Нашрияи Омӯзгор

Шароити хуб - асоси комёбиҳо

Сана: 2020-01-23        Дида шуд: 256        Шарҳ: 0

Мо  баҳри тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб аз роҳу усулҳои гуногун истифода мебарем, - гуфт зимни суҳбат директори коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади илми педагогӣ  Алишер Ализода. – Яке аз шаклҳои асосии баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ аз  курси такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон аст.

Тибқи нақшаи дурнамои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ дар давоми солҳои 2019 – 2023 тамоми омӯзгорону кормандон аз курси такмили ихтисос хоҳанд гузашт. Дар соли гузашта мувофиқи нақшаи мазкур 12 нафар омӯзгор дар дохил ва як нафар   дар хориҷи кишвар аз ин курс  гузаштанд. Дар баробари ин, 74 нафар омӯзгор, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони коллеҷ дар се давра дар Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» аз курси «Омӯзиш  дар асоси салоҳият» гузашта, соҳиби ҳуҷҷат гардиданд.

А. Ализода  иброз дошт, ки  айни замон коллеҷ мутахассисонро аз рӯйи 11 ихтисос дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона омода менамояд. Аз рӯйи зарурат соли гузашта (вобаста ба талаботи бозори меҳнат) чор ихтисоси нав кушода шуд. Албатта, барои ин шароит, аз ҷумла, ҷойи нишаст ва дигар лавозимоти хониш лозиманд, ки чунин шароит низ муҳайё гардонда шуд.  Сиву чор синфхона, панҷ озмоишгоҳ, даҳ устохонаи таълимӣ, 85 компютер, 9 тахтаи электронӣ… имкон медиҳанд, ки  барномаҳои таълимӣ саривақт ва бо сифати баланд иҷро гарданд.

Дар коллеҷ факултаҳои технология ва иқтисодиёт, муҳандисӣ – омӯзгорӣ, кафедраҳои фанҳои гуманитарӣ, табиию риёзӣ, автомобил ва мошинсозӣ, саноатию  сохтмонӣ, технологияи  иттилоотӣ ва дизайн амал мекунанд. Аз нимаи дуюми соли гузашта маъмурияти коллеҷ бо қарори Шӯрои олимон ҷиҳати иҷрои бандҳои  Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи кафедраи  фанҳои гуманитарӣ, табиию риёзӣ як кафедраи нав – табиию  риёзиро таъсис дод. Ҳоло теъдоди донишҷӯёни коллеҷ ба 911 нафар расидааст. Ба низоми таълиму тарбия аҳамияти махсус дода мешавад, то ки донишҷӯён вақти худро беҳуда нагузаронда, ҳатман ба омӯхтани илму ҳунар сарф намоянд. Соли дуюм аст, ки дар мо таълим дар шакли низоми кредитии таҳсилот  идома дорад  ва айни ҳол чил гурӯҳи академӣ ба ҳамин тарзи таълим фаро  гирифта шудаанд. Омӯзгорон аз рӯйи 15 ихтисос аз 46  барномаи таълимӣ  ва 96 силлабус пас аз тасдиқи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон   таълиму тарбияро ба роҳ мондаанд.

- Имсол 276 нафар коллеҷро хатм карданд, ки 6 нафарашон дипломи «аъло» гирифтанд, - мегӯяд А. Ализода. Кӯшиш мекунем, ки минбаъд сафи аълохонҳоямон бештар гарданд. Ҳоло дар китобхонаи коллеҷ 19272 адад китоб мавҷуд аст. Илова бар ин, - мегӯяд директор, - бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим китобхонаи электронӣ таъсис дода шуда, бо шабакаи интернет пайваст гардид. Дар доираи ҳамкориҳои адабӣ -фарҳангӣ бо намояндагии Маркази русии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ба фонди китобхонаи коллеҷ аз ҷониби маркази мазкур 64 номгӯй китоби бадеӣ, умумитаълимӣ ва тахассусӣ ворид карда шуд.

Чунонки А. Ализода иттилоъ дод, маъмурият ҳамеша ба масъалаи давомоти устодону шогирдон ва савияи дарсазхудкунии хонандагон диққати ҷиддӣ медиҳад. Мутаассифона, дар давоми соли хониши 2019 – 2020  сӣ ҳолати дарсшикании бархе аз омӯзгорон ва худсарона  иваз намудани дарсҳо ба қайд гирифта шуд, ки  ин аз бемасъулиятии  мудирони кафедраҳо дарак медиҳад. Нисбат ба ҳашт нафари онҳо тибқи хулосаи қисми таълим ва ҳуқуқшиноси коллеҷ муҷозоти интизомӣ дар шакли «сарзаниш» амалӣ карда шуд.

Чунонки директори коллеҷ иброз дошт, бо мақсади шаффоф гузаронидани аттестатсияҳои санҷишиву имтиҳонӣ ва пешгирӣ кардани амалҳои  коррупсионӣ дар коллеҷ барномаи махсуси электронии «FoxPro» коркард ва насб карда шудааст, ки санҷишҳои фосилавӣ ва имтиҳонҳои ҷорӣ тавассути барномаи мазкур қабул крда мешаванд.

- Мо барои боло бурдани сифати таълим,   азхуд кардани барномаҳои таълимӣ, ҳавасманд  кардани донишҷӯёнамон мунтазам чораҳои дахлдор меандешем, - иброз дошт А. Ализода. – Барои ин бо қарори Шӯрои олимони коллеҷ ба донишҷӯёне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд, аз ҳисоби суратҳисоби махсуси коллеҷ ба миқдори аз 500 то 1000 сомонӣ мукофотпулӣ медиҳем. Шояд як сабабаш ҳамин бошад, ки дар соли гузашта  тибқи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф муайян намуд, аз рӯйи 23 нишондод  коллеҷи мо дар байни 73 муассисаи таҳсилоти  миёнаи касбии ҷумҳурӣ ҷойи панҷумро ишғол кард. Узви дастаи олимпии коллеҷ, донишҷӯи курси сеюми шуъбаи рӯзонаи факултаи муҳандисӣ – омӯзгорӣ Муҳаммад Қодиров дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз   фанни биология ҷойи якумро ишғол карда, соҳиби медали тилло ва диплом гардид.

Маъмурияти коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгорӣ  ҷиҳати тақвият бахшидани робитаҳои хориҷӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ва ҷалби барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо коллеҷи политехникии шаҳри Рязани Федератсияи Россия ва бо Донишгоҳи туризм ва идоракунии меҳмонпазирии шаҳри Ҳайдарободи Ҷумҳурии Ҳиндустон созишномаҳои  ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Маъмурияти коллеҷ бо чанд коршиноси ташкилотҳои хориҷӣ, аз ҷумла, бо коршиносон Соня Сенточник, Булент Килинч ва Рохеля Нурбаева оид ба фарогирии масъалаҳо ва ҳамкориҳои коллеҷ бо Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба ВММВША дар самти омӯзиши омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон» ва бо намояндаи «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Л. Н. Дудко вохӯрӣ гузаронд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки омӯзгорон ва кормандони коллеҷ пайваста дар  семинару конфронсҳо, курсҳои омӯзишӣ, ки аз тарафи ташкилотҳо дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ баргузор мегарданд, иштирок менамоянд.

Ба иттилои директори коллеҷ, таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ ҷузъи таркибии нақшаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, барои самаранок ва бо сифати баланд гузаронидани онҳо маъмурият бо 20 корхонаи истеҳсолӣ, 5 муассисаи таҳсилоти касбӣ, 7 коллеҷ, 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ шартномаҳои ибтидоиро ба имзо расонидааст. Аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ дар 187 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияю литсейҳои касбӣ – техникии  навоҳии пойтахт ва бисту шаш шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ корҳои таблиғотию  ташвиқотӣ гузаронида шуд. Коллеҷ ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шунавандагон дар курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи 17 касб пайваста корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, дар соли 2019  66 нафар касбомӯзони ихтиёриро ба таҳсил ҷалб намуд. Онҳо пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддат соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Барои иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои коллеҷ  ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои таълимии №2 аз таъмири пурра бароварда шуда, мавриди истифодаи донишҷӯёну омӯзгорон қарор дода шуд.

 Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш