Нашрияи Омӯзгор

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 185        Шарҳ: 0

 

Сада дар радифи Наврӯз ва Меҳргон ҷашнест, ки аз замони Пешдодиён  то ба рӯзгори мо расидааст ва таърихи хеле тӯлонӣ ва омӯзанда дорад. Таърихи ҷашни Сада ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто пештар аз он мерасад ва марбут ба  хуршеду оташ мебошад. Сабабгори аслии  ба вуҷуд омадани ҷашни Сада  эътиқод ба оташу хуршед будааст. Ин ҷашнро ниёкони мо ҳамчун ҷашни дарёфти оташ арзёбӣ  кардаанд. То имрӯз оташи Сада дилҳои моро гарм мекунад.

Баъди ба истиқлолият расидани Тоҷикистони азиз суннат ва ҷашнҳои миллие эҳё гардиданд, ки садсолаҳо аз назари халқ дур буданд. Ба шарофати истиқлол имрӯз ҷашни Сада дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили нахустин ҷашни Меҳргон  ишора карда гуфта буданд:... барои халқи  тоҷик  ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад”. Хушбахтона, ҳоло ҷашни Садаро мо дар мактабҳо низ ҷашн мегирем. Шогирдонамон расму аксҳои зиёд ва ҳунарҳои дастии худро дар идгоҳи мактаб ба тамошо мегузоранд. Ҳамчунин, шеъру таронаҳои зиёдеро, ки дар васфи Сада суруда шудаанд, азёд карда,  дар ин рӯз мехонанду месароянд.

Аз шуарои даврони устод Рӯдакӣ то имрӯзро мехонему,  дармеёбем, ки кулли онҳо дар васфи Сада шеър гуфтаанд.  Унсурӣ дар чанд қасидааш аз ҷашни Сада ёдовар мешавад.

Ҷашни Садаро дар моҳи Баҳман (аз миёнаи моҳи январ то миёнаи моҳи феврал) баргузор мекарданд ва дар ин асно  шабҳангом хирманҳои бузурги оташ меафрӯхтанд.

Ҳамчунин, дар бораи пайдоиши ҷашни Сада Ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-аш  ёдовар мешавад. Аз рӯйи навиштаи Фирдавсӣ, пайдоиши оташ ба шоҳи пешдодӣ Ҳушанг марбут аст.

Ҳушанг ба шикор мебарояд ва дар роҳ мори калонҷуссае мебинад ва  сангеро гирифта, ба сӯяш меафканад, вале санг ба мор намерасаду ба санги дигар бармехӯрад. Дар ин лаҳза аз сангҳо оташак бармеҷаҳаду  хору хаси гирду атрофашро месӯзонад. Ҳушанг бо ҳамроҳонаш, ки бори аввал оташро медиданд, аз шавқ гирди оташ мегаштанд, то он хомӯш нагардад.

Ҳаким Фирдавсӣ мегӯяд:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К - аз обод кардан ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Абӯрайҳони Берунӣ дар асари худ “ Ат- тафҳим” марбут ба Сада чунин навиштааст: “Ва аммо чунон аст, ки аз ҷашни Сада то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб”. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада, ҷашни гармӣ, яъне ҷашни посдории оташ аст, ки дар замони шаҳриёри пешдодӣ  Ҳушанг кашф шудааст.

Ман ин таърихчаро ба шогирдонам нақл мекунам ва илова менамоям, ки чанд соли охир ҷашни Сада дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ҳамагон таманнои онро дорем, ки ҳамасола ҷашни Сада мисли даврони қадим дар боғу майдонҳои васеъ ҷашн гирифта шавад, то мардум оташ афрӯзанду чун дар Наврӯз шодиву хуррамӣ намоянд. Сада, воқеан ҳам, ҷашни бузургу саршор аз таманниёти нек мебошад. Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар навиштааст:

Сада сад раҳ кушояд сӯйи Наврӯз,

Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.

Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,

Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.

 

Мукаррама Хидирова,

директори мактаби №96-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш