Нашрияи Омӯзгор

Обро гил накунем

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 166        Шарҳ: 0

 

Об дар ҳаёти инсон арзиши бузург дорад. Мавҷудоти рӯйи замин аввал дар об пайдо шудаанд. Дар олами ҳастӣ ҷисме нест, ки дар таркиби худ об надошта бошад, ё аз он баҳравар набошад. Об дар организми зинда маводи асосист.

Арасту гуфта буд: «Обу боду хоку ҳаво чор унсури табиатанд, ки яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад». Об сарчашмаи ҳаёти башарият дар рӯйи замин аст. Бе об ҳеҷ кор ба анҷом намерасад. Об поккунандаи ҳамаи ифлосиҳост. Аз ин ҷост, ки он муқаддастарин ва бебаҳотарин боигарии табиат аст. Барои ҳамин ҳам, онро эҳтиёткорона истифода бурдан лозим аст.

Тоҷикистон ҳам як узви баробарҳуқуқи мамлакатҳои ҷаҳон аст.

Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, ҳиссаи тамоми беморон ва аз 1/3 ҳиссаи фавти одамон дар кураи замин аз истеъмоли оби ифлос ва заҳролуд ба қайд гирифта шудааст.

Оби нӯшиданӣ ҳамагӣ 2,5% ҳаҷми умумии гидросфераро ташкил медиҳад. Хариду фурӯши оби нӯшокӣ чанд сол аст, ки дар байни давлатҳои ҷаҳон идома меёбад. Масалан, Дания аз оби ширини кӯлҳои кӯҳии Шветсария, ШМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Арабистони Саудӣ аз Малайзия оби нӯшокӣ мехаранд. Дар Арабистони Саудӣ ҳар қатраи обро эҳтиёткорона истифода мебаранд, обро аз сӯзишвории мошин ҳам қиматтар  меҳисобанд. Дар Исроил ҳам обро сарфакорона истифода мебаранд. Мутаассифона, он ҷо ки об фаровону бисёр аст, ба қадраш расидан амри маҳол аст.

Оби уқёнусҳои ҷаҳон шӯр буда, дар 1 литри он қариб 35 г намак ва моддаҳои химиявӣ мавҷуд аст. Тоҷикистон дорои оби тоза ва ширин мебошад. Об сарчашмаи шифои беморон аст.

Аз ҷиҳати миқдори чашмаҳои шифобахш Тоҷикистон дар байни давлатҳои муштаракулманофеъ дар ҷойи аввал меистад. Аз рӯйи маълумоти соли 1990 дар ҷумҳурӣ 230 чашма ба қайд гирифта шудааст, ки дорои аҳамияти табобатӣ мебошанд. Аксарияти оби чашмаҳо дар доманакӯҳҳои Курма, Муғул, Исфара, Ҳисор, Кӯлоб, Вахш, Хоҷаоби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ишкошим, Яхшикӯл, Қизилработ, дар Помир, Қаратоғ, кӯли Чӯбек, Шӯркул ва дар соҳили дарёи Панҷ ҳам чунин чашмаҳои шифобахш ба қайд гирифта шудаанд.

Соли 1948 дар Исфара ҳангоми ҷустуҷӯи нафт дар чуқурии 1300 метр ба ҷойи нафт оби минералии натрийро, ки монанд ба оби минералии Ессентукии Қафқози Шимолӣ мебошад, пайдо карданд. Ҳар сол аз тамоми ҷаҳон садҳо ҳазор нафар барои табобат ба оби шифобахши Зумрат меоянд. Бояд қайд кард, ки оби шифобахши «Зулол» имрӯз дар тамоми ҷаҳон машҳуру маъруф гардидааст.

Дилором Каримова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш