Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба тарбияи мутахассисон

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 164        Шарҳ: 0

 

Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи  Рӯдакӣ даҳ сол пеш дар заминаи ду бинои сеошёна таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар коллеҷ Шӯрои олимон ва методӣ, шуъбаҳои таълим, тарбия, илм ва робитаҳои хориҷӣ, китобхона, парки технологӣ, хобгоҳ, ду факулта: умумӣ – гуманитарӣ ва техникӣ – табиӣ, риёзӣ, чор кафедра – филология, педагогика- психология ва фанҳои ҷамъиятшиносӣ, табиӣ – риёзӣ, техникӣ – технологӣ фаъолият мекунад.

Бино ба иттилои директори коллеҷ, номзади илмҳои филологӣ Наҷмуддин  Ширинзода, ҳарчанд ҳарду бинои дар ихтиёри коллеҷбуда аз охири  солҳои шастуми асри гузашта то ба имрӯз таъмири асосиро надидаанд, новобаста ба ин коллеҷ ҳоло дар доираи имкониятҳои мавҷуда дорои бинои таълимӣ, хобгоҳи умумии замонавӣ, утоқҳои корию синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳ, китобхона, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, парки технологӣ ва як силсила таҷҳизоти муосири техникии таълимӣ мебошад.

Ҳамчунин, имрӯз дар муассиса се синфхонаи компютери муҷаҳҳаз бо 65 компютер, се тахтаи электронӣ ва як адад графопроектор барои пешбурди таълим фароҳам оварда шудааст.

Маълум, ки дониш аз  хониш сарчашма мегирад. Бинобар ин,  маъмурияти муассиса масъалаи омӯзиш ва мутолиаи асарҳои бадеиро зери назорат гирифта, сари чанд вақт маҳфилҳои шеъру адаб, вохӯриву нишастҳои фарҳангиро ба роҳ мондааст. Китобхонаи коллеҷ дорои беш аз даҳ ҳазор нусха китоб ва толори хониш мебошад. Дар баробари ин, дар хобгоҳ низ бештар аз ҳазор адад китоби таълимиву бадеӣ ба ихтиёри шогирдон вогузор шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик пас аз коркард ва мукаммал  гардондан китобхонаи электронии муассиса низ фаъолияташро  оғоз мекунад.

- Мо ба интихоби кадрҳои омӯзгорӣ диққати ҷиддӣ дода, онҳоро ба таври озмун ба кор қабул менамоем, - мегӯяд Н. Ширинзода. – Ҳадаф ин аст, ки  бояд мутахассисони босаводу барои ояндаи ҷомеа фаъолро тарбия намоем. Ҳоло дар коллеҷ 112 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд. Аз ҷумла, ҳашт нафар устоди унвондор ва сӣ нафари дигар омӯзгори калон мебошанд. Дар коллеҷ вобаста ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳуҷраи «Ҳунарҳои мардумӣ»  ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, синфхонаҳои забони англисӣ, забони тоҷикӣ, математика, психология, педагогика, омӯзиши трактор ва автомобил, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дӯзанда, барқчӣ ва озмоишгоҳҳои химияву биология ҷиҳозонида шудаанд, ки донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода мекунанд.  

Дар коллеҷ айни замон  таълим аз рӯйи понздаҳ ихтисос ба роҳ  монда шудааст. Ҳамчунин, дар муассисаи таълимӣ барои шаҳрвандони бекасб курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи касбҳои дӯзандаи либосҳои миллӣ, системаи компютерӣ ва интернет – технология, ронандагӣ, монтёри барқӣ, кафшергари барқӣ фаъолият дошта, ба онҳо омӯзгорони соҳибкасбу пуртаҷриба  ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дарс мегӯянд.

Чунонки директори коллеҷ иброз дошт, соли таҳсили 2018 – 2019 бори аввал дар коллеҷ бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани шахсони имконияташон маҳдуд (ношунаво) ва соҳибкасб намудани онҳо гурӯҳи нав таъсис дода шуд, ки айни замон дар он 12 толибилм таҳсил карда истодаанд.

- Самти дигари  фаъолияти муассиса, - иброз дошт директори коллеҷ, -  тақвими фаъолияти гурӯҳҳои мақсаднок маҳсуб меёбад. Бо мақсади қабули шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бе таҳсилоти касбӣ дар соҳаи омӯзгорӣ фаъолият менамоянд, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ «Дар бораи таъсиси гурӯҳҳои мақсаднок дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабули гурӯҳҳои мақсаднок ба роҳ монда шуд. Муассисаи мо дар ноҳияи Ёвон аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва математика (як гурӯҳӣ) донишҷӯёнро ба таҳсил фаро гирифтааст. Соли гузашта гурӯҳҳои мақсаднокро 95 нафар хатм карданд, ки аз ин миён ҳафт нафар дипломи аъло гирифтанд.  Айни ҳол 188 донишҷӯ дар гурӯҳҳои мақсаднок  таҳсил карда истодаанд.   

Шогирдони коллеҷ дар олимпиадаҳои фаннӣ, мусо-биқаҳои варзишиву маҳфилҳои фарҳангиву адабӣ дар миқёси ноҳияву шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ ширкати фаъолона доранд. Масалан, дар соли таҳсили гузашта дар озмуни фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хонандагони мактабҳои ноҳияи Фирдавсӣ ширкат варзида, соҳиби як ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва як мақоми ифтихорӣ гардиданд. Дар даври ниҳоии озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ шогирдони коллеҷ Фахриддини Аҳлиддин аз фанни таърихи халқи тоҷик ва Ибодзода Меҳрафзуни Рустам аз фанни забони тоҷикӣ ҷойи дуюм ва Гулбаҳор Қурбонова соҳиби Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Дар маҷмӯъ, коллеҷ миёни 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷойи ҳафтумро ишғол намуд. Бо мақсади таҳкими дониши амалӣ ва омодагии хуби касбии донишҷӯён коллеҷ бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи касбӣ ва корхонаву ширкатҳо робитаи  хуби ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар асоси нақшаи таълимӣ ва қарордодҳои чандҷониба бо раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён давраи таҷрибаомӯзии худро дар гимназияи тоҷикӣ – русии ба номи А. С. Пушкини ноҳия, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дорои парваришгоҳи ятиму бепарастори №1, мактабҳои №№2, 3, 4, 6, 8,10, 15, 175-и ноҳия, ҶСШК «Авто-29»-и шаҳри  Душанбе, ҶДММ «Меҳрдод» - и ноҳияи Хуросон, филиали ҶСК «Соҳибкорбонк»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти «Даҳана» - и ноҳия Ёвон гузаронида,  донишҳои  назариявии худро  такмил медиҳанд.

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш