Нашрияи Омӯзгор

Сарбози ҷабҳаи худшиносӣ

Сана: 2020-01-30        Дида шуд: 299        Шарҳ: 0

 

Дар Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маҳфили адабии “Сарбози ҷабҳаи худшиносӣ” бахшида ба 50-солагии фаъолияти эҷодии адиб, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ – Мирзо Шукурзода баргузор гардид.

ҳамоишро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод оғоз намуда, аз нақш ва хидматҳои Мирзо Шукурзода дар рушди илм, адабиёт ва пажӯҳиши масъалаҳои тоҷикшиносӣ ёдовар гардид.

Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд табрикот ва таманниёти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Аъзои маҳфили адабии «Зарафшон», шоирони хушзавқ Олимхон Исматӣ, Мирзоҳайдар Умарзод, Ҷӯра Юсуфӣ, Абдуллои Фозил бо қироати ашъори тозаэҷоди худ дар бораи Мирзо Шукурзода соҳибҷашнро таҳният гуфтанд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ табрикоти иҷрокунандаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззодаро қироат намуда, зикр кард, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ баҳри таҳкими пояҳои истиқлолияти маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии Тоҷикистони азизамон хизмати шоиста менамоянд, ки адиб, аз ҳамин ҷумлаанд.

Мирзо Шукурзода ҳарчанд 70-сол қабл дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дида ба ҷаҳон кушудааст, вале даврони мактабхонӣ ва навҷавонии ӯ маҳз дар Дилварзини тоҷик, дар ин макони тозабунёд, дар нахустин муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – мактаби миёнаи №4 рост омадааст. Яъне, Мирзо Шукурзода шоҳиди бевоситаи фидокорию азхудгузаштагӣ, мушкилоту маҳрумият ва дар айни замон заҳмати ифтихорофарини ҳамдиёрони худ дар фатҳи дашти Дилварзин гардидааст. Доир ба меҳнати баҳодуронаи мастчоҳиён даҳҳо очерку ҳикоя ва қиссаҳои мустанад эҷод кардааст, ки бархе аз онҳо дар  маҷмӯаҳои «Ситораҳои рахшанда» ва «Теғи ҷонбахш» ба нашр расидаанд.

Мирзо Шукурзода дар ибтидои солҳои Истиқлолият маҳз ба хотири тақвияти эҳсоси миллатдӯстию меҳанпарастии ҳамватанон ва ташаккули камолоти ватандӯстии наврасону ҷавонон маҷмӯаи «Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар»-ро ба нашр расонид, ки баъдан такмили он бо номи «Тоҷикон дар масири таърих» дар Эрону Покистон низ чоп шудааст, ки боиси ифтихори ҳамдиёрон мебошад. Ғайр аз ин, зимни фаъолияти беш аз даҳсолаи худ дар ҶИЭ даҳҳо маҷмӯаи ашъор ва дигар осори адибони тоҷик, аз ҷумла, маҷмӯаи ашъори Лоиқ Шералӣ бо номи «Рӯҳи Рахш», шоира Гулрухсор таҳти унвони «Ашки тӯфон», баёзи фолклори тоҷик бо номи «Себи Самарқанд»-ро нашр кардааст. Оид ба рӯзгор ва осори нахустин шоири соҳибдевони Мастчоҳ – Муллоаҳмад Мираминзода рисолаи илмию адабиро бо замимаи ашъори шоир таҳти унвони «Кӯҳкане аз користони дил» ба табъ расонидааст. Бинобар ин, ба таъкиди донишманди мумтози тоҷик, академик Муҳаммадҷон Шукурӣ: «Мирзо Шукурзода дар сафи онҳоест, ки дар даҳ – дувоздаҳ соли охир як ҷараёни қавӣ, бо номи тоҷикшиносӣ ба вуҷуд оварданд ва ширкати ӯ дар тоҷикшиносии Эрон як падидаи ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ буда, ба вижа, дар Истиқлолияти Тоҷикистон аҳамияти калони сиёсиву иҷтимоӣ дорад ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он мустаҳкам мекунад».

Мирзо Шукурзода даҳҳо асарҳои дигаре, ба монанди «Ҷонпайванд», «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно», «Размоварони Ҳиндукуш», «Кимёгари дурри дарӣ», «Арҷномаи Мирзо Аҳмадзода», «Офтоб дар оина», «Фарёди фоҷиаи Афғонистон»-ро таълиф намуда, дар ғановати маънавии мардум ва хазинаи фарҳанги миллӣ саҳми шоиста гузошт. Номбурда, ҳамчунин, девони ашъори Туғрали Аҳрориро ба нашр расонида, ба он пешгуфтори муфассали олимонаро таҳти унвони «Вуруде ба шакаристони Туғрал» таълиф кардааст. Дар ин миён ду маҷмӯаи ашъори Мирзо Шукурзода бо номҳои «Ашки сари мижгони ман» ва «Фаввораи андуҳ» ба нашр расидаанд, ки ҷавҳари шеърҳои ин ду маҷмӯаро ишқ ба Ватан, шинохти асолати миллӣ, муҳаббат ба ҳамдиёрон, одамият, озодагӣ ва сафои зоҳиру ботин ташкил медиҳад. Аз ин ҷиҳат, ба таъкиди донишвари бузург ва адабиётшиноси номвари тоҷик Абдуманнони Насриддин: «Мирзо Шукурзода фарзанди арҷманди диёри мо, муҳаққиқ ва донишпажӯҳи тоҷик аз ҷумлаи он зумра роҳиёни илму фарҳанг аст, ки ҳиммате мардона доранд ва имон бадрақаи роҳи онҳост. Ӯ инсонест, ки дар синааш диле саршор аз ишқ ба меҳан метапад».

 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш