Нашрияи Омӯзгор

Дар пайи андешаҳои судманд

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 250        Шарҳ: 0

 

Дар соли 2019  маъмурияти  коллеҷи  омӯзгории шаҳри Ҳисор  дар баробари  хуб ба роҳ  мондани кори таълиму тарбия дар боби пурмуҳтавою  ғанӣ гардидани дунёи маънавии аҳли коллеҷ низ вохӯриву суҳбатҳо, маҳфилҳои гуногун бо иштироки одамони номдори шаҳру ҷумҳурӣ, адибону олимон, таҷлили санаҳои таърихӣ ва монанди инро ба роҳ монданд. Аз ҷумла, ҳафтаи гузашта дар коллеҷ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Рушди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар давраи Истиқлолият» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директорони муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ, олимону рӯзноманигорон баргузор гардид.

Директори коллеҷи номбурда, номзади илми филологӣ Г. Додобоева зимни шодбошии меҳмонон ҳадафи баргузории ҳамоишро шарҳ дода, гуфт, ки дар давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни мамлакат рушду нумӯъ кард, ки пешрафт ва афзудани  теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ аз ин истисно нест.

Сипас, маърӯзачиён ба чор сексия ҷудо гардиданд. Оид  ба мавзӯъҳои маориф ва ҷойгоҳи он дар сиёсати Пешвои миллат, роҳ ёфтан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, симо ва нақши омӯзгор дар замони истиқлолият, Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ бештар аз шаст маърӯза шунида шуд.

Ҷиҳати хубу дилпазири   конфронс боз дар он буд, ки ба ин васила кулли роҳбарони  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ, хусусан, аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба ҳам омада, доир ба нақшаҳои минбаъдаи хеш андешаҳояшонро радду бадал  намуданд.

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш