Нашрияи Омӯзгор

ВАО ва интихобот

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 330        Шарҳ: 0

 

24-уми январи соли равон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар  дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дарси маҳорат дар мавзӯи «Инъикоси дурусти раванди интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАО» баргузор гардид.

Дар он раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Носирҷон Салимӣ, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Аваз Назаров ва Муҳаммадҷон Соҳибов, коршиноси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ Муҳаммадӣ Ибодуллоев ва намояндагони ВАО иштирок карданд.

Зиннатулло Исмоилзода қайд кард, ки намояндагони ВАО дар инъикоси раванди интихобот нақши муҳим доранд.

Носирҷон Салимӣ гуфт, ки интихобот набояд воситаи ихтилофот шавад, балки он василаи аз байн бурдани он бояд бошад.

Аваз Назаров изҳор дошт, ки маъмулан журналистонро «ҳокимияти чорум» ном мебаранд, чунки дар инъикоси масоили доғи рӯз нақши муҳим доранд. Бинобар ин, интизор меравад, ки дар инъикоси раванди интихобот низ бояд намояндагони ВАО фаъол бошанд. Дар ин самт санадҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ амал мекунанд, ки раванди интихоботро ба танзим медароранд. Аз ин ҷиҳат, иштироки журналистон низ дар интихобот тартиби муайяни худро дорад.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев дар мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ, бехатарии иттилоотӣ ва интихобот» ибрози андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки корбарони тоҷик бештар аз шабакаҳои Инстаграмм, Телеграмм-каналҳо, Фейсбук, Одноклассники ва месенҷерҳои хусусии Имо, Вайбер бештар истифода мебаранд. Дар раванди интихобот фаъолнокии номзадҳо ба вакилӣ авҷ мегирад. Мушкилоти асосии шабакаҳои интернетӣ дар ин айём банд шудани каналҳо, пешниҳоди маълумоти дурӯғ, таҳдиди шикастани аккаунтҳое, ки пурбинандаанд, саросемагӣ дар пешниҳоди рақаму далелҳо ва дуруст риоя накардани «Рӯзи хомӯшии пеш аз интихобот» мебошад. Дар сурати дуруст ва ҳадафнок истифода кардани шабакаҳои интернетӣ корбар метавонад, ба комёбӣ ноил шавад. Аммо риоя накардани қоидаҳои бехатарии истифодаи интернет натиҷаҳои манфӣ ҳам медиҳад.

 

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш