Нашрияи Омӯзгор

Андешаҳои ҷаҳонсози ҷавонон

Сана: 2020-03-05        Дида шуд: 117        Шарҳ: 0

 

Дар марҳилаи навини таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқишаю баҳсҳо маҳз бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи таърихӣ, файзи фарҳанги миллӣ ва хиради ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати тоҷикон гузошта шуд. Дар маросимҳои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт.  Сиёсати давлатии ҷавонон, ки дар шароити кунунӣ ҳамчун ҷузъи қавии сиёсати куллии давлати тоҷикон шинохта шудааст, як рукни муҳими хешро дар шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон, сабақбардорӣ аз дастовардҳои таърихии аҷдодӣ ва дар ин замина таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ сомон бахшидааст. Ба ҳар оила тақдим гардидани китоби безаволи “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров самтҳои хоси шинохти арзишҳои миллии гузаштаро муқаррар намуда, сабақҳои шоиста ва пешбарандаро дар ҳаёти маънавӣ ва фикрии мо, ҷавонон, ангезиш медиҳад. Ин меъёри маърифати арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон барои густариши фикрӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллии ҷавонон омили муассир маҳсуб мешавад.

Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар миёни ҷавонон сол аз сол вусъат пайдо менамояд. Ин аз он дарак медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди давлати имрӯза барои тарбияи фикриву маънавии насли наврас нақши рӯшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва баромади аксари онҳо дар рӯҳияи худогоҳона аз ин дарак медиҳад. Дар ҳамин фазои мусоид ва амалияи пурифтихор буд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ мепайванданд.

Маҳз бо шарофати ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рӯзгори насли ҷавони кишвар падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастанд. Дар канори таъсиси мақомоти давлатии танзими фаъолияти ҷавонон дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нуфузи бештаре пайдо намуд. Таъсис ёфтани ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон, дар ҷалби бештари ҷавонон барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва рӯи кор омадани осор ва корҳои илмии судманди олимони ҷавон нақши муассир гузошт.

Масъулиятшиносӣ, муҳаббат ба илм ва шавқу шӯри беандозаи ҷавонони моро нисбат ба омӯзишу парвариш дар ин самт метавон сабақе аз шинохти дастовардҳои ниёгони шарафманд маънидод кард.

Ба ин монанд дар дигар соҳаҳои ҳаёти моддию маънавии ҷомеа нақши рӯшани ҷавонон эҳсос мешавад, ки аз маърифати арзишҳои дирӯзу имрӯз сарчашма мегирад. Ба ибораи дигар, шинохти арзишҳои маънавии гузаштагон барои эҷоди арзишҳои нави маънавӣ дар ҷомеаи кунунӣ замина мегузорад, ки ташаббускори асосии эҷоди ин арзишҳо, пеш аз ҳама, ҷавонони кишвар мебошанд.

Бо дарки амиқи шинохти арзишҳои маънавӣ боварии комил дорам, ки минбаъд ҷавонони мо низ бо шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ метавонанд ҳаёти хеш ва сокинони мамлакатро ғанитар гардонанд ва барои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷаҳони тозаву нав эҳдо намоянд.

 

Сайрам Иброҳимова,

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, омӯзгори мактаби ба номи Гётеи

шаҳри Хуҷанд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш