Нашрияи Омӯзгор

Пояи миллат

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 199        Шарҳ: 0

 

Забон ҳадяи бебаҳоест, ки барои одамизод ато шудааст. Он имконият медиҳад, ки инсон қонунҳои табиат ва рушди ҷомеаро дарк намояд, соҳаҳои гуногуни илму техника ва санъатро пеш бубарад, ба фарҳангҳои халқҳои дигар ҳамгиро гашта, панду андарз ва ҳикматҳои миллии дар худ фарогирифтаро ба намояндагони миллатҳои дигар интиқол диҳад.

Ҳамзамон аз бозёфтҳои ба даст овардаи фарҳанги миллӣ ва неруҳои зеҳнии он ҳикоятҳо бикунад ва бо тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамгиро гашта, дар ғанӣ гаштани фарҳанги намояндагони миллатҳои дигар мусоидат намояд.

 Забон ҷони миллат аст ва бе забон миллат арзи вуҷуд карда наметавонад ва худи башарият низ бидуни забон вуҷуд надорад. Таърих гувоҳ аст, ки бо аз миён рафтани ин ё он давлат забони расмии он низ аз доираи истеъмол баромадааст ва дар заминаи забони мардум ё забони ғолибон (аҷнабиён) забони дигари давлатӣ пайдо шудааст.

Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ, омили муттаҳидгари халқ будани он ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Воқеан, тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам бароварданд. Ба шарофати фаъолияту осори онҳо забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони расмии давлатӣ хидмат кардааст.

Хизмати бевосита ва қудрати беҳамтои забон аст, ки тафовути миллатҳо аён аст. Забон чун Модар ва Ватан ҷоннисориро мехоҳад ва номусу ҳисси миллӣ доштани касро таҷассум менамояд. Адиби бузург Расул Ғамзатов мегӯяд:

«Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, ман имрӯз тайёрам, ки бимирам».

 Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият арҷ гузоштан нисбат ба забони давлатӣ ва давраи нави инкишофи забони тоҷикӣ оғоз ёфт. Ба мақом ва аҳамияти бузурги забони тоҷикӣ ҳамчун як рукни азими фарҳанги миллат эътибори хоса дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид мекунанд, ки «Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он заминаҳои мусоид фароҳам оварда, ҳама гуна маҳдудиятҳо ва монеъаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф месозад»

Забони давлатии мо омили иттиҳоди миллати мост, яъне дар мақоми забони давлатӣ иттиҳоди миллӣ дар кишвар таъмин мешавад. Зарурати хуб донистани забонро масъалаи дигар низ тақозо менамояд, ки ин ба забони тоҷикӣ сурат гирифтани коргузорӣ аст. Ин ҳар як фарди ҷумҳуриро ба он водор месозад, ки лафзи тоҷикиро дар шакли мукаммал бидонад ва озодона бо он такаллум намояд.

Наргис ЗИЁЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти

мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш