Нашрияи Омӯзгор

Рушди саӣёҳӣ ва тарбияи худшиносӣ

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 360        Шарҳ: 0

 

Рушди саӣёҳӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, аз шароити иқлимию ҷуғрофӣ ва муҳити атроф вобаста буда, фарҳанги миллӣ, таърих ва осори этнографиро дар бар мегирад. Диққати одамонро бештар кӯҳҳо, кӯлҳо ва ё шаҳрҳои қадима ба худ ҷалб менамояд.

Пешрафт ва рушди саӣёҳӣ дар бозорҳои байналмилалӣ маълумотро дар бораи давлат зиёд менамояд. Дар давлате, ки бахши ҳамчун равзана ба ҷаҳон хизмат мекунад, он ба сифати оинаи мамлакат низ муаррифӣ мешавад. Сайёҳӣ ҳама маълумотро дар бораи давлат - табиат, фарҳанг, таърих, осори фарҳангӣ, таомҳо ва нӯшокиҳои миллӣ, мардум ва урфу одатҳои онҳоро фаро мегирад.

Асоси тиҷоратии бахши саӣёҳӣ ба афзалиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ низ мувофиқ мебошад ва бинобар ин, бахши мазкур яке аз беҳтарин соҳаҳо барои таъмини мувозинати устувории экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Пешрафти бахши сайёҳӣ ва мароқу рағбати хориҷиҳо, ҳамзамон ба баланд гардидани таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллӣ, ба ҷанбаҳои хубу шавқовари манзараҳои гуногуни кишварашон мусоидат менамояд. Ин, дар навбати худ, эҳсоси нави ифтихор бо мамлакат ва ё минтақаро тавассути эътироф намудани арзишҳои бузурги он ба вуҷуд оварда, ба рушди саӣёҳии дохилӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони маҳаллӣ кумак менамояд. Тоҷикистониён дар ҳудуди ватани худ саёҳат карда, онро бештар меомӯзанд ва қадр менамоянд. Дар аксар мамлакатҳо миқдори сайёҳони дохилӣ аз сайёҳони хориҷӣ зиёд аст. Ин ҳол барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба мамлакати худ, эътирофи баланди он ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ баромад менамояд.

Сайёҳиро, ҳамзамон, симои мамлакат низ номидан мумкин аст. Одамон дар хориҷи кишвар давлатро, пеш аз ҳама, аз рӯи имиҷи он ҳамчун мавзеи сайёҳӣ дар асоси гуфтугӯ бо сайёҳони ба мамлакат ташрифоварда мешиносанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти фарох дорад, ки худро ба ҷаҳониён тавассути гузоштани таассуроти нек ба сайёҳон муаррифӣ намояд. Дар бораи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар олами ғарб маълумоти кам вуҷуд дорад ва он маълумоте, ки одамон дар бораи кишвар медонанд, на ҳама вақт саҳеҳ аст. Сайёҳон аз сафари худ амният, меҳмоннавозӣ ва қаноатмандии баландро интизор мешаванд.

Рушди бахши сайёҳӣ, дар маҷмӯъ, ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ таъсири назаррас расонда метавонад. Он барои мамлакат на фақат ҳамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин, имкониятҳоро барои такмили тарафҳои дигари ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла ташкили ҷойҳои кории нав, мусоидат намудан ба болоравии шуҳрати байналмилалӣ, баланд гардидани ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамчунин, устувории иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, дар бахши сармоягузорӣ фароҳам меорад.

 

Зайнаб Искандарова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш