Нашрияи Омӯзгор

Таърих гувоҳ аст

Сана: 2020-01-09        Дида шуд: 297        Шарҳ: 0

 

Воқеияти таърих борҳо қотеъона собит сохтааст, ки тоҷикон табиатан халқи тамаддунпарвару тамаддунофаранд. Ҳам сиёсат, ҳам иқтисодиёт, ҳам иҷтимоиёт ва ҳам фарҳангу маънавиёти ин халқи бостонӣ бозгӯй аз он мекунанд, ки тоҷикон дар паҳнои ҷаҳон мавқеи хоса доранд ва дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёт аз аҳди куҳан то ба имрӯз ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Кашфиёти тоза ба тозаи таърихӣ ҷанбаҳои гуногуни зиндагии гузаштагони халқи тоҷикро ошкор намуда, чеҳраи аслии онҳоро пурҷилотар месозанд. Як далели барҷастаи собитгари ин гуфтаҳо ҳафриёти Саразми бостонист. Кашфи шаҳри қадимии Саразм дар ҳудуди шаҳри Панҷакенти имрӯза яке аз ҳодисаҳои барҷастаи таърихӣ дар даҳсолаҳои охири асри 20 дар саросари олам гашт. Саразм бо далели бозёфтҳои фаровони қадимӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои беназири давраи ориёӣ шинохта шуд ва таваҷҷуҳи олимону бос-тоншиносони зиёдеро аз кишварҳои гуногуни олам ҷалб намуд. Ин шаҳри қадимӣ дорои бозору ростаҳои гуногуни ҳунармандӣ, биноҳои маъмурӣ, ибодатгоҳҳо, корвонсароҳо,  шабакаи обкашӣ ва амсоли инҳо будаасту дар қатори рушдёфтатарин шаҳрҳои минтақа қарор доштааст. Нахустин муҳаққиқи Саразми бостонӣ, олими маъруфи таърихшинос Абдуллоҷон Исҳоқӣ масоҳати онро 90 гектар ва шумораи аҳолиашро тақрибан 8000 муайян кардааст. Саразм гувоҳи ривоҷи ҳунармандӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ… дар байни аҷдоди халқи тоҷик мебошад. Он, ҳамчунин, собит месозад, ки гузаштагони мо дар тиҷорат ва дар робитаҳои ҳасана бо кишварҳои ҳамсоя муваффақ будаанд. Ин аст, ки дар Саразм дар натиҷаи вусъати ҳафриёт лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши Балуҷистону Систон дарёфт шуданд. Ин шаҳри таърихӣ бо «Роҳи абрешим» низ ҳамбастагӣ доштааст. Барои бостоншиносон он далел низ хеле ҷолибу аҷиб буда, ки дар бозёфтҳои Саразм омезу такомули маданияти қавмҳои ориёӣ ба мушоҳида мерасад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, иттилоъ доданд, ки «бо пешниҳоди мо чанд рӯз пеш Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард».

Ин хабари хушро аҳли диёрамон бо мамнуният пазируфтанд, зеро он боз як далели эътирофи бостонӣ будани халқи тоҷик ва таърихи ғановатбори ин халқи сарбаланд мебошад.

Идигул Асоева,

омӯзгори забон ва  адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш