Нашрияи Омӯзгор

Фарҳангнигори номвари рус

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 133        Шарҳ: 0

 

Луғатомӯзӣ аз муҳимтарин ва пурсамартарин василаҳои забономӯзист. Бояд бо роҳҳои гуногун хонандагонро ба омӯхтани луғат ҷалбу ҳавасманд намуд.

Дар ин самт аз аҳамият холӣ нахоҳад буд, агар ба хонандагон дар бораи луғатнигорони машҳур маълумот дода шавад. Дар забоншиносии рус низ луғатнигорию луғатшиносӣ хеле ривоҷ ёфтааст ва ин анъана таърихи дерин дорад. Луғатномаҳо (фарҳангҳо)-и русӣ барои омӯзиши амиқи забони русӣ ва донистани қонуниятҳои онҳо ба забономӯзон, ба ҳаводорони забони русӣ мадад мерасонанд. Яке аз луғатнигорони машҳури рус Владимир Иванович Дал мебошад ва омӯзгори забони русӣ тавассути дар бораи ӯ маълумоти ҷолиб додан, метавонад таваҷҷуҳи шогирдонро ба омӯзиши ин забон бештар намояд.

В.И.Дал соли 1801 дар шаҳри Луганскии Россия таваллуд шуда, соли 1901 дар шаҳри Маскав аз олам даргузаштааст. Ӯ ҳамчун нависанда, луғатшинос ва мардумшиноси варзидаи рус шинохта шудааст. Аслан пешаи табибӣ доштааст ва хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Дерпт (Тарту) мебошад. Муддате дар шаҳрҳои Оренбург, Петербург, Нижний Новгород ба пешаи падарӣ-табибӣ машғул шудааст. Соли 1838 барои хизматҳои пурарзишаш дар гирдоварии маҷмӯи наботот ва тавзеҳи олами набототи кишвари Оренбург узви вобастаи Академияи илмҳои Петербург дар соҳаи илмҳои тиббӣ интихоб гардидааст.

В.И.Дал бо А.С.Пушкин, шоири шаҳири рус, шиносоиву дӯстӣ дошт. Чун шоир дар дуэл захмӣ мешавад, Дал то охирин лаҳзаҳои ҳаёти ӯ дар сари болинаш қарор мегирад.

В.И.Дал аз овони ҷавониаш ба гирдоварии маълумоту далелҳо оид ба забоншиносӣ ва фолклор шуғл меварзад. Китоби очеркҳои фолклории ин олим ва муҳаққиқи мумтоз «Лӯлидухтар», «Духтари Подолск», «Казакҳои Урал», «Булғоридухтар»… ба асарҳои дӯстдоштаи хонандагон табдил ёфта буданд. В.И.Дал як силсила ҳикояҳои ҷолибу рангинмуҳтаво низ эҷод бинмудааст. Ин олими пуркор ҳамчун муҳаққиқи соҳаи лаҳҷашиносии рус низ шинохтаву эътироф шудааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ зарбулмасалу мақолҳои халқи русро гирд оварда, китобе бо номи «Зарбулмасалҳои халқии русӣ» ба нашр расонд, ки хеле фарогир мебошад (30000 зарбулмасалу мақол!.

Бо ин ҳама В.И.Дал дар олами илми рус бо китоби бузургу мондагораш «Луғати тафсирии забони русӣ» шуҳрати ҷовидонӣ дарёфтааст. Ин китоб маҳсули заҳмати беш аз нимасраи олими барҷаста мебошад. Он дар чор ҷилд солҳои 1863-1866 ба табъ расидааст ва беш аз 200000 калимаю ибораро фаро мегирад. Барои ин шоҳасараш В.И.Дал сазовори Ҷоизаи ба номи Ломоносови  АИ Россия гардидааст ва ҳамчунин, ба дарёфти унвони академики фахрӣ шарафманд шудааст.

 

Ҳақбердӣ Раҳмонов,

омӯзгори забони русӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш