Нашрияи Омӯзгор

Ғолибон соҳибҷоиза гардиданд

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 273        Шарҳ: 0

 

 28 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар соли 2019 баргузор гардид.

Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмуни мазкур,  волидайни иштирокдорон  ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин, аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»   баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа буд. Имрӯз натиҷаи он исбот намуд, ки дар ҳақиқат, мардуми тоҷик мисли гузаштаи хеш китобдору китобхон мебошанд».

Мавсуф иброз дошт, ки «ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Озмун аз ноҳияҳо оғоз гардида, то сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ мегарданд».

Сипас,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода Шоҳҷоизаи асосии озмун - 50 000 сомониро ба хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо бо гирифтани 253, 5 хол тақдим намуд.

Ҳамчунин,   ғолибони чор номинатсия бо маблағҳои муайяншуда қадрдонӣ гардиданд:

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик»:

Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба Сарфарозиддин Имрониддинов

Ҷойи дуюм - 25000  сомонӣ ба Сафармоҳи Аҳмадбек

Ҷойи сеюм - 20000 сомонӣ ба Шабеҳа Раҳнамо

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик»:

Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба Шукрона Хоҷамқулова

Ҷойи дуюм - 20000 сомонӣ ба Рухшона Нурова

Ҷойи сеюм - 15000 сомонӣ ба Мосума Шоҳмуродзода

Дар номинатсияи

«Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик»:

Ҷойи якум - 25000 сомонӣ ба Муҳаммад Раҳнамо

Ҷойи дуюм - 17000 сомонӣ ба Зебонисои  Азизиён

Ҷойи сеюм - 13000 сомонӣ ба Бинямони Илҳом

Дар номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон»:

Ҷойи якум - 30000 сомонӣ ба Шабнам Одинаева

Ҷойи дуюм - 20000 сомонӣ ба Насиба Ҳафизова

Ҷойи сеюм - 15000 сомонӣ ба Шобегим Маликшоева

Азизмоҳ Панҷшанбезода аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои маҳорату дониши хуб доштан бо 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм сарфароз гардид.

Ҳамчунин чанд нафар ятимони кулл ва хурдсолоне, ки дар озмуни мазкур дониши баланд доштанд, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Инҳо Озодаи Саид, Ҷӯрахон Тошов, Лайло Рӯзибоева, Ҳумайнӣ Кароматуллоҳ, Аҷикуллоҳ Ҳусейнов ва  Сайрам Файзова мебошанд.

Инчунин, ба ғолибони дигари озмун диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар ҷамъбаст барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.

Тавре дар Паёми навбатиамон ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) Сарвари давлат таъкид намуданд, «минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.

«Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» низ ҳар сол  баргузор карда шавад.

 

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш