Нашрияи Омӯзгор

Гаравиш ба равияҳои тундгаро фоҷеафарҷом аст

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 222        Шарҳ: 0

 

Яке аз масоили муҳим ва мубрами замон ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Дар ин замина моро зарур аст, ки аҳли ҷомеа, хоса, ҷавононро аз махсусиятҳои равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва аҳдофи нопоки созмону гурӯҳҳои бадкешу ифротгаро огоҳ намоем, то ба доми афроду гурӯҳҳои тахрибкор гирифтор нагарданд.

Барои ҷилавгирӣ аз бегонашавӣ ва дигар падидаҳои номатлуб моро мебояд, ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем.

Чанд соли охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки аз вазъи ноустувори иқтисодии мамолик истифода намуда, миёни аҳолӣ ниҳодҳои динӣ таъсис додаанд, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад. Онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба осонӣ ба гурӯҳҳои хеш шомил месозанд ва дар зеҳнашон идеологияи гайримақбулро ворид менамоянд. Ҳадафи аслии ин гуна афрод, ки онҳоро террористон мегӯянд, таҳрибкорӣ ва ба даст овардани сарвартҳои муфт мебошад. Ашхосе, ки дар садри ин қабил созмонҳои ифротгаро нишастаанд, ҷавононро бо ваъдаҳои ба даст овардани савоби бисёр ва шаҳид шудану ба биҳишт роҳ ёфтан фирефта мекунанд. Таассуфовар аст, ки қисмате аз ҷавонон ба ин ваъдаҳои хаёлию бофта итминон карда, ба даст силоҳ мегиранду алайҳи ҳамватанон, ҳаммиллатон ва ҳатто, ақрабои хеш меҷанганд. Иддае аз онҳо намедонанд, ки мақсадашон аз ҷанг чист, барои чӣ ва ё барои кӣ меҷанганд. Хоса, ҷавонон, ки пас аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таваллуд шудаанд, намедонанд, ки ҷанг чист ва чӣ паёмадҳои даҳшатборе дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талкин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан, меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд».

Мушоҳидаҳою таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки ашхоси бурунмарзӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб месозанд ва бо ин васила мехоҳанд, ки сулҳу амниятро дар кишвари мо барҳам зананд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашиҳою нооромиҳои харобовар ғӯтавар намоянд.

Бисёр шигифтовар аст, ки роҳбарони созмонҳои ифротгаро аҳком ва шариати дини мубини Исломро бо андешаҳои шахсии хеш олуда намуда, ақидаҳои разилонаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой мекунанд. Онҳо пайваста таблиғ менамоянд, ки дини Ислом халқро ба ҷиҳод даъват кардааст ва бо ин васила мусулмонро бар зидди мусулмон мешӯронанд.

 Бояд тазаккур дод, ки ифротгароён ва тундравон қатъи назар аз дину оин ва миллату нажод дар пайи бесуботнамоии амнияти давлат ҳастанд. Дар натиҷаи аъмоли террористии хеш сабабгори марги ҳазорон мардуми осоиштаи бегуноҳ мегарданд. Бо ин гуна амалҳои табаҳкорона онҳо нуфузи дини исломро, ки воқеан ҳам, дини покӣ, адолат ва инсоф  мебошад, коҳиш медиҳанд.

Қувваҳое, ки одамонро ба набарду терроризм ва радикализми динӣ раҳнамун месозанд, одамонро аз асл бегона карда, онҳоро бо худшиносии миллӣ муқобил мегузоранд. Агар ба ин масъала аниқтар бингарем, дар шароити кунунӣ тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми мо ҳамчун обу ҳаво зарур мебошад. Ҷомеа, махсусан, ҷавонон бояд донанд, ки халқи тоҷик дорои таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти оламшумул аст.

Имрӯз насли ҷавонро дар моварои мухолифатҳои сиёсӣ бояд чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ дошта бошанд, соҳиби нангу номус гарданд ва ҳаргиз Ватанро ба дасти бегонагон насупоранд.

 

Файзиниссо Ҳайдарова,

омӯзгори мактаби №32-и   ноҳияи Сино, 

Матлуба Алиева,

омӯзгори мактаби №59-и  ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш