Нашрияи Омӯзгор

Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» оғоз гардид

Сана: 2019-12-12        Дида шуд: 205        Шарҳ: 0

 

11 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия бо иштироки 127 нафар ғолиб аз тамоми минтақаҳои мамлакат ба кори худ оғоз намуд, ки то 14 декабр идома меёбад.

Раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода пеш аз оғози даври ниҳоии озмун бо иштироки ҳайати ҳакамон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва иштирокчиён ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дар кори ҷаласа раиси комиссияи озмун доир ба ҷадвали баргузории даври чорум ба иштирокдорон маълумоти муфассал дод.

Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» пеш аз ҳама, боло бардоштани завқи отифонаи насли наврас, ҷавонон ва умуман, оммавӣ гардонидани китобхонӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки маърифатнокии ҷомеа баланд гардида,  ҳамагон аз гузаштаву имрӯзаи хеш воқиф гарданд.

Сипас аз ҷониби раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҳайати Раёсат ва ҳайати ҳакамон муаррифӣ гардид.

Ба ҳайати раёсати озмуни мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим шомил мебошанд.

Дар номинатсияи 1: аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик раиси ҳакамон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим буда, ба ҳайати аъзои ҳакамон — Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, сармуҳаррири нашриёти «Адиб» Муҳтарам Ҳотам, Шоири халқии Тоҷикистон  Камол Насрулло, адабиётшинос, доктори илм, пофессор Аламхон Кӯчаров шомил мебошанд. Дар ин номинатсия 36 нафар иштирок мекунанд. Ин номинатсия дар толори ошёнаи 9 –и китобхонаи мазкур гузаронида мешавад.

Дар номинатсияи 2: аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик раиси ҳакамон, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад буда, ҳайати аъзои ҳакамонро Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод, шоира Раънои Мубориз, доктори илмҳои филологӣ Абдулҳай Маҳмадаминов, адабиётшинос Боймурод Шарифзода ташкил медиҳанд. Дар ин номинатсия 34 нафар иштирок мекунанд.

Номинатсияи мазкур дар толори ошёнаи 2 - и Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Дар номинатсияи 3: аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик раиси ҳакамон узви Иттифоқи нависандагон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Равшан Раҳмонӣ буда, ҳайати аъзои ҳакамон — нависанда Азизи Азиз, Шоири халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ, шоир Хайриддин Қурбонов, адабиётшиносон Саидраҳмон Саидов, Мирзо Солеҳов ба ҳунари 28 нафар иштирокчӣ баҳо медиҳанд.

Ин номинатсия дар толори ошёнаи 1-и китобхонаи мазкур гузаронида мешавад.

Дар номинатсияи 4: аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон раиси ҳакамон, мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода буда, ба ҳайати аъзои ҳакамон мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон  Марина Русакова, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳриддин Низомов, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳонии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Румиза Рамазонова, дотсенти кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қарор Нурқаев шомил мебошанд. Дар ин номинатсия 23  нафар иштирок менамоянд. Ин номинатсия дар  толори ошёнаи 3-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳамчунин, вақти баргузории озмун ҳамарӯза аз соати 09:00 оғоз гардида, то соати 18:00 идома меёбад.

Дар суҳбат бо мо сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Зубайда Раҷабова иброз дошт, «дар даври аввали озмун дар вилоят 600 нафар иштирок намуданд, ки 83 нафари онҳо ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Баъди гузаронидани даври сеюм 10 нафар ба даври чорум роҳхат гирифтанд.

Инак рӯзи дуюм аст, ки мо дар пойтахт - шаҳри Душанбе қарор дорем ва иштирокчиёни мо аз рӯйи чор номинатсия бо  омодагии ҷиддӣ ҳунарнамоӣ мекунанд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, иштирокчиён аз ВМКБ зиёда аз  600 китоб мутолиа намудаанд.

Президенти мамлакат 1 сентябри соли 2019 дар Рӯзи дониш, зимни суханронӣ дар Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «сатҳи китобхонӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беҳбудӣ мехоҳад. Моро зарур аст, ки наврасону ҷавононро пайваста ба китобхонию китобхонаҳо ҷалб намоем».

Раиси ҳакамони номинатсияи «Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон», мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикӣ-форсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода иброз дошт, ки «ин иқдоми Пешвои миллатро ҷомеа хуб қабул намуд. Имрӯз хуб мушоҳида мешавад, ки китобхонӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ба як ҳаракати сартосарӣ табдил ёфта истодааст».

Бояд тазаккур дод, ки комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва ҳайати ҳакамон аз рӯи меъёрҳои зерин ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон баҳо медиҳанд:

- шарҳи мухтасари асар;

- маълумот оид ба қаҳра-монони асосии асар;

- баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;

- озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;

- ҳунари ровигӣ ва нақлкунӣ;

- қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;

- дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;

- таассуроти довталаб аз хондани осор».

Инчунин, дар Низомномаи озмун барои баҳодиҳӣ ба истеъдоди довталабон то 10 хол муқаррар карда шудаааст:

«Барои хондани беҳтарин осори манзум бо шарҳу тавзеҳи луғатҳояшон 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол дода шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди нақлкунӣ, инчунин, тавзеҳи луғатҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 1 ё 2 хол дода шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.

Инчунин, ба ҳар як довталаб аз рӯйи осори пешниҳодшудаи банди 21  10 савол дода мешавад ва барои ҷавоби дуруст ба ҳар як савол якхолӣ мегузоранд. Ба ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад».

Шоҳҷоизаи озмун 50000 сомонӣ буда, ба довталабе дода мешавад, ки аз миқдори чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъбасти озмун охирҳои моҳи декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо шукӯҳи хосса гузаронида мешавад.

 

АМИТ «Ховар»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш