Нашрияи Омӯзгор

Ба ҷанг нафрин бояд кард

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 154        Шарҳ: 0

 

Ҷанги дуюми ҷаҳон яке мудҳиштарин воқеаҳои асри гузашта буда, тӯли панҷ сол идома ёфт ва дар он зиёда аз 72 давлати дунё ширкат варзиданду амалиёти ҷангӣ  дар сарзамини 40 давлат доман паҳн намуд.

Дар ин ҷанг  ҳазорон фарзанди баору номуси Тоҷикистон қаҳрамонӣ нишон дода, қисме дар майдонҳои набард ҷон супурдаанд. Аз рӯйи маълумоти расмӣ, аз Тоҷикистон  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон тахминан 300 ҳазор нафар иштирок кардаанд, 100 ҳазор нафари онҳо аз ҷабҳа барнагаштаанд, 54 нафари онҳо унвони олии  Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд ва 16 нафар бо ордени “Шараф” мукофотонида шудаанд. Аз китобу мақолаҳову ёддоштҳо хондаам, ки дар он солҳо  баъзе  мактабу донишкадаҳои олӣ ба госпиталҳои ҳарбӣ табдил ёфта будаанд. Ва дар  ин госпиталҳо занону духтарони тоҷик низ кор мекарданд ва аскарону афсаронро нигоҳбун менамуданд.

Ҳатто дар байни як шабонарӯз ба Коммисариати ҳарбии шаҳри Сталинобод 700 нафар бону ариза супориданд, то онҳоро ба майдони ҷанг фиристанд. Аз ин миён тоҷикдухтар Ойгул Муҳаммадҷонова баъди хатми техникуми авиатсионӣ ба Смоленск фиристода мешавад. Ойгул пас аз 93 парвози ҷангиаш бо пешниҳоди Шӯрои ҳарбии фронти ғарбӣ бо ордени Ленин сарфароз гардонида шудааст.

Адибони номдори тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим ихтиёран ба ҷанг рафтанд. Онҳо ҳам бо силоҳи ҷангӣ ва ҳам бо силоҳи сухан  ба муқобили душман мубориза мебурданд.

Устод Садриддин Айнӣ дар солҳои ҷанг асарҳои зиёд эҷод намуданд, ба мисли  “Суруди зафар”, “Чингизи асри ХХ”,  “Деви ҳафтсар”...

Ба ин васила, устод мардумро барои мубориза ба муқобили фашис-тон даъват менамуданд. Инчунин, устод Абулқосим Лоҳутӣ бо қалами тавонояш  дар шеърҳои “Шамшери душман бишканем”, “Ба бародари рус”, “Ғалабаи Таня”  далерию шуҷоати мардуми Шӯравиро  васф менамуд.

Устод Мирзо Турсунзода дар дос-тони “Писари Ватан” корнамоиҳои мардуми тоҷикро  дар ақибгоҳ ва дар арсаи ҷанг тавсиф намудааст.

Имсол аз он ҷанги хонумонсӯз 75 сол сипарӣ мешавад. Мардум медонанд, ки маҳз дӯстиву ваҳдати тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки бар душман ғолиб омаданд.

Ман ҳамчун омӯзгори фанни таърих ба шогирдонам  аз даҳшати он ҷанги мудҳиш  нақл карда, онҳоро  ҳушдор медиҳам, ки ҳаргиз ба ҷараёнҳои хатарнок, ба мисли  терроризму ифротгароӣ, ки падидаҳои  хатарзо мебошанд ва махсусан, ҷавононро ба тахрибкориҳо даъват мекунанд,  шомил нагарданд, вагарна ҳаёти худ ва пайвандони худро зери хатар мегузоранд.

Шаҳринисо Одинаева,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш