Нашрияи Омӯзгор

Мушкилоти муассисаи таҳсилоти иловагӣ

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 188        Шарҳ: 0

 

Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар вилояти Хатлон ҳанӯз ба талаби рӯз ҷавобгӯ нест . Директори муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон Маърифат Ғуломова сабаби ин вазъро дар надоштани мустақилияти молиявӣ ва бинои алоҳидаи муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳӣ мебинад.

Мавсуф изҳор дошт, ки муассисаҳои таҳсилоти иловагии 12 шаҳру ноҳия бинои асосӣ надоранд. Илова бар ин, муассисаҳои мазкур аз норасоии утоқҳои корӣ танқисӣ мекашанд. Баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҳатто як адад компютер ва принтер надоранд. 

Аммо Сабрина Комилова, сокини ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки фарзанди хурдиаш ба маҳфилҳои иловагӣ фаро гирифта шудааст, гуфт, сабаби фаъолияти сусти муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва кам ҷалб гардидани хонандагон ба маҳфилҳо беэътиноӣ ва корбарии сусти масъулин мебошад. Дар маҳфилҳо кор бо хонанда бояд ҷолибу шавқовар бошад.

- Тасаввур кунед, ки дар як ноҳияи калон муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар муассисаи томактабие ҷойгир аст ва бо чунин ҳол чӣ қадар хонандаро фаро гирифта метавонад ва дар кадом сатҳ фаъолият менамояд, - гуфт М. Ғуломова. – Масалан, бо мақсади санҷиш аз чанд шаҳру навоҳӣ дидан кардем. Дар ноҳияи Хуросон 7 маҳфил амал мекунад: 4 маҳфил дар як мактаб ва 3 маҳфили дигар дар муассисаҳои дурдасти ноҳия. Ноҳияи баландкӯҳи Балҷувон ҳамагӣ 1 маҳфил ва 3 воҳиди корӣ дорад.

Яке аз сабабҳои дигари кори сусти муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар он аст, ки ҳар сол раисони созмонҳои талабагии муассисаҳои таълимӣ иваз карда мешаванд. Ин ваколат дар дасти директори муассисаи таълимӣ аст ва раиси созмони қаблӣ нав корро аз худ мекунад, ки ӯро иваз мекунад.

М. Ғуломова гуфт, дар бораи кадом пешрафт, бинои иловагӣ ва ё синфхонаву таҷҳизоти корӣ ҳарф мезанем, ҳангоме ки кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагии баъзе аз шаҳру ноҳияҳо (аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷомӣ) 2-3 моҳ боз маош нагирифтаанд. Мушкилоти иқтисодӣ дар пешрафти кори соҳа нақши созгор дорад. Ин ҳамаро мақомоти маҳаллӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо агар хоҳанд, метавонанд бартараф кунанд. Аммо намедонам ба кадом хотир ба муассисаи таҳсилоти иловагӣ эътибори ҷиддӣ дода намешавад.

Малика Шукурова, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, афзуд, ки барои ба даст овардани муваффақият дар ин соҳа корҳои зиёдеро метавон анҷом дод. Маҳз дар асоси барномаҳои давлатӣ ба соҳа таваҷҷуҳ бештар зоҳир бояд гардад ва ба монанди муассисаҳои томактабӣ зина ба зина мушкилиҳо ҳалли худро пайдо кунанд. Дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ маҳфилҳои зиёде амал мекунанд, ки қариб 5-7-тои он маҳфилҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Аъзо ва роҳбарони маҳфилҳои чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва амсоли ин ба мушкили дастраскунии маҳсулот мувоҷеҳанд ва гулдӯзиҳои омодагардида танҳо намоиш дода мешаванду халос.

Дар муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон 4 маҳфили пулакӣ ташкил гардид. Арзиши иштирок дар маҳфили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ 80 сомонӣ дар як моҳ аст. Дар ин маҳфилҳо кор ҷиддитар ба роҳ монда шудааст. Хонандагон низ ҳамарӯза бо завқу рағбати беандоза дар ин маҳфилҳо иштирок мекунанд.

С. АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш