Нашрияи Омӯзгор

Забонҳо сунъӣ ҳам мешаванд

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 321        Шарҳ: 0

 

Олами забонҳо хеле ва хеле рангину ҷолиб ва пур аз ҳодисоту воқеаҳост. Забонҳо дар ҷаҳон зиёданд ва пажӯҳишгарон бар он назаранд, ки  теъдоди онҳо аз 5 ҳазор беш аст.

Дар дарозои таърих иддае аз забонҳо маҳв шудаанд ва иддаи дигар бинобар сахт коҳиш  ёфтани теъдоди соҳибзабонон дар арафаи нобудшавианд. Ҳоло забонҳои испанию чинӣ, фаронсавию англисӣ ва русию арабӣ аз забонҳои нисбатан бештар паҳншуда ва маъруфи ҷаҳон ба шумор мераванд. Дар баробари забонҳои маъмулу табиӣ дар олам забонҳои сунъӣ низ мавҷуданд, ки таъриху баромади аҷибу ҷолиб доранд. Офаридани забонҳои сунъӣ (забонҳои сохта) дорои таърихи қадим мебошанд. Тақрибан 300 сол пеш то милод донишманди Юнон Алексарх дар асоси забони юнонӣ забони сунъӣ ихтироъ намуд. Донишманди дигари ин кишвар Декарт низ забони сунъие ихтироъ кард. Баъдтар чандин нафари ҳаваскору  забондон барои офаридани забони сунъӣ кӯшиш ба харҷ дода, қаринаҳои худро эҷод карданд. Пажӯҳишгарон муқаррар намудаанд, ки аз асри 17 то аҳди мо дар ҷаҳон беш аз 1000 забони сунъӣ таҳия шудааст. Аз ин миён танҳо чанде аз ин забонҳо мавриди истифода қарор гирифтанд: волапюк (забони умумиҷаҳонӣ), эсперанто, идо, интерлингва. Офарандагони забонҳои сунъӣ чунин ақида доштанд, ки забонҳои табиӣ, аслан, барои ифодаи фикр ва мубодилаи байни одамон мукаммал ва созгор нестанд. Воқеан, забонҳои сунъии дигаре низ мавҷуданд, ки танҳо як тарзи ифода-хаттӣ (пазиграфия) ва ё имову ишоратӣ (пазимология) доранд. Забони сунъие бо номи солресол (забони мусиқӣ), вуҷуд дорад, ки дар он овоз, рақамҳо, имову ишора, рангҳо… бо ёрии нотаҳо ифода меёбанд. Соли 1879 аз ҷониби забоншиноси олмонӣ И.М.Шлейер забони сунъии волапюк ихтироъ шуд. Забони мазкур бо усули  барчидани калимаҳо аз забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, лотинӣ... тағйир додани шакли онҳо бо ҳадафи содатар кардани талаффузи онҳо, аз байн бурдани афзалияти ин ё он забон ва қатъи назар кардан аз синониму омонимҳо сохта шудааст. Вале ин тариқи забонсозӣ чандон комёбӣ наовард.

Аз ин рӯ, минбаъд созандагони забонҳои сунъӣ кӯшиш карданд, ки  бештар аз калимаҳои байналмилалӣ истифода намоянд.

Забонҳои сунъии тахассусӣ забонҳои рамзии илмҳои гуногун (математика, мантиқ, кимиё…), забони муоширати инсонҳо бо мошинҳо (забонҳои алгоритмӣ, забони барномасозӣ, забони амалиёти техникӣ…) мебошанд.

Забонҳои сунъии тахассусӣ дар асри 16 дар Аврупо дар алоқамандӣ ба илми математика пайдо шуданд. Ва то имрӯз вуҷуд доранду равнақ меёбанд.

Забонҳои сунъӣ чун ҳама гуна амалу ашёи сунъӣ чандон комёб нашудаанд ва забонҳои табиӣ ҳамоно ба бартарии комил соҳибанд.

Мавлонбӣ Сафарова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш