Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи мусиқишиносони оянда

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 152        Шарҳ: 0

 

Имсол ба таъсисёбии  коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов 75 сол пур мешавад. Коллеҷи мазкур ҳанӯз соли 1945 ҳамчун   омӯзишгоҳи мусиқӣ ташкил  ёфта, шонздаҳ сол пеш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдили ном кард.

Ҳадафи ин муассисаи фарҳангӣ тайёр кардани мутахассисони соҳаи мусиқӣ, аз ҷумла, навозандагиву сарояндагист. Ҳамчунин шогирдони ин мактаби мусиқӣ аз рӯйи нақшаи пешниҳоднамудаи Вазорати маориф ва или Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои фанниро ба монанди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ азхуд мекунанд. Ҳоло дар колллеҷ    донишҷӯён дар ёздаҳ шуъба ба шакли таҳсили рӯзона ва дар ҳашт шуъба ба шакли таҳсили ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

- Мо дар ҳамаи шуъбаҳо  омӯзиши дарсҳои мусиқишиносӣ, фортепиано, дирижёри хори академӣ, созҳои тории оркестрӣ, нафасӣ ва зарбии оркестрӣ, оркестри халқӣ, сурудхонии академӣ, анъанавӣ, режиссура (ороиши овоз), санъати эстрада (мусиқии созӣ ва сурудхонӣ) – ро мақсаднок  ба роҳ мондаем, - иброз дошт зимни суҳбат директори коллеҷ Баҳодур Давлатзода. Дар муассиса омӯзгорони  соҳавиро вобаста ба таҷрибаи корӣ ва аз рӯйи ихтисос ба таври озмун ба кор қабул кардаем. Аз ҷумла, устодону омӯзгорон соҳибтаҷриба Орифов, Е. Тиллоева, И. Валиев, И. Мастов, Ҷ. Хоҷаев, А. Немонов мекӯшанд, ки мутахассисони баландихтисосро тарбия намуда, ба ин васила шогирдон аз нозукиҳои касби инихобнамудаашон баҳравар гарданд.

Боиси ифтихор аст, ки аксари хатмкардаҳои коллеҷ минбаъд  барои мукаммал гардондани савияи дониш ва маҳорати касбиашон  таҳсили худро дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  идома медиҳанд. Як қисми дигар барои фаъолият  дар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва ҳамчун омӯзгорони суруд ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ  фаро гирифта мешаванд.

Айни замон дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи коллеҷ 376 нафар (175 нафарашон ба тариқи  шартномавӣ) шаҳрванд аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, - иброз дошт директори коллеҷ. – Риояи талаботи умумӣ, фазои хуби фарҳангиву ҳамдигарфаҳмии байни шогирду устод имкон додааст, ки барномаҳои таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илм ва ҳам Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, бо сифати баланд иҷро гарданд. 

Бино ба иттилои Баҳодур Давлатзода, яке аз сабабҳои ба пешравӣ ноил гардидани муассиса ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳост. Яъне, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён ҳеҷ монеа вуҷуд надорад. Шогирдон дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ, аз  ҷумла, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Сад-риддин Айнӣ, Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов  ва ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таҷриба  меомӯзанд.

Мутаассифона, дар баробари пешравиҳо баъзе камбудиҳо низ ба назар мерасанд, ки  ислоҳи онҳо ногузир аст. Масалан, соли таҳсили 2018 – 2019 барои бесабаб иштирок накардан дар дарсҳо даҳ нафар донишҷӯ аз коллеҷ хориҷ карда шуданд. Ба ҳафт нафар бо сабабҳои гуногун ҳуҷҷатҳояшон баргардонида шуда, ду нафари дигар бо сабаби ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан аз сафи донишҷӯён хориҷ гардиданд. Дар нимсолаи аввали  соли таҳсили  2019  ба коллеҷ (117  нафар рӯзона ва 16 нафар ба таври ғоибона) дохил шуданд. Ҳамзамон, нуздаҳ нафар собиқ донишҷӯ ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона барқарор гардиданд.

Бино ба таъкиди Б. Давлатзода, дар солҳои охир оид ба иҷрои корҳои таълимӣ – методӣ, гузарондани имтиҳоноти техникӣ  ва консертҳои академӣ, тартиб додани дастурҳои таълимию методӣ, гузаронидани мониторинги сифати таълим, озмунҳои фаннӣ, конфронсҳо, санҷишу имтиҳонот пешравиҳо дида мешавад. Зеро масъалаҳои мазкур ба таври ҳамешагӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои омӯзгорон ва маҷлисҳои назди директор муҳокима гардида, қарору чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Чунонки Б. Давлатзода иброз дошт, донишҷӯёни  коллеҷ чун дигар шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳуриамон  дар озмунҳои фаннӣ иштироки фаъолона доранд.

Барои беҳбудии раванди таълиму тарбия ва ғанӣ гардондани хазинаи китобхонаи коллеҷ дар нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 5005 сомонӣ китобҳои таълимӣ ва бадеӣ харида шуд. Фонди китобхона аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус бо китобҳои тахассусии таълимӣ тадриҷан зиёд гардид.Бояд афзуд, ки шогирдони коллеҷ қариб дар ҳамаи ҷашну маҳфилҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ иштироки фаъолона менамоянд.   

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш