Нашрияи Омӯзгор

Ифтихор аз таърихи пуршараф

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 167        Шарҳ: 0

Дар рӯҳияи худшиносию хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагон аз масъалаҳои хеле муҳим ба ҳисоб рафта, омӯзгорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки сараввал  бояд  худ хештаншинос бошанд. Дар акси ҳол, худшиносиро ба шогирдони хеш талқину тарғиб карда наметавонанд.

Таҳлилу омӯзиши мавзӯи «Роҳҳои тарбияи худшиносии  хонандагон» собит месозад, ки хештаншиносиро аз гаҳвора  оғоз бояд кард. Яъне, дар шароити феълии раванди босуръати ҷаҳонишавӣ модарони миллати тоҷик вазифадоранд, ки сари гаҳвораи тифлони хеш  «аллаи хештаншиносӣ»  сароянд, то сабку оҳанги худшиносӣ дар мағзи поку беолоиши онҳо аз овони тифлӣ ҷо бигирад.

Аммо агар воқеъбинона сари ин масъала андешаронӣ намоем, возеҳу равшан мегардад, ки муносибат ба ин василаи  тарбияи маънавӣ ва бедории худшиносӣ ба таври бояду шояд шакл нагирифта, дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад. То ҳанӯз модарон сари гаҳвораи тифл бо сурудани порчаҳои ашъори халқии замонҳои пешин қаноат менамоянду халос. Ҳатто тибқи назарсанҷии кӯтоҳи мо маълум гардид, ки анъанаи сурудани алла сари гаҳвораи тифлон оҳиста - оҳиста ба боди фаромӯшӣ меравад. Ҳол он ки ин равия ҳамчун василаи хуби тарбия аз замонҳои пешин роиҷ буда, таъсири амиқу мусбии  он дар ташаккули маънавии атфол исбот гардидааст.

Ба назари инҷониб, ин амали тарбиявӣ ҳамон вақт татбиқ  мегардад, ки аҳли қалам бо ҳисси баланди хештаншиносӣ қалам ба даст бигиранд ва барои модарони миллати тоҷик ба таври сода, равону дилнишин ашъори наву тозаи худшиносии миллиро эҷод намоянд.

Оре, ин гуна шеърҳо ё «аллаҳои хештаншиносӣ» бояд мазмун ва   ҷанбаи соф миллиро дар бар гиранд ва рӯҳнавозу дилнишин бошанд.

Мавриди зикр аст, ки аксари  миллату халқиятҳои рӯйи олам  сари болини атфоли хеш пеш аз хоб афсона мехонанд ва  ба ин васила дар мағзи ҷигарбандону соҳибони ояндаи давлату миллати худ ғояи худшиносии миллиро ҷой мекунанд. Ин сабки тарбияи маънавиро  аксаран миллатҳои рӯйи олам  ба воситаи нақлу ривоятҳо, ки симои қаҳрамонони миллиро инъкосгар мебошанд,  пешниҳоди тифлаконашон мекунанд. Ба ибораи дигар, адибони ин  халқҳою миллатҳо дар офаридани асарҳои бачагонае, ки образҳои асосиашон қаҳрамонони миллианд, хеле пеш рафтаанд.

Мутаассифона, адибони мо дар ин самт  чандон  муваффақ нестанд. Аз номи тамоми омӯзгорони ҷавон аз аҳли адабу фарҳанг ва мутасаддиёни соҳа хоҳиш мешавад, ки дар офаридани маводи хештаншиносӣ барои модарони миллат ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии мамлакат кӯшишу ғайрати бештар ба харҷ диҳанд, то ки тифлакони миллати тоҷик аз хурдӣ ба корномаи қаҳрамонони миллати тоҷик, аз ҷумла, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Восеъ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода,  Нусратулло Махсум, Бобоҷон ғафуров ва ғайраҳо ошноӣ пайдо карда тавонанд.

 Аз назари мо, вақти он расидааст, ки бо дарназардошти муҳимияти масъалаи тарбияи худшиносӣ  дар системаи маорифи Тоҷикистон барномаи махсуси хештаншиносӣ роҳандозӣ шавад, ки он роҳҳою василаҳои тарбияи худшиносиро  аз тифлони кӯдакистон то муҳассилину донишҷӯёни донишкадаю донишгоҳҳо фарогир бошад. Аз сабаби набудани барномаи мушаххасу мукаммал  ҷиҳати тарбия ва тадриси масъалаи худшиносӣ дар макотиби миёнаи  мамлакат ҳар омӯзгор метавонад ба омӯзиши мавзӯи зикргардида мустақилона машғул гардида, барои шогирдони худ тарзи таълими онро тарҳрезӣ намуда, барномаи худро  тартиб диҳад.

Олимону муҳаққиқон дастур медиҳанд, ки  барномаи таълимӣ  барои тарбияи худшиносии хонандагон бояд ба зинаи таълим ва синну соли хонандагон мувофиқ гардонида шавад, ки ин ақидаи комилан дуруст ва муфид аст.

Дилафрӯзи Ҳабибулло,

роҳбари Созмони хонандагони мактаби №93-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш