Нашрияи Омӯзгор

Меҳрномаи дӯстон

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 164        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори ҳафто-думин солгарди умри файзбору ҳикматрези донишманди варзида, нависанда ва пажӯҳишгари мумтози тоҷик Мирзо Шукурзода китоби муҳтавоманде бо номи «Киштаи ҳафтод баҳор» ба нашр расид, ки аз бисту чор ҷузъи чопӣ иборат аст. Ин китоб намунаҳое аз навиштаҳои адибон, пажӯҳишгарону донишмандон ва рӯзноманигорону хонандагонро дар бораи паҳлуҳои гуногуну пурбори фаъолияти доманадори Корманди шоистаи ҶТ, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Аълочии фарҳанги ҶТ, устод Мирзо Шукурзода дар бар мегирад.  Хонандагон дар китоби «Киштаи ҳафтод баҳор» бо навиштаҳои пурмеҳру самимии чеҳраҳои шинохтаи илму адаб М. Шакурӣ, К. Айнӣ, Ю. Яъқубшоҳ, Ардамеҳр, В. Самад, Ю. Акбарзод, М. Бобохонов, Кӯҳзод, Сорбон, А. Самад,  А. Сомонӣ, М. Муллоаҳмад… ошно мешаванд ва дармеёбанд, ки Мирзо Шукурзода дар дарозои беш аз  50 сол ҳамвора баҳри рушди робитаҳои адабии халқҳои ориёинажод, пажӯҳиши ҷараёну ҳавзаҳои адабӣ, бузургдошти мақому мартабаи забони миллат, таълифи асарҳои илмию бадеӣ талош варзидаву ба комёбиҳо мушарраф гардидааст. Китоб аз панҷ боб иборат буда, аз мақолаву шеъру нуктаву мусоҳибаҳои гуногун перомуни шахсият, кору пайкор, осори илмию адабии устод М.Шукурзода таркиб ёфтааст. Бояд гуфт, ки  китобҳои ин адиб ва пажӯҳишгари тавоно «Ҷонпайванд», «Фаввораи андуҳ», «Парниёну  ҳариру абрешим», «Ашки сари мижгони ман», «Тӯшаи умри падар», «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно»… аз ҷониби доираи васеи хонандагон хуб пазируфта шудаву батакрор нашр гардидаанд. Шоистаи тазаккур аст, ки дар китоби «Киштаи ҳафтод баҳор» ду нигоштаи ҳамкори мо, нависанда ва рӯзноманигор Абдурауф Муродӣ (1 мақола ва 1 шеър) оварда шудааст ва ҳақ ба ҷониби ӯст, ки дар ситоиши устод Мирзо Шукурзода гуфта:

Китобат1 чун сипар бар

миллати мо,

Ту худ чун шаҳписар бар

миллати мо.

Чӣ хушбахтист, бахшад

гар Худованд

Чу ту чанде дигар бар

миллати мо.

1Китоби устод «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» дар назар аст.

 

Н.Охунзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш