Нашрияи Омӯзгор

Аз фарҳанги бегона дурӣ бояд ҷуст

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 141        Шарҳ: 0

 

Солҳои охир зуҳуроти бадбинию нафрат, коштани тухми адовату низоъ дар байни сокинони ину он кишвар (мамолики Ироқ, Афғонистон, Сурия…), ташкили дастаю гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористию экстремистӣ, ки ҳадафашон халалдор гардондани ҳаёти осоиштаи одамон ва ба ин васила, барҳам додани сохти устувори давлатдории як мамлакат мебошад, вусъат гирифта, ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфу хатар эҷод намудааст.

Қатлу куштори одамони бегуноҳ, ба харобазор табдил додани шаҳру мамолики ободу тараққикарда, ҷо намудани эҳсоси тарсу воҳима дар ниҳоди сокинони бесарпаноҳу фалокатзада аз самтҳои амалиёти тарҳрезишудаи ҳаракату аҳзоби динӣ – фундаменталист ва давлати ба ном исломии Ироқу Шом маҳсуб меёбад, ки қурбониёни зиёде ба бор овардаанд. Саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз дини ислом ба сифати яроқи идеологӣ истифода бурда, тавассути шабакаҳои мухталифи интернетӣ ғояҳои хатарзою бадбинонаи худро дар зеҳни одамон ҷой кардан мехоҳанд. Ҷавонони асолатбохта, ки аз фаҳмишу дарки воқеии ҷангҳои даҳшатзо дар Шарқи Наздик ба сабаби камсаводӣ, бемутолиагӣ ва надоштани ҷаҳонбинии васеъ иттилою огаҳии дақиқ надоранд, зуд фирефтаи ин «гургони борондида» гардида, ба доми тазвиру найранги онҳо гирифтор мешаванд. Таълимоти дурӯғини роҳбарони ҳаракату аҳзоби террористӣ дар хусуси иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон, ваъдаи биҳишту ҳавзи Кавсар, савоби ҷиҳод ва қатли ҳамҷинси хеш ва амсоли ин, бадбахтона, ба тафаккуру фаҳмиши иддае аз ҷавонони гумроҳи тоҷик низ бетаъсир намонда, эшон аз пайи анҷом додани амалҳои террористӣ ва бад-ин сурат, сар задани фоҷиаю даҳшатҳои зиддиинсонӣ мегардад. Қатли сайёҳони амрикоӣ дар мавқеи Себистони Данғара, ҳуҷуми мусаллаҳона ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, кӯшиши ба қисми низомӣ ворид гардидан дар мавзеи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ва ғайра амалҳои хатарзо бозгӯйи «ҳидоятҳои» саркардагон ва ҳоҷагони неруҳое мебошанд, ки бо ваъдаи маблағҳои ҳангуфт анҷом дода шудаанд. Ҷойи нигаронист, ки ҳанӯз ҳам ҷавононе дар ҷомеа вомехӯранд, ки ба ваҷҳи надоштани саводи кофӣ, бемутолиагӣ ва дар маҳдудаи фикрӣ қарор доштан ба фарҳанги бегона тақлиди кӯр-кӯрона карда, либосҳои дарози ҳоҷиёна ба бар карда, риши аз қабули табъ дур гузошта, дар роҳу ҷодаҳо ба носеҳии одамон мепардозанд. Як идда духтарону бонувон бо баҳона, аз чашми номаҳрам дур будан» рӯймолу либосҳои сиёҳро ба бар мекунанд, ки танҳо чашмонашон менамояду халос. Ин ақидаю фаҳмиши ботилро бояд дар ҷамъомаду чорабиниҳои мактабӣ, бахусус, машғулиятҳои тарбиявӣ аз зеҳни насли наврас мо, омӯзгорон, берун созем.

 

Назира НАЗАРОВА,

директори мактаби №16-и

ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш