Нашрияи Омӯзгор

Ба сухан пухта шавад хоми ҳама

Сана: 2020-01-16        Дида шуд: 300        Шарҳ: 0

 

Тайи моҳҳои охир ба идораи нашрияи  «Омӯзгор» номаҳои зиёди омӯзгорону устодон аз шаҳру навоҳии кишвар ворид гардиданд, ки ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд. Навиштаҳои омӯзгори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ Бахтиёр Назаров, рӯзноманигор  Ш.Абдулҳамид, донишҷӯи ДДҲБСТ Фотима Ҳамроқулова, омӯзгори мактаби №66-и шаҳри Душанбе Зулфия Шамбиева, муаллима (суроға номаълум) Н.Қаҳҳорова, муовини  декани факултаи сайёҳию кӯҳии ДТҶТ ба номи С.Раҳимов Муродмад Ойдӯстов, дотсенти ДДХ ба номи Б.Ғафуров Сафар Эркаев, кормандони Осорхонаи маорифи  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, омӯзгорони мактаби №30-и шаҳри Душанбе Маҳбуба Орифова, Ойҷонбӣ Даминова, Рухшона Ҷалолова, донишҷӯйи ДДҲБСТ  Мирзокомил Комилов, омӯзгори мактаби №38, шаҳри Ваҳдат Убайдулло Давлат-ёров, омӯзгори ДДЗТ ба номи С.Улуғзода Суҳроб Бобокалонов, корманди ДҶТИБКСМ Аюб Давлатов ва омӯзгори муассисаи таълимии №25-и шаҳри Душанбе Маҳина Сафарова, мактаби №61-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сайидо Шукуров, мактаби №1-и ҳамин ноҳия Аниса Назархудоева, корманди МҶМТ Лола Ҳодиева, директори мактаби №39-и ноҳияи  Рӯдакӣ Амирҷон Балаҷонов, омӯзгори мактаби №58-и шаҳри Душанбе Бобохон Боронов, корманди  ДДХ ба номи Б.Ғафуров Ғайрат Юсупов, докторанти ДДК ба номи А.Рӯдакӣ Исфандиёр Билолов, омӯзгори мактаби №3-и ноҳияи  Шаҳринав Камолиддин Сироҷов, мактаби №15-и ноҳияи Айнӣ Маҳфиза Мукаррамова, мактаби №3-и ноҳияи Дӯстӣ Ш.Кабирзода, устоди Донишгоҳи политехники ш.Хуҷанд Фароғат Маҳмудова ва чанд нафари дигар маҳз ба гиромидошти рӯзи Парчами миллӣ ва сиёсати сулҳхоҳонаю созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд, ки мо, кормандони нашрия, аз эшон сидқан  сипосгузорем. Иддаи дигари навиштаҳои омӯзгорон  масоили ҳифзи табиат, об ва проблемаҳои экологӣ, рушду равнақи сайёҳию туризм ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишварро дар бар гирифтааст. Муаллифон саъй намудаанд то андешаю мулоҳизаҳояшонро дар қиболи беҳдошти табиат, об, замин ва  табиати афсункори Тоҷикистон рӯйи сафҳа оранд. Мақолаҳои «Об-манбаи ҳаёт» (мутаассифона, ному насаби  нигоранда маълум нест), омӯзгори мактаби №34-и шаҳри Панҷакент Оразбек Шехимов, мактаби № 72-и шаҳри Душанбе Зайнаб Ҳакимова, мураббии  муассисаи томактабии №89-и ноҳияи  Сино Дилбар Абдуқаҳхорова, омӯзгори литсейи инноватсионии «Душанбе» Барчиной Назарова, корманди  коллеҷи кӯҳии ба номи С.Юсуповаи шаҳри Душанбе Фирдавс Тошов, омӯзгори мактаби №14-и ноҳияи Рӯдакӣ Шарофиддин Талбаков, як нафар омӯзгори мактаби №52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки ному насабаш сабт  нагардидааст, мактаби №58-и ноҳияи Фирдавсӣ Манижа Зарифбекова, мушовири шуъбаи маорифи  ноҳияи Восеъ Саидмурод  Одинаев аз ҳамин қабил  маҳсуб меёбанд.  Қисмати зиёди матолиби  ирсолнамудаи омӯзгорон ба мавзӯи методикаи таълим, роҳу усулҳои нави тадрис, татбиқи шеваи дарсии муносибати босалоҳият ба таълим бахшида шудаанд. Як гурӯҳ омӯзгорон аз таҷрибаи кории худ нақл карда, тарзу роҳҳои ҷолиби таълимро  ба хонандагони нашрия пешниҳод  намудаанд. Ба ин навиштаҳо мақолаҳои омӯзгорони мактаби  №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шаҳноз  Муҳаммадиева, литсей барои хонандагони шаҳри Хуҷанд  Рӯдоба Сиддиқова, омӯзгор (суроға номаълум) Моҳира Зокирова, мактаби №3-и ноҳияи Шаҳринав Камолиддин Сироҷов, омӯзгори мактаби №35, ноҳияи Мастчоҳ Саидқосим Саидов, мактаби №93-и ноҳияи Сино Гуландом  Маҳмадалиева, мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Ашт М.Ҳайдарзода, омӯзгор Гулшан Эвазова (суроға номаълум), директори мактаби №75-и ноҳияи Фирдавсӣ Ҳ.Азимов, омӯзгорони литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе Муаттар Маҳмудова ва Шаҳригул Яқубова, муовини директор оид ба таълиму  тарбияи мактаби №75-и ноҳияи Фирдавсӣ Гулнора Ҳалимова,  омӯзгори мактаби №59-и шаҳри Душанбе Лайлӣ Вазирова, мактаби №50-и ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Саидов, мактаби №1-и шаҳри Душанбе Аниса Назархудоева, мактаби №35-и пойтахт Муҳаббат Розиқова, омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Бӯстон Б.Ҳаитбоев шомил ҳастанд. Ногуфта намонад, ки мақолаи Б.Ҳаитбоев аз шаҳри Бӯстон камбудию ғалатҳои имлоиро, ки дар навишти исми  мамолики рӯйи ҷаҳон дар китоби «Географияи иқтисодӣ ва иқтисодии ҷаҳон» (синфи 9) ба назар мерасанд, дар бар гирифтааст. Тавре  ба мо хабар доданд, китоб такроран нашр мегардад  ва ин ғалатҳо аз байн бардошта мешаванд. Мусаллам  аст, ки  рисолати мактабу волидон ва аҳли ҷомеа дар пешбурди сиёсати давлату Ҳукумат дар қиболи дар рӯҳияи арзишҳои волои миллӣ ва худогоҳию  ватандӯстӣ тарбияву ба камол расондани насли наврас бениҳоят бузург мебошад. Ин нукта дар силсилаи мақолаҳои муаллифон аз ДДХ ба номи Б.Ғафуров Фаридун Ҳодибоев, Алишер Норматов, омӯзгори мактаби №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Меҳриниссо Назарова, мактаби №42-и ноҳияи Деваштич Одиназода Хурсандбой Абдурауф, мушовири  литсейи касбӣ-техникии нафт ва гази шаҳраки Нефтободи вилояти  Суғд З.Шарипов, А.Содиқов, М.Абророва (суроғаи муаллифон номаълум), омӯзгор Ф.Алиева аз шаҳри Душанбе, муаллимаи литсейи инноватсионии «Душанбе» Тӯтинисо Мамурова, омӯзгори мактаби  №14-и шаҳри Кӯлоб Мария Одинаева бо тарзу шеваҳои мухталиф инъикос ёфтаанд. Масоили тарбияи маърифатии хонандагон ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба мутолиаи осори бадеӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорону устодон қарор дошта, дар ин самт онҳо андешаҳои судманд ва пешниҳодҳои ҷолибро баён намудаанд. Аз ҷумла, омӯзгори мактаби №105-и ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамила Бобоева, дотсент М.Шарипова (кадом  донишгоҳ ва донишкада номаълум аст), омӯзгори мактаби №30-и шаҳри Душанбе Мавҷудабону Азимова, аз шаҳри Истаравшан Муртазоалӣ Муродов, корманди китобхонаи оммавии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб  Саодат Абдулҳакимзода,  омӯзгори мактаби №50-и шаҳри Панҷакент Фатҳулло Сафарзода, кормандони коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи А.Рӯдакӣ  Мубина Қаюмова ва Шамсия Одинаева, як  силсила навиштаҳои номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёров ва чанди дигар роҳҳои ба мутолиа ҷалб  намудани насли нав-расро дар бар гирифтаанд. Муаллифони эҷодкор Б.Ҳайдаров дар ҳикояи «Сад дареғи падарам» ва Халифаи данғарагӣ  дар  шеъру ғазалҳояш ҳунару қобилияти худ-ро санҷидаанд, ки  лоиқи  таҳсин мебошад.

Дар маҷмӯъ, дар навиштаҳои устодону омӯзгорон самимияту меҳр, талошу кӯшиши сухани тоза гуфтан, ибрози андешаҳои созандаю судманд ва васфу ситоиши заҳмати ҳамкорон эҳсос карда  мешавад. Мо, кормандони нашрия, ба ҳамаи  муаллифони мақолаю матолиб, ки вақти хешро дареғ надошта, ҳамкории густурдаро бо ҳафтанома ба роҳ мондаанд, миннатдории худро баён намуда, аз онҳо навиштаҳои рангину пурмуҳтаворо интизор ҳастем.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш