Нашрияи Омӯзгор

Тоҷикистон - манбаи оби зулол

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 207        Шарҳ: 0

 

Обҳо

Об бузургтарин неъматест барои инсоният ва ин аст, ки  ҳамеша  мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтааст.

Тоҷикистонро бештар бо обҳои ширинаш мешиносанд. Аксарияти дарёҳои Тоҷикистон - Аму (Ҷайҳун), Панҷ, Вахш, Сир, Зарафшон, Кофарниҳон ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешаванд. Дарёҳои  Тоҷикистон аз чор манбаъ-пиряху барфу борон ва обҳои зеризаминӣ сарчашма мегиранд.

Аму аз дарёи Вахш ва Панҷ  сарчашма гирифта, ба масофаи 35 км аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Вай серобтарин дарёи Осиёи Миёна буда, дарозии он 2325 км-ро ташкил медиҳад.

Дарёи Панҷ, ки яке аз шохобҳояш 921 км дарозӣ дорад, қад-қади  сарҳади ҷанубии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Шоҳдара, Бартанг, Мурғоб, Оқсу, Язгулом, Гунд, Ванва, Қизилсу аз шохобҳои Панҷанд.

Вахш бузургтарин шохоби дарёи Аму аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Паси Олой бо номи Сурхоб сар мешавад. Пас ба дарёи Хингоб ҳамроҳ шуда, Вахш ном мегирад.

Дарёи Кофарниҳон шохоби Аму буда, 387 км дарозӣ дорад. Оби ширини Кофарниҳон аз барфу пиряхҳо ғизо мегирад.

Ду шохоби дарё - Сорво ва Вистан дар деҳаи Ромит якҷоя мегардад. Оби ин дарё барои обёрии ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Носири Хисрав истифода бурда мешаванд.

Зарафшон аз ҷумлаи дарёҳои калони Осиёи Миёна мансуб буда, миёни ҳавзаҳои дарёҳои Аму ва Сир ҷойгир шудааст. Зарафшон 877 км дарозӣ дорад ва бинобар дар водиҳои Самарқанду Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон комилан барои обёрӣ истифода шуданаш, то дарёи Амур афта намерасад.

Сир (Сайҳун) дарёи дуюмин ва дарозтарини Осиёи Миёна аст. Дарозии ин дарё 2684 км буда, 195 километри он дар вилояти Суғд аз сарзамини Тоҷикистон мегузарад. Шохобҳояш Исфара, Оқсу ва ғайра мебошанд, Ин дарё баъди ба ҳам ҳамроҳ шудани Қародарё ва Норӣ ба худ номи Сирро мегирад. Оби Сир ба баҳри Арал мерезад.

Кӯлҳо

Дар қаламрави Тоҷикистон вобаста ба релеф ва иқлим кӯлҳо нобаробар ҷойгир шудаанд. Ҳаҷми оби онҳо 46,3 км буда, 19,3%-и он  нӯшиданбоб аст. Масоҳати кӯлҳо қариб 1% қаламрави ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Сарез яке аз кӯлҳои асоситарини Тоҷикистон буда, дорои оби тозаи нӯшиданист. Ба гурӯҳи кӯлҳои ҷавон ва равони Тоҷикистон дохил мешавад. Ин кӯл 18 феврали соли 1911 дар натиҷаи афтидани кӯҳ ва пеши роҳи дарёро бастани он пайдо шудааст. Он аз кӯлҳои чуқуртарини ИДМ мебошад. Масоҳати кӯл 88 км, дарозиаш 77, км чуқуриаш 504 м буда, аз  сатҳи баҳр дар баландии  3355 м ҷой гирифтааст. Ҳаҷми оби кӯли Сарез 17,3 млрд. куб мебошад. 55 дарё ва дарёча аз кӯл ҷорӣ мешаванд.

Ашилкӯл дар натиҷаи лағжида фаромадани ҷинсҳои кӯҳӣ ва гирифтани пеши маҷрои дарёи Аличур пайдо шудааст. Аз сатҳи баҳр дар баландии 3734м воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 48 км мураббаъро ташкил менамояд. Дарозиаш ба 22 км, паҳноияш ба 4,5 км баробар аст. Кӯли  шириноби кӯҳӣ мебошад. Шохаҳои соҳилҳои кӯлро қаторкӯҳҳои Аличури ҷанубӣ ва Аличӯри шимолӣ иҳота кардаанд. Аз ин кӯл дарёчаи Бартанг бармеояд.

Искандаркӯл калонтарин кӯли Тоҷикистон мебошад. Искандаркӯл гарчанд хурд бошад ҳам, яке аз кӯлҳои зеботарини ҷаҳон аст. Дар мавзеъи ҷангалзорҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии 2255м аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Масоҳаташ 3,5 км ва чуқуриаш 72 м мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ мисли Қайроққум, Каттасой, Норак, Муъминобод, Селбур, Даҳана Сарбанд якчанд обанбор мавҷуданд. Обанбори Қайроқумро «баҳри Тоҷик» ҳам меноманд.

Обанбори Фарҳод дар самти ғарби шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Вайро обанбори Фарҳоду Ширин ҳам меноманд. Аз ин обанбор даштҳои Дилварзин обёрӣ шудаанд. Заминҳои беоби Мирзочӯли Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро бо об таъмин мекунад.

Дар водӣ аз ҳисоби дарёи Вахш дар Пули Сангин обанбори Норак сохта шудааст. Захираҳои  оби обанбори Норак барои обёрии 1 млн. гектар заминҳои хушк басанда аст. Аз обанбори Норак тавассути нақби Данғара (дарозиаш 14 км) садҳо гектар замини ноҳияи Данғара обёрӣ мешаванд.

Проблемаи дастрасӣ ба об, бахусус, оби нӯшиданӣ, имрӯз ба мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Аз ин рӯ,  истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои он дар Тоҷикистон,  ҳамчун мамлакати ташаббускор дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳон, яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшноӣ  низ мебошад.

Файзулло Қурбонов,

Зинат Муҳиддинова,

Умеда Ҳабибуллоева,

омӯзгорони кафедраи

гуманитарии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш