Нашрияи Омӯзгор

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад

Сана: 2020-02-20        Дида шуд: 169        Шарҳ: 0

 

Инсон бо кору пайкор ва фаъолияти доманадору фарох метавонад дар ҷомеа мавқеи шоиста пайдо намояд. Нафароне ҳастанд, ки хислату кирдор  ва муносибаташон бо атрофиён мактаби омӯзиш аст.

Олими пуркор ва инсони шариф, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саъдуллоҷон Неъматов аз ҳамин зумра ашхос мебошад, ки соли равон ба синни мубораки 70 қадам гузошт. Ба ин муносибат китоби нави ӯ бо номи «Паёми меҳр» ба нашр расид. Дар китоб шеърҳо, андарзу ҳикояҳо, меҳрномаи дӯстон, инчунин, андешаҳои муаллиф дар бораи дӯстону ҳамкорон ва устодон гирд оварда шудааст.

Китоб аз 8 фасл иборат буда, дар фасли аввал шеърҳо ҷой дода шудаанд, ки муаллиф онҳоро дар солҳои гуногун эҷод кардааст.

Дар меҳвари эҷодиёти ӯ мавзӯъҳои меҳру муҳаббат, сулҳу ваҳдат, ростиву росткорӣ, некномӣ, дурӣ ҷустан аз хислатҳои бади инсонӣ, аз ҷумла, дурӯғгӯиву бахилӣ ва ғайра қарор доранд. Ҳамчунин, шеърҳои алоҳидаи муаллиф дар бораи олимону дӯстон гирд оварда шудаанд.

«Меҳрнома ва табрикоти дӯстон» фасли дуюми китобро ташкил медиҳад. Дар навиштаҳои донишмандону олимону дӯстон чеҳраи олими пуркору донишманд С.Неъматов пешорӯйи хонанда равшан намоён мегардад.

Фасли сеюм «Меҳрнома ва табрикоти муаллиф» ном дошта, дар бораи олимони шинохта Ирина Каримова, Файзулло Шарифзода, Убайдулло Зубайдов, Ғафур Муҳаметов, Арслонбек Ғозибеков ва дигарон сухан меравад. С.Неъматов кӯшидааст бо сабку шеваи ба худ хос бо нишон додани фаъолият ва хислати ҳамида дар офаридани чеҳраҳои онҳо муваффақ гардад.

Фасли сеюм «Паёми савту наво (ба ифтихори мутахассиси мусиқии миллӣ, устод Ҷӯрабек Набиев) ва фасли чорум «Меҳрнома ба фарзандону пайвандон» унвон дошта, хотироти муаллифро дар бар гирифтаанд.

С.Неъматов дар фасли панҷум, ки «Машқи рубоӣ» ном дорад, чакидаҳои хомаи худро дар ин шакли шеърӣ пешниҳоди хонанда намудааст.

Фасли шашум «Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад (андарзнома)», фасли ҳафтум «Қиссаву ҳикояҳо аз олами фарҳанг» ва фасли ҳаштум «Илҳом аз «Маснавии маънавӣ» унвон доранд, ки дар онҳо андешаҳои тарбиявии муаллиф фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар дарсҳои тарбиявӣ аз фаслҳои ин асар ба таври васеъ истифода намоянд.

Н.ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш