Нашрияи Омӯзгор

Қонуни манфиатбор

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 176        Шарҳ: 0

 

Таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ҳамагонӣ буда, пеш аз ҳама, нақши волидайн дар ин боб муҳиму бориз аст. Ҳамагон хуб медонем, ки соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияту падару  модар дар таълиму тарбия фарзанд» ба тасвиб расид, ки масъулияту уҳдадориҳои волидайнро дар роҳи омӯзишу тарбияи фарзандон мушаххас кард. 

Имрӯз бояд дарк кунем, ки таълиму тарбия танҳо кори мактаб нест, агар волидайн масъулият эҳсос накунанд, он самари дилхоҳ нахоҳад дод.  Дар моддаи 9 –и қонуни мазкур вобаста ба уҳдадориҳои волидайн дар самти омӯзиш, аз ҷумла,  чунин муқаррар шудааст:

«Ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оваранд ва ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  монеъ нашаванд. Инчунин, фарзандро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароити муносиб муҳайё намоянд ва риояи пӯшидани либосҳои расмии мактабиро аз ҷониби фарзанд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат намоянд.

Донишандӯзӣ ва иштироки фарзандро дар раванди таълим назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ оид ба таълими фарзанд мунтазам ҳамкорӣ намоянд. Дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ бо даъвати маъмурият тибқи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иштирок намоянд. Талаботи оинномаи муассисаи таълимиро, ки фарзандашон дар он ҷо таълим мегирад, иҷро намоянд».

Дарвоқеъ, қонуни мазкур дастури роҳнамо барои падару модарон буда,  уҳдарориҳои падару модаронро дар таълиму  тарбияи дурусти фарзандон муқаррар мекунад. Нақши қонуни мазкур дар баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ бағоят бузург аст. Дар соҳибкасбу соҳибмаълумот ва донишманд гардидани насли наврас ҳамкории густурдаи мактаб, падару модар ва ҷомеа муҳим буда, масъулияти тарафайн самари хуб хоҳад дод.

Мутаассифона, падару модароне ҳам ҳастанд, ки нисбат ба таълиму омӯзиши фарзандон бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамоянд, ки ин ба  беаҳамиятии фарзандон ба омӯзишу мутолиа боис мегардад. Аз фаъолияти омӯзиши фарзандонашон дар мактаб бехабаранд ва рӯзномаи фарзандонашонро назорат намекунанд ва ба мактаб робитаи қавӣ надоранд. Барои ин мебояд, ки дар  вохӯрӣ бо волидайн қонуни мазкурро мудом гӯшзад намуда, баҳри бартараф намудани мушкилоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ бидиҳем. Тамоми кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки наврасон соҳибмаърифату дорои ахлоқи ҳамида ва соҳибкасбу барои ҷомеаву давлат манфиатбор ба камол бирасанд. Мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки масъулиятамонро дар раванди таълиму тарбия бештар намоем. Зарур аст, ки қонуну санадҳоеро, ки дар соҳаи маориф қабул мешаванд, хуб омӯхтаву аз худ намоем ва ба аҳли ҷомеа бирасонем, то дар ҳамдастӣ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазо гузорем.

Маҳбуба ҲУСЕЙНОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш