Нашрияи Омӯзгор

Ҷашни нишотбахш  

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 207        Шарҳ: 0

         

Сада яке аз ҷашнҳои мардумии мост, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳман моҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд

Бино ба таъкиди олими мардумшинос Равшан Раҳмонӣ, таърихи пайдоиш ва нишонаҳои ҷашни Сада марбут ба хуршед ва тимсоли он оташ мебошад. Ҷашни Садаро мардуми пешин бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он марбут донистаанд . Ин, аз як тараф, ифодагари рамзи ҷовидонагии хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз ҷиҳати дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва баъзе дигар пайдоиши онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Ба ҳамагон маълум, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олами зиндаанд ва ҳаракат мекунанд.

Оид ба истилоҳи “Сада” фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд.

Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулӯъ кардан” омадааст.

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст.

 Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз (аз баҳманмоҳ) бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд овардаанд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишораҳои торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамоии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто баргузор мешудааст. Мардумон барои гирд овардани ҳезум ва афрӯхтани оташ бо якдигар муошират мекардаанд ва ба ин тартиб, ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст.

Ба ақидаи ориёиҳои қадим, дар Сада сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти нармӣ ва гармӣ мерафт.

 Аз ин рӯ, мардум барои он ки ба киштукорашон зарар нарасад, чорвоҳояшон аз сардӣ эмин монад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфтаи бархе аз донишмандон, ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни Садаро барпо менамуданд.

 

Идигул АСОЕВА,

омӯзгори забон ва

адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш