Нашрияи Омӯзгор

Рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 146        Шарҳ: 0

 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷумҳуриҳои ИДМ, алалхусус, давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи худро таъсис доданд.

Ҳамзамон, онҳо аз артиши пурқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Тоҷикистон бошад, аз ин мерос бархурдор набуд, чунки вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо ба ин имкон надод. Мутаассифона, он замон дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён гирифт.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари ин муноқишаҳо ҷангида, ба танзими сохтори худ машғул шуданд. Инчунин, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутобро тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди ин қувва кори осон набуд.

Давраи аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромиши ҳаёти осоиштаро дошт.

Давраи дуюм бошад, иборат аз такмили сохтори ташкилию сохторӣ буда, ба таъсиси қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид.

Давраи сеюм пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъйиноти намудҳои амалкунандаи Қувваҳои мусаллаҳ аз нав баррасӣ гардида буд. Айни замон дар Қувваҳои мусаллаҳ гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома ёфт.

Аз ин рӯ, мустаҳкам намудани рӯҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат буда, ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.

Ҳар як давлати соҳибистиқлол барои ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчунин, бо таърихи беш аз 27 - солаи Артиши миллии худ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат ба ҳисоб меравад. Артиши миллӣ барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намуда, чун анъана ҳамасола дар кишвар рӯзи Артиши миллӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Некқадам МИРЗОЕВ,

омӯзгори Донишгоҳи давлатии

Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш