Нашрияи Омӯзгор

Амали дастаҷамъона

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 178        Шарҳ: 0

 

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта мавқеъ пайдо кардааст. Ин «вабои аср» ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст.

Муқаддас РУСТАМЗОДА,

устоди Донишгоҳи давлатии

Бохтар ба номи Носири Хусрав

 

Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо  роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсадҳои нопоки худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, барангехтани  зиддият дар миёни кишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомонӣ,  ҳамзамон, ворид кардани ноҷурӣ дар муносибатхои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

Ёсуман ТУРСУНОВА, 

омӯзгори таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №76 -и ноҳияи Фирдавсӣ

 

Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан собит мекунад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷӯшу хурӯши қавму милали дунё алоқаманд аст ва сабаби аслии ривоҷу равнақи он ба чигунагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст. Ҳама гуна давлатҳо дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро доранд. Аз ҷумла, дар давлатҳои мутамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, машъалбардори маънавият дар ҷомеаи башарианд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзистӣ мекашанд ва маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ дар ҷомеаи башарӣ шинохта шаванд.

Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд.

С.АЪЗАМОВ,

устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Байни шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон бояд ҳувияти миллӣ пурзур карда шавад. Мардуми мо аз қадим соҳибтамаддун буданд. Он фарҳанге, ки халқи тоҷик дорад, бо унсурҳои волои худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта  шудаанд, зеро агар ба таърихи ниёгон назар афканем, мебинем, ки тоҷикон ҳамеша мекӯшанд, то ба имрӯз, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумибашари таҳлил карда мешавад. Дар ҳар давраи таърихӣ  робита ва муносибати он бо маданияти халқҳо ва давлатҳои гуногун маънидод карда шуда, саҳми халқи тоҷик ҳамчун эҷодкори маданияти нотакрор дар фарҳангу маданияти халқҳои ҳамсоя, аз тарафи дигар, бархӯрдоршавии он бо дастовардҳои маданияти ҷаҳонӣ равшан карда мешавад. Бинобар ин, мо бояд ба хулқи ҳамидаи ниёгони худ пайравӣ карда, ҳисси нафрату кинаю адоватро аз байн барем.

Роҳат АБДУҶАББОРОВА,

 омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии 

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

 

Терроризм ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг меоварад, истифодаи он  мақсади ҷисман бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон намудани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимияти давлатӣ қабул кардани қарорҳо мебошад.

Бинобар ин, мо, шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷроҳи ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро ҳифз намоем. Бепарво  набошем, масъулиятро ҳис намоем ва барои таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳиву худшиносӣ, инчунин, ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор  бошем.

Муҳаммадаюб МАШАРИФОВ,

омӯзгори мактаби №22,  ноҳияи Деваштич

 

“ОМӮЗГОР”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш