Нашрияи Омӯзгор

Китоби олимони тоҷик дар Олмон

Сана: 2019-12-26        Дида шуд: 234        Шарҳ: 0

 

Китоби докторони илми иқтисод, профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров бо номи «Аграрный сектор экономики: пути перехода к устойчивому развитию», ки дар нашриёти LAMBERT ACADEMIC PUBLISHING-и давлати Олмон соли ҷорӣ нашр шуд, мавриди истиқболи гарми муштариён қарор гирифт.

Бо ин китоби пурарзиш номи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар саҳифаи аввали он маълумот оид ба ин муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст ва айни замон муаллифон дар ин донишгоҳҳо фаъолият мекунанд, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.

Мавриди зикр аст, ки профессорон Фаттоҳ Азизов ва Хоҷимаҳмад Умаров дар қатори беҳтарин олимон ва 200 ҳазор нафар беҳтарин муаллифе, ки китобҳои худро дар сатҳи байналмиллалӣ нашр намудаанд, дохил гардидаанд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш