Нашрияи Омӯзгор

Шоире китобдор ва тарҷумон

Сана: 2020-02-27        Дида шуд: 152        Шарҳ: 0

 

Омӯзгор Ислом Юсуфӣ соли 1975 бо пешниҳоди раёсати Ҷамъияти китобдӯстон ва қарори кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) унвони “Дорандаи китобхонаи беҳтарини шахсии ҷамъиятӣ кунондашуда”-ро ноил гашта буд. Аз китобхонаи дорои тақрибан 10 ҳазор китоби ӯ тамоми мардуми ноҳия истифода мебурданд.

Меҳри китобхонӣ дар замири Ислом аз падари бузургвораш Юсуф Алӣ мерос монда буд. Айёми кӯдакию наврасӣ саробони хонадон дар деҳаи Ёждараи Боло, дуртар аз зодгоҳаш-қишлоқи Миёнатуки мавзеи Дашти Ҷам дар мадрасаи мулло Абдулло таҳсили илм намуда, баъди хатми китобҳои дарсии “Ҳафтяк”, “Чоркитоб”, “Шамсия” ва монанди инҳо бо хатти арабии форсӣ, ба мутолиаи ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз, Бедилу Соиб пардохта, чанде аз илмҳои замонаро азбар кардааст... Ислом Юсуфӣ баъди хатми Институти педагогии ба номи Рӯдакии шаҳри Кӯлоб (соли 1967) муддате ходими адабии рӯзномаи ноҳиявии “Зафар” шуд.

Тӯли ҳафт соли фаъолият дар рӯзномаи ноҳиявии “Зафар”саҳифаи махсуси “Китобдӯстон”-ро пешкаши хонандагон намуда, аз фаъолияти китобхонаҳои шахсӣ ва ҷамъиятӣ хабару мақолаҳои ҷолиб таҳия ва нашр мекард, машқи шеър менамуд.

Бо мурури солҳо хазинаи китоби Ислом Юсуфӣ ғанитар гашт. Дар хонаи умумии дуошёнае, ки ӯ бо аҳли байташ дар ошёнаи якум ба сар мебурданд, масъалаи таъсиси толори хониши муҷаҳҳаз бо техникаи ҳозиразамон барои донишандӯзони мактабҳо ба миён омад. Бо ҳамин мақсад ба раиси вақти ноҳия Абдулқодир Вализода Юсуф арзи матлаб намуд. Чанде пас толори хониш ва таҳхона барои нигоҳдории китоб мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин боргоҳи маърифат то дусаду бист нафар дӯстдори китоб аз адабиёти зарурӣ  ва рӯзномаву маҷаллаҳо истифода мебурданд.

Дилбохтаи осори ниёкон бо нияти кӯчондани китобҳо ба фазои кушод ба унвони раиси ҳозираи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат ва мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия М. Шарифов муроҷиат намуд. Умед аст, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ ва мутасаддиён дастгириаш хоҳанд кард.

Ислом Юсуфӣ баҳри такмили китобхонаи шахсӣ  ва филиалҳои он дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе ҷидду ҷаҳд дорад. Мехоҳад, ки маърифатгоҳро аз ҳисоби китобҳои тозанашр бой гардонад. Роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз силсилаи “Тоҷнома”як миқдор адабиёти навро барояш дастрас намуд. Барои бой гардондани фонди ҳар се китобхонааш ба масъулони Вазорати фарҳанг, роҳбарони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар, нашриёти “Адиб” ва Китобхонаи ба номи Лоҳӯтӣ борҳо муроҷиат карда бошад ҳам, аз эшон “хати вазирро биёред” шуниду халос.

Соли пор шоири китобдор аз масъулони Вазорати фарҳанг вобаста ба вазъи ногувори китобхонаҳои шахсӣ хоҳиш намуд, ки аз рӯи имкон барои фароғатгоҳи маънавии мардум китобҳои тозанашр ҷудо намоянд. Аммо вазир хоҳиши ӯро напазируфт.

Паҳлуи дигари масъала касро нороҳат месозад, ки дар ҷумҳурӣ садҳо ба ном китобхонаҳои давлатие ҳастанд, ки ҷамъан ду-се ҳазор китоб дошта, фондашон 20-30 сол боз такмил надидааст. Яқинам, ки дари чунин китобхонаҳоро солҳо инҷониб нафаре боз намекунад ва мудиронашон солиёне маошхӯр ҳастанд. Суоли матраҳ: “Мушкили ҷойдошта аз чӣ омилҳо сар задааст?” Посух: нарасидани ёрии методӣ ба китобхонаҳои шахсӣ, муҷаҳҳаз нагардонидану таҳия накардани рӯйхати адабиёт, ҷудо насохтани феҳристи мавҷуда ба соҳот ва равияҳои ҷудогонаи илм, набудани картотекаҳо, таҷҳизоти илмиву техникӣ, ёрии библиографӣ, ихтисосӣ, моддиву маънавӣ, корҳои таблиғотӣ, нав накардани фонди китобхонаҳо ва монанди инҳо...

Ислом Юсуфӣ номҳои ифтихории “китобдори шоир” ва “шоири китобдор”-ро барҳақ сазовор аст. Вақте ки ӯ дар ба дари идораҳои дахлдор сар хаста, ғизои маънавии мардумро мисли нони гарми танӯрӣ барояшон омода месозад, китобдори шоир аст. Аммо даме қалам ба даст гирифта, перомуни ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва зебоиҳои Тоҷикистони азиз ашъори дилчасп менигорад ва маҷмӯаҳояшро ба мухлисони адабиёт тақдим медорад, шоири китобдораш мегӯем.

Шоири китобдор Ислом Юсуфӣ сездаҳ сол дар Кумитаи телевезион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987-1990 ва 2003-2013) ба ҳайси муҳаррири варзида ва сармуҳаррири идораи “Адабиёт ва ҳунар”-и радиоҳои “Тоҷикистон”-у “Фарҳанг” пурсамар фаъолият намудааст. Соли 2013 ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори тарҷумонӣ гузашт.

Мушк ҳеҷ гоҳ пинҳон намемонад. Дар зарфи се соли аввали фаъолияташ И. Юсуфӣ китобҳои таърихнигорони рус ва дигари хориҷӣ, аз қабили Александр Шишов -“Тоҷикон”(соли чопи нахусташ 1910), Д.Н. Логофет - “Кишвари беҳуқуқон” (1909), “Саёҳат ба Осиёи Марказӣ” (1915), Гонсалес де Клавихо -“Саёҳат ба Самарқанд, ба дарбори Темур” (Испания, солҳои 1403-1406), Армений Вамбери-“Саёҳат ба Осиёи Марказӣ” (Маҷористон) -1863, А.Г. Арандаренко -”Машғалаҳо дар Туркистон” (1910)-ро аз рӯсӣ ба тоҷикӣ баргардон намудааст. Аз ин номгӯй “Тоҷикон”-и Александр Шишов ва “Саёҳат ба Самарқанд, ба дарбори амир Темур”-и Гонсалес де Клавихо рӯи чопро дидаанду халос.

Набзи қалами Ислом Юсуфиро дар маҷмӯаҳои ашъор ва осори публитсистиаш таҳти унвонҳои “Таронаҳои сабуҳӣ” “Ашкборон”, “Зиндагӣ ва корнома”, “Лабханди шақоиқҳо”, “Сукути андешазо” ва “Гулнора” эҳсос мекунем. Чанд китобаш ба забони русӣ ба чоп омодаанд. Осори зиёди адибони тоҷикро ба русӣ тарҷума кардааст. Ҳоло рубоиёти Умари Хайёмро дар таҳрири нав ба рӯсӣ баргардон мекунад.

Маҷмӯаи “Таронаҳои сабуҳӣ” (1997) аз навиштаҳояш ба ҷавонмаргони ҷанги таҳмилӣ фароҳам омада, кӯтоҳу муъҷаз ва пурдард садо медиҳанд. Он солҳо мардуми ғамбемор дар хонаҳои тираву тор ба оянда умедвор мезист. Шоир фалокати бархостаро аз неруҳои аҳриманӣ дида, ғамолуда мегӯяд:

Шоирам ман,

Ватанам ҷангзада,

Ман дар ин ҷанг чу қурбонии

аввал мурдам.

 (“Қурбонии аввал”)

Воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва кушта шудани шамъҳои фурӯзони миллат-равшанфикрон ва зиёиёни тоҷикро дар як байт ҷамъбаст карда, бо ҳасрат мегӯяд:

 Хонаи тоҷик кай гардад

мунаввар аз умед?

 Шамъи худро камбағал чун

аввали   шаб мекушад.

(“Сукути андешазо”)

Алъон шоири китобдор сари тарҷумаи осори гаронбаҳои В. В. Бартолд “Эрон” (Москва, 1925), Е.К. Мейендорф-нахустсафири давлати Рус дар Бухорои амирӣ “Путешествие из Оренбурга в Бухару”-1820, ашъори алоҳидаи А.С. Пушкин, М. Лермонтов, С. Есенин, Некрасов, Л.Н. Толстой, А.И. Куприн, Аббос Алиев “Тоҷикон дар байни турксозон” (Москва, 1929) ва панду андарзи бузургони олам заҳмат кашида, хазинаи адабиёти тоҷикро ғанӣ мегардонад.

Рубоиёту дубайтӣ ва таронаҳои шоир хотирмон иншо шудаанд. Рӯзгори ибратбин мутолиагарро сари андеша мекашад. Эҷодгари хушсалиқа аз дидори башараи хунуки силоҳбадастони ҷоншикори мардуми бегуноҳ ба риққат омада, ҷисман печутоб мехӯрад, сархамиву тамаллуқи эшонро пеши адолатхоҳон нафрин мехонад:

Ҳар рӯзи Худо бар сари ман

санг ояд,

 Аз дидани рӯи ту маро нанг

ояд.

Марде, ки ба душманаш

хушомад гӯяд,

Дар роҳи саодат чу бузи ланг

ояд.

Бештар аз 30 суруду таронаи Ислом Юсуфиро оҳангсозони номӣ - Абдусалом Раҳимов, Сафаралӣ Қурбонов, Раҳмонқул Сафаров ва дигарон ба оҳанг даровардаанду ҳофизон аз тариқи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ пешкаши мардум гардонидаанд. “Марши Истиқлол”, “Ватан”, “Ватани Ваҳдат”, “Рубоиёти Наврӯзӣ”, “Дар ин чамани Наврӯз”, “Ғурур”, “Дилам фидои кишвар аст” ва чандин шеърҳои барои хори умум навиштаи ӯ аз ҳамин қабиланд.

Эҷоди номатбӯи шоир иборат аз маҷмӯаҳои сершумор китобхонаи шахсии ӯро зеб мебахшанд: “Роғун”, “Қоби суратҳо”, “Чакомаи меҳр”, “Майи бахт”, “Ватанам Наврӯз аст”, “Маздак” (драмаи манзум иборат аз 4 саҳна), “Ёдҳо”,“Гули зардак”, “Ман ҳам шоирам”, “Сакарот”, “Гули ҳасрат”, “Шаб даруни соя гум шуд”, “Меҳанам, ишқи туро мехонам”, “То ҳаст баҳоре”... Ин силсила сол ба сол меафзояду бо ҷурми танқисии молиявӣ рӯи чопро намебинанд.

Шоир дар айни камолоти эҷодӣ ба роҳи пурпечухами умр назар андохта, гӯё андаке осудагӣ мепазирад. Аммо як нукта барояш рӯшан аст: эҷодгарон сӯхта-сӯхтаву пухта-пухта ба қуллаи мурод роҳ мепӯянд.

Ислом Юсуфӣ  яке аз фаъолтарин узви маҳфилҳои адабии “Суханреза” (1990-1992) ва “Килк” (1994-1999) дар музофот буд, ки дар онҳо мазмун ва моҳияти ватандӯстонаи адабиёт ва ҳунари шоирӣ  тарғиб мегардид. Нуқтаи назари ӯ ба шеър ва шоирӣ басо танқидӣ буда, ба эҷоди бисёр нозимони соҳибунвону шуҳратпараст, ки шеърро аз назми хушку холӣ фарқ карда натавониста, навиштаҳои сусти худро дараҷаи олӣ  мепиндоранд, бо тааҷҷубу дилсардӣ менигарад:

 Шеър олиҳаи исонафасе мебошад,  ки варо дидани ҳар кӯр муяссар нашавад...

Ислом Юсуфӣ дар “Ситеза” ном шеъраш инсонҳоро ба бедориву ободгарӣ даъват намуда, ба марг ба лаҳни хос хитоба мезанад:

Бархез, хуфтаё!

Айни талош шуд,

Абри саодатӣ,

борон бишав, бирез!

Бошад ҳаёти мо

як бор, ин яқин,

 Чун боди саркаше

бар марг меситез!..

 

Сипеҳри Абӯабдуллоҳи

ҲАСАНЗОД,

нависанда


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш