Нашрияи Омӯзгор

Неруи тавонову рушдбахш

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 149        Шарҳ: 0

 

Бидуни фаъолияти бавусъату густурдаи занон пешрафту муваффақияти ҷомеаро тасаввур кардан имконнопазир аст. Занон, воқеан ҳам, неруи муқтадиранд ва тавоноии онҳо дар паҳнои таърих борҳо собит шудааст.

Ҳикмати машҳури «зан-модар бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро такон медиҳад» башоратгари бузургию қудрати бонувон мебошад. Аз ин ҷост, ки дар ҳама гуна ҷомеаи пешраву мутамаддин ба мақоми занон арҷ мегузоранд ва неруи онҳоро дар сатҳи баланд истифода мебаранд. Ҳамин гуна муносибати шоиста дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ нисбат ба занон роҳандозӣ шудааст. Дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба занон мавқеи  махсус дорад. Аз оғози марҳилаи аввали роҳбариашон ба ҷумҳурӣ, ки ба даҳсолаи охири садаи бистум рост меояд, Сарвари кишвар кӯшиш бар он намудаанд, ки бонувони фаъолро ҳар чӣ бештар ба вазифаҳои баланд таъйин бикунанд. Президенти ҷумҳурӣ борҳо зимни мулоқоту суханрониҳояшон иброз доштаанд, ки ба неруи тавонои занони тоҷик эътимодманданд, ба онҳо бовар мекунанд ва онҳоро дар корҳои роҳбарӣ низ дасти гирову муқтадир медонанд. Сардори давлати тозаистиқлоли тоҷикон дар ҳамон марҳила ба роҳбарони шаҳру ноҳияву вилоятҳои мамлакат низ супоришу дастур дода буданд, ки занонро дар маҳалҳо  ба кори сарварӣ ҷалб намоянд, бо онҳо ҳамкории доимиву пурсамар дошта бошанд, эҳтирому эътиқод ба бонувонро дар маркази диққаташон қарор бидиҳанд. Як ҳодисаи таърихӣ ва нишотбахш дар ҳаёти занони мамлакат он буд, ки соли 1999 бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҷалби бештари занони бомаърифат дар корҳои идораи давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар натиҷаи татбиқи талаботи ин фармон  шумораи бонувое, ки ба зинаҳои гуногуни роҳбарӣ тавсия шуданду бомуваффақият оғозу идомаи кор карданд, дар маҷмӯъ, нисбат ба давраи то қабули фармон наздик ба ду баробар афзуд. Соли 2001 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули  духтарон аз минтақаҳои дурдаст ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2001-2005» қабул шуд, ки ҷиҳати дар оянда афзудани сафи бонувони роҳбар, махсусан, дар манотиқи дур аз марказ заминаи созгор фароҳам овард. Дар марҳилаҳои минбаъдаи ҳаёти кишвар низ бо ибтикороту дастурҳои Сарвари кишвар барои батадриҷ боз ҳам боло бурдани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои мушаххасу корагар  андешида шудаву роҳандозӣ гардиданд.

Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллатамон ҳамеша дар радифи муҳимтарин  масоили марбут ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ ба масоили ҳамбаста ба зиндагиву фаъолият ва нақшу мақоми бонувон таваҷҷуҳ зоҳир  карда мешавад.

Воқеияти ин нуктаи муҳимро мо дар Паёми навини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 26 декабри соли гузашта ироа гардид, низ мушоҳида намудем. Дар ин Паёмашон Сарвари кишвар бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки «занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар  рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд». Ҳамзамон, Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки «ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад». Дар ҳақиқат, бонувон бо фаъолияти бавусъату тозакоронаи худ, бо азму иродаи қавиашон ва бо неруи созандаву аъмоли неку  хисоли ҳамидаашон кайҳо собит кардаанд, ки воқеан ҳам, сазовори боварию эътимоди Сарвари кишваранд ва дар тамоми ҷабҳаҳо бо  камоли масъулият, бо садоқатмандӣ ва ҷидду ҷаҳди комил кор   мекунанд. Далели барҷастаи тавонмандии занон фаъолияти онҳо дар соҳаи маориф мебошад. Чунонки Сардори давлат  гуфтанд, бонувон аз ҳама бештар маҳз дар соҳаи маориф кор мекунанд ва муваффақанд. Аксари  таълимгоҳҳои мамлакатро, махсусан,  дар шаҳрҳову марказҳо    занон роҳбарӣ менамоянд. Бонувон табиатан ба таълиму тарбия гаравиш  доранд ва нисбат  ба тақдири насли наврас масъулияти комил зоҳир мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо барои пешрафту шукуфоии минбаъдаи Ватани азизу соҳибистиқлоламон нақши муассиру пурбаракат мегузоранд.

Зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат, ҳамчунин, изҳори боварӣ карданд, ки дар интихоботи навбатии Маҷлиси  намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон меафзояд ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард. Имрӯз дар арафаи интихобот мо бо ҳайати бонувони номзад ба вакилӣ шинос  шуда, ба заминаи қавӣ доштани ин боварии  Сарвари кишвар эътимод мебандем. Воқеан ҳам, ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ теъдоди зиёди бонувони соҳибхираду кордон ва  огаҳ аз масоили давлатдорию қонунгузорӣ пешниҳод шудаанд ва бовар дорем, ки муваффақ мегарданд.

Нуктаҳои зерини Паёми Президенти ҷумҳурӣ бори дигар аз эҳтирому эътимоди махсуси Сарвари кишвар нисбат ба бонувон гувоҳӣ медиҳанд: «Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ  менамоем».

Ин гуна эҳтирому эътимоди самимӣ ва мавқеъгирии қатъӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои бонувони кишвар ҳам манбаи илҳому ҳам муҷиби  ифтихор асту ҳам неруи масъулиятафзо. Дар ин замина занони Тоҷикистон минбаъд низ дар мақому мансабу  вазифаҳои ишғолнамудаи худ  фаъолу кӯшо ва тозакору пешбар хоҳанд буд.

Санавбар Раҷабова,

рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш