Нашрияи Омӯзгор

Дарахт бо решаҳояш устувор аст

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 221        Шарҳ: 0

Хеле равшан мушоҳида мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олӣ ба масоили хештаншиносию ифтихори миллӣ ва муқаддасоти миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва ҳамагонро даъват мекунанд, ки нисбат ба аслу авлоди худ, нисбат ба таърихи халқи азизи хеш ҳаргиз бепарво набошанд. Худогоҳӣ нишони камолоти маънавии халқ аст, омӯхтани таърих бошад, ҷодаҳои имрӯзу фардои афроди миллатро мунаввар месозад. Таъкиди зерини Сарвари кишвар, ки дар Паёми навбатиашон садо дод, аз ҳамин маънӣ маншаъ мегирад: «Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд». Мегӯянд, ки гузаштаро надониставу наомӯхта ба сӯи фардо муваффақона қадам ниҳодан имкон надорад. Ноогаҳӣ ҳатман касро ба вартаҳо мекашад. Пешвои миллат таърихро мактаби бузурги худшиносӣ номида, дар баробари ин, ҳушдор доданд, ки ҳар шахси баору номус бояд ба таърихи халқу миллати худ арҷ гузорад, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагонашро биомӯзад. Таърихи пурифтихори миллати тоҷик бояд ташвиқгари ғояи садоқату муҳаббат ба Ватан бошад. Ноогаҳӣ аз таъриху тамаддуни хеш ва костагии ҳисси миллию худшиносӣ вуруди унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон мекунад ва махсусан, боиси ғалатҳои ҷиддӣ ва гоҳе фоҷеафарҷом дар байни ҷавонон мегардад. Таърих решаҳои устувори дарахти ҳастии мост ва маълум, ки ҳар дарахте маҳз бо ҳифзи решаҳояш пойбарҷост. Агар мо решаҳои таърихии худро солиму устувор дидан хоҳем, бояд пайваста биомӯзем, соҳибмаърифату тамаддунпарвар бошем.

Бояд гуфт, ки дар омӯзиши таърихи миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, пеш аз ҳама, худи Пешвои миллатамон намунаи ибрат барои ҳама гаштаанд. Бо эҳтимому ибтикори Президенти ҷумҳурӣ дар самти тақвияти худшиносии миллии аҳли кишвар пайваста тадбирҷӯиҳо мешавад. Аз ҷумла, ба шарофати ташаббусҳои ватандӯстонаи Сарвари давлатамон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ мегардад. Инак, дар Паёми навинашон Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки конфронси генералии ЮНЕСКО оид ба таҷлили ҷашнҳои 5500-солагии Саразми тоҷикон ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ қарор қабул намудааст. Мо, аҳли маориф, аз ин ҳама шукуфоиҳои кишвари азизамон ифтихормандем.

 

Фирӯза РАҲМОНОВА,

Идигул Асоева,

омӯзгорони мактаби

№100-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш