Нашрияи Омӯзгор

Армуғони омӯзгорон

Сана: 2020-02-13        Дида шуд: 183        Шарҳ: 0

 

«Қатра-қатра мешавам об»

Саодат Сатторӣ омӯзгор ва адибест, ки ҳам ба эҷоди осори  насрӣ ва ҳам назмӣ машғул гардида, тайи солҳои охир китобу маҷмӯаҳои зиёде ба нашр расондааст. Ба наздикӣ маҷмӯаи нави шеърҳои адиба бо номи «Қатра-қатра мешавам об» аз тариқи нашриёти «Истеъдод» ба  табъ расид. Дар пешсухани маҷмӯа омадааст, ки маҷмӯаи тозаи Саодат Сатторӣ нигоштаҳояшро дар мавзӯъҳои сулҳу ваҳдат, одамият, васфи диёру табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азиз дар бар мегирад. Воқеан, дар ашъори шоира ситоиши Ватан бо самимияту садоқати вижа, бо истифода аз саноеи гуногуни бадеӣ (ташбеҳу истиора, талмеҳ, тавсиф ва ғайра) хеле ҷолибу нишонрас сурат гирифтааст. Таври мисол, дар шеъри «Шинохтам туро, Ватан!» бузургию шукӯҳи ватан ба тариқи зайл ифода ёфтааст:

Зи нури поки субҳу шом,

Зи савти хуби ҳар мақом,

Рисолати ту бар калом,

Шинохтам туро, Ватан!

Маҷмӯаи шеърҳои С.Сатторӣ аз бобҳои «Исёни бехудӣ», «Таҷаммули фурӯғ», «Фарёди бетаҳ», «Инъоми меҳр» ва «Шаммае аз шамим» таркиб ёфтааст.

«Корвони ишқ»

Зулфия Султонова омӯзгор аст ва дерест, ки ба иншои ҳикояву қиссаҳо шуғл меварзад. Китоби нави насрии муаллима бо номи «Корвони ишқ» дастраси хонандагон гардид, ки аз ҳикояи «Амри тақдир», қиссаҳои «Нолаи ҷонсӯзи модар» ва «Корвони ишқи нотамом» иборат мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки аз ин пештар китоби нависанда бо номи «Розҳои нуҳуфта» ба табъ расида буд. Ҳикояву қиссаҳои тозатаълифи Зулфия Султонова ба масоилу мушкилоти ҳаёти оилавии мардуми тоҷик, мураккабию нофаҳмиҳо дар раванди зиндагӣ байни  навхонадорон ва ғайра бахшида шудааст.

Забон ва шеваи баёну ифодаи Зулфия Султонова фаҳмову сода буда, сабки навишти ӯ аз насри классикии форсу тоҷик маншаъ мегирад. Китоби нави омӯзгори хушсухан давоми қиссаи «Розҳои нуҳуфта» мебошад, ки он мавзӯи ишқи пок, садоқат ва мардонагии бонувони  деҳотро инъикос менамояд.

Шоири мардумие аз Киштӯддара

Адабиёти тоҷикро бе эҷодиёти шифоҳии халқ ва намояндагони он тасаввур кардан имконнопазир аст. Маҳз фолклор ва шоирони мардумӣ бо ашъору тарона ва сурудаҳои худ дар баёни вазъи зиндагии мардум,  меҳнату маишати онҳо, васфи хислатҳои неку ҳамидаи эшон, тасвири зиндагии босаодату фирӯзашон нақши мондагор доранд. Ба нашр расидани китоби «Наҷме дар самои Киштӯддара», ки ба ҳаёт ва эҷодиёти шоири халқӣ Наҷмиддин Шамсиддин бахшида шудааст, дар ин росто аз беҳтарин намунаҳои ашъори мардумӣ ба шумор меравад. Наҷмиддин Шамсиддин зодаи деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент буда, падараш Мулло Шамсиддинро дар ҷодаи шеър устоди хеш меҳисобад.

Бояд гуфт, ки шоири мардумӣ Наҷмиддин Шамсиддин эҷодкори муваффақ буда, намунаҳои эҷодиёташ ҳанӯз соли 1958 дар китоби «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» ҷой дода шудааст. Дар хусуси сурудаҳои ӯ фолк-лоршиносон ва муҳаққиқони адабиёт Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Раҷаб Амонов дар китоби «Намунаи фолк-лори диёри Рӯдакӣ» (Душанбе, 1963 сол) чунин зикр кардаанд:

«Наҷмиддин Шамсиддинов асосан шеърҳои ҳаҷвӣ мегӯяд… Шамсиддинов шоири бадеҳагӯй аст». Китоби «Наҷме дар самои Киштӯддара» бо саъю эҳтимоми набераи шоир, омӯзгори гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмансур Муродалӣ Наҷмиддинов ба чоп расидааст.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш