Нашрияи Омӯзгор

Террористони наҳзатӣ - ҷавобгари воқеаҳои февралӣ

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 172        Шарҳ: 0

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ошӯбе ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он 25 нафар кушта ва чандин нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Роҷеъ ба сабабҳои сар задани ин воқеа афкору андешаҳои мухталиф ҷой доранд ва ҳар гурӯҳ мехоҳад, ки даст доштани худро дар чунин ҳаводиси хунин инкор намояд.

Сохторҳои қудратӣ ва амниятии вақти собиқ ИҶШС тарафи мухолифро ва мухолифин сохторҳои қудратии Шӯравии собиқро гунаҳкор меҳисобанд. Бо вуҷуди ин ҳама афкору андешаҳои гуногун, боварибахштарин фарзия ва далелҳои борҳо собитшуда тасдиқ менамоянд, ки ҳаводиси хунини баҳманмоҳи соли 1990 амали дасти роҳбарияти ташкилоти террористии наҳзатӣ буд. Ва ҳамин ҳодисаҳо барои амалҳои минбаъдаи таҷовузкоронаю террористонаи наҳзатиҳо заминаи бунёдӣ гузоштанд.

Ҳарчанд таърихнигорон воқеаҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990-уми дар Душанбе баамаломадаро ҳамсони ошӯбу саркӯбҳо дар ҷамоҳири соҳили Балтика, Қафқоз ва Молдова мешуморанд, дар Тоҷикистон он тамоман ранги дигар дошт. Фарқ дар он аст, ки дар Тоҷикистон аллакай дар охири замони Шуравӣ ташкилоти террористии наҳзатӣ созмон ёфта буд ва амал мекард. Дар Тоҷикистон наҳзатиҳои террорист қишри рӯшанфикрону зиёиён ва бедору огоҳро ба майдон кашида, дар зер амалҳои ноҷавонмардонаю ғайриинсонии худро пиёда карданд.

Дақиқан, барҳам хӯрдани  ИҶШС дар ҳамаи ҷамоҳири бародарӣ ҷунбишу созмонҳои ғарирасмиеро ба миён овард, ки аз як сӯ барои расидан ба ормонҳои миллию озодихоҳӣ ва аз ҷониби дигар, барои қудрат талош мекарданд. Дар Тоҷикистон вақте миллатдӯстону озодихоҳон барои расидан ба озодию истиқлол садо баланд карданд, террористони наҳзатӣ ба ин оташ равған рехтанд, то ҳам ҷониби ҳукумат ва ҳам гурӯҳҳои озодихоҳро саргарми ин гирудорҳо нигоҳ доранд. Зеро чунин ҳолат барои роҳбарияти наҳзатӣ шароит ва имконияти хеле хубе буд, то ҳар гуна нақшаву ҳадафҳои душманонаю хиёнаткорони хешро пиёда намоянд.

Дар ҳамин маврид, 11-уми феврал гурӯҳе аз мардум, ки аз овозаи интиқоли гурезаҳои арманӣ ба Душанбе ва таъмин шудани онҳо бо манзил дар биноҳои навсохт шӯрида буданд, дар назди бинои собиқ Кумитаи марказии  Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гирди ҳам омаданд. Намояндагони давлат ба назди онҳо баромаданд ва пас аз шунидани арзу шикоятҳо ваъда доданд, ки рӯзи дигар, соати 15:00 ба ин шикоятҳо ҷавоб медиҳанд. Аммо рӯзи дигар, вақте издиҳом аз нав ҷамъ омад, талабашон аллакай масъалаи марбут ба Душанбе омадани арманиҳо набуд. Ин навбат онҳо даъвоҳову талабҳои комилан дигар доштанд ва аз овозаҳои марбут ба арманиҳо дигар ному нишоне ҳам набуд.

Ҳамин тавр, кор ба дараҷае расид, ки ҷамъомадагон ба бетартибӣ ва нооромӣ даст заданду неруҳои қудратӣ садди роҳи онҳо гардиданд. Аз ин ҳолат бармалост, ки овоза дар бораи ба Душанбе омадани арманиҳо танҳо баҳонае буда, онҳоро воқеан ҳам, террористони наҳзатӣ ба шӯр овардаанд ва мақсади асосиашон ноором кардани ҷомеа ва дар ниҳоят ба ҷангу хунрезӣ кашидани омма мебошад. Далели бармалои ин ҳолат даст ба харобкориҳо задану дар рӯзи равшан шикастани шишаҳо ва ғорат кардани фурӯшгоҳи ҷавоҳирот аз тарафи ҷамъомадагону тазоҳуркунандагон буд.

Дақиқан маълум гардид, ки бештари тазоҳуротгаронро    муллоҳову рӯҳониёни манфиатҷӯю фурсатталаб, махсусан, наҳзатиҳо  ба майдон кашида, дар паси ин ҳаводис ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро пиёда мехостаанд. Бинобар ин, масаъалаи арманиҳо аз хотираи ҳамаи издиҳомгарон зуд фаромӯш шуда, онҳо яку якбора бо талаби адолати бештари иҷтимоӣ ва истеъфои раҳбарияти вақти Тоҷикистон гузаштанд. Баъд аз гузаштани як рӯзи тазоҳурот зуд иваз шудани масъалаи меҳварии издиҳом барои ҳамагон аҷиб буд. Зеро издиҳомгарон сабаби аслии ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр рехтанро худашон дуруст дарк карда наметавонистанд ва кӯр-кӯрона ба ҳар гуна амалҳои ношоиста даст мезаданд. Тазоҳуротгарон худ намедонистанд, ки онҳоро террористони наҳзатӣ  ҳамчун пиёдагардони тахтаи шоҳмот дар сафи пеш мегузоранд ва истифода мекунанд.

Баъд аз гузаштани солҳо ҳуқуқшинос Солеҳҷон Ҷӯраев дар асоси парвандаи тафтишотӣ гуфта буд, ки сарони олами ҷиноии Душанбе  қабл аз сар задани нооромиҳо дар қаҳвахонаи «Пингвин» машварат оростанд ва роҳҳои иҷрои ин ҳаводисро баҳс карданд. Инчунин, собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов зимни яке аз мусоҳибаҳояш ошкоро чунин гуфта буд, ки «пеш аз сар задани воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 маҳз А.Тӯраҷонзода дар хусуси ба арманиҳои аз заминҷунбӣ зарардида аз тарафи ҳукумат додани хонаҳои нави истиқоматӣ овоза паҳн карда буд».  Яъне, дар ин ҷо даст доштани роҳбарияти наҳзатӣ дар ҳаводиси хунини баҳманмоҳи соли 1990 ба пуррагӣ равшан аст.

Агар воқеаҳои февралии соли 1990-ум, ки оғози амалҳои тахриботӣ ва зиддимиллии ташкилоти террористии наҳзатӣ буд,  дурусттар таҳлил карда шавад, шабоҳати он ба саршавии инқилобҳои исломии кишварҳои дигар дар охири солҳои ҳафтодум ба назар мерасад. Яъне, ин воқеаҳо аз рӯи як сенария амалӣ карда шудаанд ва тарроҳонашон ҳам як неру буд. Ташкилоти терористии наҳзатӣ ҳанӯз аз ҳамон давра ҳамчун абзори дасти режими охундӣ бар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон фаъолият мекард. Мутаассифона, чунин дахолат ба умури дохилии кишвари мо дар солҳои навадум паёмади бисёр баде дошт. Ҷанги дохилӣ сар заду ҳазорон нафар кушта шуданд.  Албатта, саволе ба миён меояд, ки давлатхои бузурги минтақавӣ чаро сиёсати ғалат ва ғайри қобили қабулро нисбат ба кишвари мо роҳандозӣ мекунанд? Наход ба хотири пиёда сохтани кадом ҳадафҳои хаёлии ношуданӣ раҳбарияти он кишвархо бо харҷ кардани сарвату дороӣ, ки ҳаққи ҳалоли мардумашон аст, бозиҳои хатарнокеро дар кишвари мо роҳандозӣ кунанд? Ин саволҳое ҳастанд, ки ҷавоб мехоҳанд.

Аммо воқеаҳои февралӣ мисли як доғе дар таърихи миллати мо боқӣ мемонад. Бигузор насли имрӯза аз иштибоҳҳои гузаштагон бохабар шуда, дигар ба чунин хатоҳо роҳ надиҳанд. Ояндагони миллат бояд хуб бидонанд, ки бунёдгузорони асосӣ барои бадбахт кардани миллат ва ба вартаи нобудӣ тела додани давлат танҳо ва танҳо террористони наҳзатӣ буданд.

Имрӯзҳо бо мақсади барқарор кардани мавқеи худ ин ташкилоти тахрибгар ба ҳанноти сиёсӣ мубаддал гардида, сафедро сиёҳ мегӯяду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунад. Дар бораи фарзандони баруманди кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарфҳои носазо мегӯяд.

Шояд террористони наҳ-затӣ гумон доранд, ки на ҳама шоҳидони замон дар қайди ҳаётанд ва ҳар cухани бемантиқонаю беасосе, ки дар нӯги забонашон омад, мегӯянд. Вале онҳо бояд барои як ҳарфи беҷояшон ҳам дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Ин дар ҳолест, ки кулли фаъолият ва ҳамаи амалҳои онҳо ҳам аз доираи хираду ахлоқи инсонӣ ва ҳам қонуну қоидаҳои давлатӣ берун мебошад.

 

Мулломухтор Муллоев,

ходими калони илмии АИ ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш