Нашрияи Омӯзгор

Терроризмро маҳкум бояд кард

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 150        Шарҳ: 0

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба таҳаввулот ва тағйироте, ки дар олам рӯй медиҳад, бетафовут нест. Чигунагии авзои ҷаҳон ба вазъи кишвари мо низ таъсир мегузорад.

Ҷаҳон дар ҳоли пешравист.Мутаассифона, муносибатҳо ва муборизаҳо тезутунд идома меёбанд. Сафи харобкорон меафзояд. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунии сайёра коршиносон бар он назаранд, ки мамолики амну осударо мебояд барои ҳифз ва гиромидошти осоиштагӣ дар сарзаминашон тасмимҳои ҷиддӣ гиранд.

Коршиносон бар он назаранд, ки масъалаҳои иқтисодӣ, махсусан, зиёд будани сафи бекорон ва эхтиёҷмандон баҳонаи шомил гаштани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гардидааст.Ҳарчанд тибқи омори расмӣ ин шумора коҳиш ёфтааст, ҳанӯз ҳам ҳастанд нафароне , ки аз гумроҳӣ узвияти ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъро қабул кардаанд.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ ҳастанд нафароне, ки ношукр аз Ватану миллатанд. Онҳо фирефтаи ҳавову ҳавас гашта, роҳи торику бебозгаштро интихоб мекунанд. Ободиву пешрафт ва шукуфоии имрӯзи Ватанро дида наметавонанд.Қисме аз онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гардидаву рӯзгори худро ба чаҳаннам табдил додаанд.

Дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврасу ҷавон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн, мактаб ва дар маҷмӯъ, аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад.

Солҳои охир таҳсили илм кардани наврасону ҷавонон дар мадрасаву мактабҳои исломӣ зиёд гардид, аммо сарфи назар аз масрафи маблағҳо дар ин самт, ҳеҷ манфиате ба рушди ҷомеа ба назар нарасид. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки дар мактабҳои хориҷи кишвар ҷавонон касбу ҳунар омӯзанд, то имкон пайдо кунанд дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Мо пайваста дар ҳар соати тарбиявӣ аз боби муҳимияти ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу маънавии халқи тоҷик сухан мегӯем. Дарси хештаншиносӣ ба муаррифии муқаддасоти миллӣ ба насли наврас мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки иқдомҳои ҷиддӣ аз сӯи Ҳукумати кишварамон дар самти баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум боиси пешрафту шукуфоии Ватанамон гардидааст. Ҳамаи имкониятҳо барои рушд ва пешрафти насли наврасу ҷавон муҳайёст. Танҳо моро мебояд, ки муҳаббати толибилмонро ба Ватан ва хештандорӣ афзуда, онҳоро чун ворисони бонангу ор тарбия намоем.

Мо, омӯзгорон, волидайн ва ҳар фарди ҷомеа вазифадор ҳастем, садди роҳи шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гардем, зеро мубориза алайҳи терроризм кори дастаҷамъист.

 Маҳина ҚУРБОНОВА,

 омӯзгори синфҳои  ибтидоии гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш