Нашрияи Омӯзгор

Султони шаҳри тиб

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 311        Шарҳ: 0

 

Адиб ва рӯзноманигори варзида Диловар Мирзо дар қиссаи нави худ аз рӯзгори академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғиёсиддин Мироҷов ҳикоя менамояд. Қаҳрамони қисса дар пешрафти илми тиб хизмати арзандае кардааст. Асарҳои илмии ӯ на танҳо байни олимони кишвар, балки берун аз марзи он маълуму машҳуранд.

Порае аз асари мазкурро пешкаши хонандагон мегардонем.

Амаки Мироҷ соли сиюҳашт раиси колхоз интихоб шуд. Роҳбарӣ ба колхоз дар он шароит кори осон набуд, вале ӯ шикоят намекард. Мегуфт, ки Ватан ва давлат бовар кардаанд ба вай. Бовар, ки доранд, бояд кор кунем, сазовори ин боварӣ бошем.

Мардум гурусна мемонданд. Дар деҳот қувваи корӣ намерасид. Ҷавонҳо ба ҷанг мерафтанд. Дар деҳаҳо пирону тифлон мемонданд. Арӯсони армон дар дил ба ҷои гумкардаҳои хеш ба саҳро мебаромаданд. Дар равшании моҳи тобистон гандум медаравиданд. Агар шаб ба саҳни ҳавлӣ мебаромадӣ, аз ҳар дараи кӯҳи пешорӯи деҳа суруд хондани даравгарҳо ба гӯш мерасид, суруд не, нолаи пурдарди онҳо бо забони шеър баён мегардид. Дар суруди онҳо фоҷиаи болои халқи Шӯравӣ омада ифода мегардид...

 Онҳое, ки пои равон надоштанд, зориву тавалло мекарданд, ки беруни хона рӯи суфа ва ё болои бом ҷои хобашро партоянд. Ба нолаи дили даравгарҳо гӯш медоданду ашк мерехтанд. Барои ҳама мушкил буд. Тамоми заминҳои кӯҳу пуштаро ғалла кишт мекарданд. Дигар як ваҷаб замини холӣ ёфт намешуд, вале мардум гурусна буданд. Решаи алаф мехӯрданд, кунҷора мехӯрданд. Гандум ба фронт мерафт, гӯшт ба фронт мерафт, сарулибос ба фронт мерафт. Азоби гӯр мекашиданд, лекин ҳар як сокини деҳа мехост, ки ба аскарбачаҳои қаҳрамон туҳфае фиристад. Медонистанд, ки азоби аскарҳо аз онҳо бештар аст. Баъзе ҷанговарон аз фронт бармегаштанд: нафаре даст надошту дуюмӣ по. Аскари дигар нобино ё кару гунг буд... Онҳо қиссаи ҷанги Гирмонро ҳикоя мекарданд, мӯи бадани одам рост мешуд. Азоби мардуме, ки хонаашон ба майдони ҳарбузарб табдил ёфта буд, аз ин мардум сад бор бадтар будааст.

Шукр, ҳамааш гузашт. Мардуми кишвари паҳновар, ки бо чанд забон ҳарф мезаданд, ба ҳамдигар дӯсту бародар буданд ва ҳамдастию тифоқӣ барояшон зафар овард. Дӯстӣ ва ягонагӣ буд, ки Гирмони лаънатӣ бо он ҳама танку тӯпу самолётҳояш натавонист як давлати ҷавони сотсиалистиро маҳв кунад.

Рӯзи ғалаба низ марду зан ашк рехтанд. Ҳамдигарро ба оғӯш мекашиданду зор-зор мисли абри навбаҳор мегиристанд. Аммо ин гиряи шодӣ, гиряи зафар буд. Пирони рӯзгордида дар намозҳои хеш дуо мекарданд, ки Худованд ин рӯзҳоро ба ягон фарзанди одам насиб накунад.

Ҷанг тамом шуд, вале он қадар харобиҳоро мерос монд, ки ҳисобаш гум. Мардум бовар надоштанд, ки дар садсолаҳо ин харобаҳо дубора обод мешаванд. Одамони ҷаҳонгард аз кишварҳои Украинаву назди Балтик, аз Россия меомаданд ва бо ҳасрат дар бораи шаҳрҳои вайрону валангор қисса мекарданд. Ба Гирмону сарварони фашистон лаънат мехонданд. Аз қабристонҳои бешумор мегуфтанду мегиристанд...

...ғиёсиддин он рӯзҳои мудҳишро ёд надорад. Тифлаки навзод буд ва дар оғӯши гарми модар парвои ҳаводиси олам надошт. Ҳамаашро баъдтар аз забони калонсолон шунид. Занҳои ҷавони деҳа солҳои баъдӣ низ сари гаҳвора тифлакони хешро алла мегуфтанд ва ин рубоиҳои пур аз дардро мехонданд. Тифлакон ба пуштманзари суруд сарфаҳм намерафтанд, аммо овози ширини модар онҳоро ба оғӯши хоби маст мефиристод ва ғами дили модарон, ки ҷанги даҳшатзо аз онҳо бародару падарро рабуда буд, ҳамроҳи алла ва ашки аз чашмҳо ҷорӣ гардида, кам мешуд. «Шумо тифлони даврони ҷангед»- мегуфтанд калонҳо.  «Пою қадаматон муборак буд, ки ҳамон сол душман зарбаҳои миёншикан хӯрд. Аз сарзамини давлати паҳновари мо фирор кард. Дум хода карду гурехт. Аз он ғуруре, ки солҳои аввал дошт, нишон намонд...»

Пиразанҳо солиёни зиёд ба ҷои афсонаҳои пешин афсонаи ҷангро мегуфтанд. Дигар аз даҳшати деву ғул не, аз симои манфури Гитлеру ҳаммаслаконаш мегуфтанд. Аз ҷавонҳое, ки ҳанӯз аз сад гул як гулашон нашукуфта буду ҷони азизро сипари душман карда, ба шаҳодат расида буданд, мегуфтанд ва қатраҳои шӯри ашк рухсораҳоро тар мекард...

ғиёсиддин боре дар саҳифаи рӯзнома ё маҷаллае шеъри шодравон Лоиқ Шералиро хонд. “Духтари деҳ”  ном дошт он шеър. Пуштманзари навиштаҳои шоири бузург симои модар ва хешу ақрабояшро дид. қиссаҳои пиразанонро ба ёд овард.

Нарафтӣҷанг мисли духтари рус,

Набастӣ захмҳои аскаронро.

Накардӣ сила бо дастони гармат.

Тани аз тир маҷруҳи ҷавонро.

Валекин андаруни номаи худ.

Фиристодӣ ба ӯ рӯймоли алвон.

Ки дар рӯзи зафар бошад ба дасташ,

Ба мисли парчами сурхе парафшон.

 

Ба мавсими дарав шаббош рафтӣ.

Ба хирманҷойҳо бедор хуфтӣ.

Ба мисли гандуми пухта сари хам,

ғаму темори худ бо кас нагуфтӣ...

Шеърро дар танҳоӣ замзама мекард ва симои занони деҳа пеши назараш ҷилвагар мешуданд. Онҳо ба бачаҳои мактабхон аз рӯзҳои наҳс қисса мегуфтанд. Сурудҳои пурдарду аламро мехонданду ашки шашқатор бари рухсораҳои эшонро тар мекард. Ба шоир аҳсант хонд. Ӯ  симои занону духтарони даврони пур аз дарду ғамро он қадар моҳирона тасвир карда буд, ки  дилаш ба дард омад ва гиря банди гулӯ шуд...

Ман ба сурати зебову нуронии вай менигарам. Хеле барвақт мешиносам ӯро. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа барои идомаи таҳсил мо, ду-се нафар ба шаҳри Душанбе омадем. Рӯзҳое, ки барои имтиҳонсупорӣ омодагӣ медидем, дар хонаи як ҳамдиёрамон истиқомат доштем. Ва бори аввал ӯро дар хонаи ҳамшаҳриамон дидем. Ҷавони миёнақад, ки пайкари баҳодурона дошт. Сарулибоси шинам дар бар, сумка дар даст, чеҳрахандону болидахотир бо соҳибони хона суҳбат кард. Гуфтанд, ки ғиёсиддин Мироҷов аст, ки  дар  шаҳри Москва аспирантураро хатм карда омадааст. Олимони номдори рус ба вай таълим додаанд. Акнун дар як институти калон муовин шуда кор мекунад.  Бо ҳавас ба ӯ менигаристем ва дар як гӯшаи дил  ҳасад мебурдем. Кош, мо ҳам ба ин рӯз расем, мегуфтем ҳар кадомамон дар дил.

Худо раҳматаш кунад, Маҳмадрасул ном дошт соҳиби хона. Муҳандиси хонасоз буд. Ӯ дӯсти ин хонадон буд. Баъди аз хона рафтани ғиёсиддин Мироҷов акаи Маҳмадрасул моро ҳузураш хонд. Аз рӯзгори мардуми донишманд қиссаҳо гуфт. Табъаш хуш ва чеҳраи кушода дошт. Шояд суҳбат бо олими ҷавон дардашро кам карда буд.

(Давом дорад)

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш