Нашрияи Омӯзгор

Ифротгароӣ аз нотавонбинист

Сана: 2020-01-03        Дида шуд: 169        Шарҳ: 0

Бисёр хушоянду нишотбахш аст, ки обрӯю эътибори Ватани азизи мо – Тоҷикистон дар паҳнои ҷаҳон давра ба давра меафзояд.

Ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати сулҳдӯстонаву башарпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат кардааст. Кишвари маҳбуби мо ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» тавониста, ки бо аксар давлатҳои дунё муносибати нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷабҳа дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монад. Умуман, ҳамкориҳои барои тарафҳо судманд ва мусоидатгар ба ҳамзистии осоиштаву манфиатбор ҷавҳари сиёсати Роҳбари давлати тоҷиконро дар муносибатҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Тоҷикистон имрӯз дар байни давлатҳои олам ҳамчун кишвари ташаббускори як силсила иқдому ибтикороти барои аҳли башар пурсуд шинохта мешавад. Кишвари мо, аз ҷумла, дар сафи пеши мубориза бо ифротгароён ва ҳама гуна ҳизбу созмону ҳаракатҳои тахрибкору каҷамалу каҷниҳод дар паҳнои дунё қарор дорад. Дар Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба масъалаи амалиёти зиёновару фасодбори гурӯҳҳои экстремистӣ дар олам дахл карда шуд. Пешвои миллат бо нигаронӣ иброз доштанд, ки «амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки торроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст». Ҳаракатҳову амалиёти хатарзо дар аксар манотиқи олам давра ба давра вусъат меёбад ва ифротгароён барои расидан ба ҳадафҳои нопоку пурғарази худ аз ягон амали зишту нопок ва ваҳшиёна даст намекашанд. Ифротгароён боиси бадбахтию маҳрумиятҳо, хонавайрониву саргардонии ҳазорҳо ҳазор аҳолӣ дар кишварҳои алоҳида мешаванд, ободониҳоро валангор месозанд, тухми адоват мекоранд ва ҷангу ҷаҳолатро тарғиб менамоянд. Аз ин рӯ, имрӯз бояд тамоми неруҳои башардӯсту тамаддунпарвари ҷаҳон беш аз ҳарвақта дасти ҳам бигиранд, муттаҳид шаванд ва барои саркӯб кардани қувваҳои тахрибкору инсонбадбин ҷидду ҷаҳд намоянд.

Тоҷикистон низ аз доираи назари террористону экстремистон дур намондааст. Ҳатто, зумрае аз онҳо бархоста аз дохили мамлакатанд, ҳамонҳоеанд, ки бар Ватан хиёнат кардаву баҳри манфиатҳои худ ва ғаразҳои шахсиву гурӯҳиашон даст ба омоли шармандавору зиёновар ба халқи кишвар задаанд.

Имрӯз ин гурӯҳҳои хоин дар паси «хоҷаҳои хориҷӣ»-ашон паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи Тоҷикистон меафкананд, ҳарзагӯиву иғвогарӣ мекунанд, вале чунонки халқ мегӯяд, «бори каҷ ба манзил намерасад». Чунонки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, Тоҷикистон сол то сол пеш меравад, ободу зеботар мешавад ва ин худ ҷавоби сазоворест ба кулли бадхоҳони Ватани маҳбуби мо.

Шарти муҳимтарин барои мубориза бо экстремизму терроризм муттаҳидию ҳамбастагӣ ва дӯстиву рафоқати тамоми сокинони сулҳпарвари ҷаҳон мебошад.

 

Меҳринисо СОЛИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш