургон, аз ростиву росткорӣ, накуиву накӯкорӣ  доир мегардид ва фарзандон аз ин ҳарфҳо баҳра мебардоштанд.

Дар яке аз чунин нишастҳо шоир Камол Насрулло ин мисраъҳоро ба Олмуҳаммад бахшид:

Зи зеби Оли Сомон - Олмуҳаммад,

Бинои туст аз хоки муҳаббат.

Саропои ту дижи родмардист,

Ба ҷонат шукру бар ҷадди ту раҳмат.

Натиҷаи  заҳматҳои волидон буд, ки се духтар – Замира, Фирӯза ва Назираи Олмуҳаммад пешаи омӯзгориро пазируфтанд ва тамоми ҳастии худро барои тарбияи насли наврас ва ҷавони ҷомеа бахшиданд. Ҳар се духтар сазовори унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Бародарон низ дар мақомоти бонуфузи кишвар кор мекунанд, соҳибобрӯянд.

Рӯзгори Зубайдаи Раҷаб ва Олмуҳаммади Раҷаб ва волидоне мисли онҳо дарси ҳаёт аст, алалхусус, ба ҷавонони имрӯза.

 

Назира ФАЙЗИЕВА,

муовини директори мактаби №50-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш