Нашрияи Омӯзгор

Артиш – мактаби ҷасорат

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 157        Шарҳ: 0

 

Дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мизи  мудаввар дар мавзӯи «Артиш-мактаби ҷасорат» баргузор гардид. Ҳамоишро муовини аввали ректори ДҶТИБКСМ Шоҳсафар Акобиров ифтитоҳ бахшид. Сипас, сардори зершуъбаи 4-уми Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур, подполковник Мирзозода Давлат Мирзо сухан ронда, зикр намуд, ки ҷалби ҷавонон ба хизмат на танҳо вазифаи масъулони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, балки тамоми ҷомеа мебошад. Дар ин масъала кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур корҳои зиёдеро ба анҷом расондаву мерасонанд. Сардори факултаи тайёрии кадрҳои роҳбарикунанда, такмили ихтисос ва бозомӯзии Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷумъахон Раҷабов перомуни таъсиси донишкадаи мазкур ва марҳалаҳои таърихии  расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ҳарф зада, қайд намуд, ки ҳамасоала 28 май иди касбии сарҳадбонон таҷлил карда мешавад. Дар заминаи раёсат баъдтар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ташкил гардид. Шурӯъ аз 30 ноябри соли 2006 Кумитаи ҳифзи сарҳадот ба ҳайати Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ шомил карда шуд.

Омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии ДҶТИБКСМ Юнус Ҳакимов дар хусуси саҳми афсарону сарбозони Артиши миллии кишвар дар таҳкими ҳифзу ҳимояти марзу буми ватан ҳарф зада, таъкид намуд, ки насли наврас ва ҷавононро бояд дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва садоқат ба ормонҳои миллӣ тарбият кард.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш