Нашрияи Омӯзгор

«Девони Насимӣ»

Сана: 2019-12-19        Дида шуд: 203        Шарҳ: 0

 

Саид Имодаддин Насимӣ  адиб ва мутафаккири барҷастаи охири асри 14 ва аввали асри 15- и озарӣ буда, ҳамагӣ чилу ҳашт сол умр дидааст. Вай яке аз намояндагони бузурги илму адаби Шарқ шинохта шудааст. Насимӣ   офарандаи мактаби бузурги адабист.

Саид Имодаддин аввалин касест, ки ба забони озарӣ девони комилеро ба вуҷуд оварда, роҳи ноҳамвори каломи манзумро барои ҳамзабонони худ ҳамвор гардонид. Аз ин рӯ, муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ӯро яке аз поягузорону саромадон ва сарсупурдагони адабиёти  Озарбойҷон пазируфтаанд. Беҳуда нест, ки соли 2019 дар Озарбойҷон Соли бузургдошти Насимӣ эълон гардид.

Инак, ба муносибати 650 – солагии шоир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осори ӯ бо номи «Девони Насимӣ» бо кӯшиш ва эҳтимоми профессор Қурбон Восеъ ва доктори илми филологӣ Рухшона Восиева таҳия ва нашр гардид. Девон аз ғазалиёт, маснавию тарҷеъбанд ва дигар маҳсули адабии шоир таркиб ёфтааст.    

 

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш