Нашрияи Омӯзгор

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сана: 2020-02-06        Дида шуд: 378        Шарҳ: 0

 

 

Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон, фармон медиҳам:

1. Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати се моҳ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,    31 январи соли 2020,  №1445

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020, №72

ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири

маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъйин намудани Қодирзода Д.Б.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қодирзода Диловар Баҳриддин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 4 феврали соли 2020, №73

ш. Душанбе

Дар бораи муовини вазири

маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

таъйин намудани Собирзода Н.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Собирзода Нуралӣ Миралӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш