Нашрияи Омӯзгор

Армуғони пурарзиш

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 147        Шарҳ: 0

 

Нашриёти «Русская литература» китоби муҳаққиқи варзида ва рӯзноманигори чирадаст Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фарози қуллаҳо» - ро ба табъ расонд. Вақте ки шахс ин китобро мехонад, ҷаҳон – ҷаҳон маъно мебардорад, лаззати эстетикӣ мебарад; дар бисёр мавридҳо завқ мекунаду худ ба худ механдад, дар мавридҳои дигар ғусса мехӯраду мегиряд.

Чун мехонад, ки аҷнабиён мисли Искандари Мақдунӣ, Қутайба, муғулону манғитиён бо анбуҳи лашкари ғаддору бефарҳанг ба сарзамини биҳиштосои мо ҳуҷум мекарданду мекуштанду хуни ноҳақ мерехтанду аз каллаҳо манораҳо месохтанду ба яғмо мебурданду шаҳрҳою китобу китобхонаҳоро оташ мезаданд, ашки ғам дар дида ҳалқа мезанад, дил хун мегиряд. Ва чун мехонад, ки халқи заҳматкаши тоҷик бар гирди лашкаркашони далеру ватандӯсти худ Спитамен, Сунбоди Муғ, устод Сис, Деваштич, Муҳаммади Хоразмшоҳ, Темурмалик муттаҳид гашта, зидди хасм меҷангиданду хоки муқаддасро озод мекарданд, ашки шодӣ мерезад.

Халқи тоҷик, ки дар таҳқиқу таълифи муаллиф табиатан хушбин асту се асли «Авасто» - и муқаддас – пиндори нек, гуфтори нек, кирдори некро парчами зиндагӣ қарор додааст, давоми мавҷудияти худ, аз як ҷониб, бар зидди аҷнабиён мубориза бурдааст, аз ҷониби дигар, аз ҳар фурсати муносиб истифода бурда, тамаддун, фарҳангу адабиёт офарида, забони ноби худро пок нигоҳ доштааст. Агар дар аҳди Сосониён пандномаҳои зиёде мисли «Калила ва Димна» рӯйи кор омада бошанд, дар 180 соли давлатдории Сомониён забони адабии тоҷик ташаккул ёфт, тадриҷан дар идораи коргузории давлат ҷои забони арабиро ишғол намуд ва ҳамин мақомашро дар дарбори Ғазнавиёну Салҷуқиён ва ҳатто, Манғитиён аз даст надод.

Раҷабалӣ Қудратзода, махсусан, вақте ки перомуни нашъунамои адабиёт дар аҳди Сомониён сухан меронад, худ мешукуфад. Ӯ ҳодисаю воқеаҳоро на танҳо баён менамояд, балки ҳиссиёташро ифода мекунад: агар нумӯро мушоҳида намояд, мешукуфад ва агар заъфро бинад, ғамнок мегардад. Ва барои он ки сухану далелҳо боэътимоду боварибахш бароянд, аз олимону донишмандони зиёде иқтибосҳо меоварад. Масалан, иқтибос аз муаррихи шинохта, шодравон Маъруф Исоматов: «Хизмати ҷовидонаи Балъамиён, аз ҷумла, Абулфазли Балъамӣ дар он аст, ки устод Рӯдакиро соҳибқирони шоирон намуда, мақоми илму адаб, хосса, шеъру шоириро дар ҷамъияти тоҷикон ва кулли форсизабонон баланд бардошта, шуҳрати ҷаҳонии давлати Сомониёнро ба вуҷуд овард». Иқтибоси дигаре аз устод Саид Нафисӣ, ки дар он аз 100 нафар донишманду олими шаҳири ҳамасри Рӯдакӣ ёд мешаванд, ки беш аз 90 – 100 сол умр дидаанд: «ва ин беҳтарин гувоҳ аст, ки донишманд дар он рӯзгор дар мунтаҳои осудагию хушӣ ва нозу неъмат будааст, ки тавонистаанд чунин умрҳои дароз бинанд ва ин ҳама аз партави нозу неъмате буда, ки подшоҳони сомонӣ барои эшон фароҳам оварда будаанд». Дар зимни ин иқтибос муаллиф Раҷабалӣ Қудратзода хотиррасон менамояд: «Ин ду симои абадзинда (устодон Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ дар назар аст) худ аз худ ба чунин қуллаи тобноки назм нарасидаанд. Чун Сомониёни хирадпарвар истеъдоди табиӣ ва модарзоди онҳоро дарк намуданд, ба парастории онҳо камар бастанд ва дар ин роҳ ҳеҷ чизро дареғ надоштанд. Рӯдакию Фирдавсӣ, бо вуҷуди истеъдоди тавоно, ба дастгирии моддию маънавӣ ва ҳомии ғамхоре эҳтиёҷ доштаанд ва ин ҳамаро дар симои давлати Сомониён дарёфтаанд». Барои исботи фикр муаллиф мисолҳо меорад, ки то чӣ андоза амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва Балъамӣ заҳмати Рӯдакиро қадр мекарданд: «Танҳо силае, ки Рӯдакӣ барои сурудани қасидаи шевои «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён» дарёфт кардааст, аз рӯи ченаки имрӯза ба миллионҳо доллар баробар меояд». Ё худ, «асилзодагони сомонӣ беш аз 30 сол Фирдавсиро мавриди ғамхориву таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоса қарор додаанд, халта - халта симу зарро аз ӯ дареғ надоштаанд, то ӯ озод аз ташвиши рӯзгор ба назми «Шоҳнома» саргарм бошад».

Муваффақият ва комёбиҳои халқи мо ва намояндагони номдори он ҳамеша ба чашми нотавонбинону душманони дохилию хориҷӣ ҳамчун хори марғелон мехаланд ва чун устухоне дар гулӯи онон дармемонданд. Аз ин ҷост, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷанги нангини бародаркуширо роҳандозӣ карданд. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки «Як кишвари ободу хуррам ва як миллати мутамаддин ба хоку хун кашида шуд». Дар чунин вазъияти даҳшатбор ва фоҷиаангез Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва неруҳои солимфикри ҷомеа тамоми ҳастӣ ва ҳаёти худро баҳри наҷоти кишвар аз вартаи ҳалокат ба харҷ доданд. Эмомалӣ Раҳмон ба хиради азалӣ ва таърихи давлатдории ниёгон такя намуда, кори бузургеро дар шароити нави таърихӣ анҷом дод, ки ҳазору сад сол қабл Исмоили Сомонӣ анҷом дода буд. Китоби Раҷабалӣ Қудратзода «Бар фарози қуллаҳо» асари таърихӣ, фарҳангию адабӣ, илмию оммавӣ буда, аҳамияти муҳими тарбиявӣ дорад. Вай ба торҳои нозуки эҳсос нохун зада, хотираи таърихиро меафзояд, дар қалбҳо ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, вахдату ифтихори миллӣ бедор менамояд.

 

Муҳаммадулло ЛУТФУЛЛОЗОДА,

академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,

Ӯрун КӮҲЗОД,

Нависандаи халқии Тоҷикистон,

Алӣ БОБОҶОН,

шоири кӯдакон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш