Нашрияи Омӯзгор

Мавқеи ҷавонон дар рушди ҷомеа

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 198        Шарҳ: 0

 

Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардан ва таҳкими шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истиқрори шаҳрвандӣ ва вазъи иҷтимоии ҷавонон мебошад.

Аз мавқеи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, боварӣ ба ояндаи дурахшон ва фаъолнокии онҳо самти рушди Тоҷикистон дар ҷодаи дигаргунсозиҳои демократӣ алоқаманд аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муҳоҷирати иҷборӣ ҷавонон бояд пешбарандаи ғояҳои сабурию таҳаммулпазирӣ, рушди фарҳанги тоҷик ва тахкими муносибатҳои байниҳамдигарии  наслҳо ва миллатҳо бошанд.    

Маълум аст, ки ҷавонон аксаран бо сатҳи баланди қобилияти сафарбарй, фаъолнокии зеҳнӣ ва саломатӣ аз дигар гурӯҳҳои аҳолӣ фарқ мекунанд. Махз ҷавонон ба шароитҳои нави зиндагӣ зуд мутобик мегарданд. Ҳамзамон, дар назди ҷомеа вазифа гузошта шудааст, ки норасоӣ ва талафоти вобаста ба масъалаҳои мубрамро, ки чиҳати ба ҷомеа фарогирии ҷавонон, ҳамгироии онҳо ба фазоӣ ягонаи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ алоқаманданд, ба кадри имкон коҳиш диҳанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон барои муттаҳид сохтани захираҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ даъват шудааст, ки он барои мақсадҳои зайл хусусияти байни идоравии ҳамкориҳои муштаракро дар назар дорад:

Ҷалби босуботи ҷавонон ба хаёти ҷамъиятӣ ва инкишофи малакаи фаъолияти мустақилонаи ҳаётан муҳими шаҳрвандони ҷавони кишвар, иттилоотонӣ дар мавриди рушду такомули минбаъдаи онҳо ҳам дар ҷумҳурӣ ва ҳам дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, инчунин, фарҳанги истифодаи инкишофи шахсият ва ҷомеа, ки имкон медиҳад, ҷавонон неруи худро дар амал татбиқ намоянд, ба қувваи  худ ва ояндаи худ боварй дошта бошанд.

Муайян намудан, пешбарӣ кардан ва дастгирии фаъолнокии ҷавонон ва дастовардҳои онҳо дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, эҷодию варзишӣ, ки имконият медиҳад ҷавонон қобилияти худро зоҳир намоянд, неруи худро дар амал татбиқ кунанд ва дар кишвари худ шоистаи эътироф гарданд.

Чунин системаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии чавонон ба беҳбуди вазъи зиндагии насли ҷавон, афзоиши саҳми онҳо ҷиҳати рақобатпазирии кишвар мусоидат намуда, ҳамзамон, окибати иштибоҳотро, ки маъмулан барои насли ҷавон хостааст, ба қадри имкон  коҳиш медиҳад.

Латофат Ғафурова,

омӯзгори мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш